• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КАСБИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
БА НОМИ  АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

  Зиёдшавии талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба мутахассисони баландихтисоси тиббӣ, ташкили соҳаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ, таъмингардии муассисаҳои тиббию профилактикӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ вазифаҳои навро  дар ташкили такмили ихтисоси кормандони тиб гузоштанд ва дар натиҷа системаи вуҷуддоштаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз нав дида баромада шуд. Аз ин лиҳоз бори аввал дар ҷумҳурӣ соли 1959  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино факултети такмили ихтисоси духтурон ташкил карда шуд ва роҳбарии онро то соли 1965 академик Тоҷиев  Комил Тоҷиевич ба ӯҳда дошт.                                                                                                                         
  То ин вақт кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар такмили ихтисос менамуданд. Раванди такмили ихтисос сараввал дар 22 кафедраи тахассусӣ ва 8 курси мустақил таъсис дода шуданд. Аз соли 1959  то соли 1993 бо курсҳои такмили ихтисос аз рӯи  27 тахассус  зиёда аз 16 ҳазор  мутахассисон фаро гирифта шуданд. Дар заминаи факултети такмили ихтисос соли 1993 Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии   кормандони тиббӣ Тоҷикистон ташкил ёфт.                                                                                        
  Мутобиқи ”Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ  ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10. с.2008, №512 тасдиқ шудааст мутахассисони тиббӣ ва фармасевтии дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ӯҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи такмили ихтисоси баьдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ё Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз курси такмили ихтисос ва пас аз он аз аттестатсия гузаранд.
  Аз ин лиҳоз дар Шӯрои олимони ДДТТ  ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 30.10. с.2008, протоколи №3 масьалаи мазкур баррасӣ гардид ва нисбати дар назди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташкил кардани Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тиб қарор қабул карда шуд.
  Солҳои охир роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо кӯшишу заҳмати худ дар муҳайё кардани шароити мусоид нисбати беҳтар намудани сифати ҷараёни таълим, ташкил намудани базаи пурқуввати моддию техникӣ, омода намудани барномаҳои таълимии тодипломию баъдидипломии ҷавобгӯи талаботи ҳозиразамон, ташкили китобхонаи электронӣ, таъминоти пурра бо адабиёту дастурҳои таълимӣ, компютеркунонӣ ба муваффақиятҳои назаррас зафарёб гаштааст.
  Дар қатори фаъолияти таълимӣ, фаъолияти илмию муолиҷавии кормандони донишгоҳ низ назаррас мебошад. Дар сохтори донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти донишгоҳ Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимию клиникии "Стоматология”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ бо озмоишгоҳи навтаъсиси ҳуҷайраҳои(селюлаҳои) бунёдӣ таьсис дода шудааст. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки сатҳи дониш ва маҳорати касбии  шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ба сатҳи рушди илм аз рӯи ихтисосашон мувофиқат намояд.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                          
  Аз ин лиҳоз яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ ин такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи тиббӣ мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ин такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар мебошад, ки ин саҳми арзандаи худро чӣ дар баланд намудани сифати тайёр кардани мутахассисон ва чӣ дар баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мегузорад.

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Ноябрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия