• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту бас,
Лек то ҳафтод пушташ бӯи Сино мекунад.

ТАЪРИХИ ФАКУЛТАИ ФАРМАТСЕВТӣ

Барои бо кадрҳои баландихтисоси дорусозӣ таъмин намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1981 дар назди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултаи дорусозӣ таъсис ёфт. Ҳамон солҳо дар Ҷумҳурӣ ҳамагӣ 400 дорухона ва 1000 бундгоҳи доруӣ, як фабрикаи фармасевтӣ ва якчанд корхона ва муассисаҳои хурди Тоҷиклекраспром амал мекарданд ва ба кадрҳои дорои маълумоти олии фармасевтӣ эҳтиёҷ доштанд.
То соли 1981 тайёр намудани кадрҳои фармасевтӣ дар Тоҷикистон дар базаи шӯъбаҳои фармасевтии омӯзишгоҳҳои тиббӣ амалӣ мешуд, ки ин талаботи Ҷумҳуриро бо кадрҳои фармасевтӣ қонеъ карда наметавонист.
То таъсис ёфтани факултаи фармасевтӣ мутахассисони дорои маълумоти олии фармасевтӣ берун аз марзи ҷумҳурии Тоҷикистон дар базаи институти фармасевтии Харков, институти фармасевтии Пятигорск, Институти фармасевтии Тошкент ва дигар шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тайёр карда мешуд. Моҳи октябри соли 1980 дар маҷлиси кушоди ректорати ДДТТ дар бораи созмон додани комиссияи ташкилӣ, ки вазифаҳои он омӯзиши имкониятҳои таъсиси факултаи фармасевтӣ дар Институт буд, қарор қабул карда шуд. Шахсони мутасаддӣ дар бахшҳои зерин таъин шуданд: таъминоти материалӣ-техникӣ (Я.Н. Розенберг); тартиботи умумитиббӣ ва технологияи доруӣ (Г.Л. Медник); ботаника, фармакогнозия, асосҳои кимиёи биологии растанӣ (Назаров М.Н.); кафедраи кимиёи токсикологӣ (А.Ғ. Ғоибов); ташкил ва иқтисоди фармасия (А.К. Анваров), ташкили раванди хониш, тартиб додани нақшаҳои корӣ (В.И. Шкирдова); асосҳои математикаи олӣ, физика ва ороиши техникӣ (У. Орифхоҷаев); молшиносии тиббӣ, мудофиаи гражданӣ ва омодагии тахассусӣ (Н.С. Самадов). Роҳбари умумии фанҳои кимиё ба профессор Собиров С.С.- мудири кафедраи кимиёи тиббӣ мутааллиқ буд.
Деканхои факултет

Чахонгиров А.Ч.
(1981-1982)

Пашаев К.П.
(1982-1984)

Хаитов И.Х.
(1984-1986)

Максудова З.Г
  (1987-1995)

Халифаев Д.Р.
  (1995-1997)

Курбонов С.С.
(1997-2005)

Исупов С.Ч.
  (2005-2008)

Хакназарова М.А.
 (2008-2010)

Холов А.К.
(2010-2011)


Холов Ё.К.
(аз соли 2011)



Кафедраи  аввалини тахассусӣ соли 1983 ташкил шуд, ки технологияи шаклҳои доруӣ ва фармакогнозия (мудир И.Ҳ. Ҳаитов) ном дошт.
Ин кафедра соли 1984 ба кафедраҳои фармакогнозия, ташкил  ва иқтисоди фармасия, кимиёи фармасевтӣ (мудир И.Ҳ. Ҳаитов) ва технологияи шаклҳои доруӣ ва фармакология (мудир Д.Р. Халифаев) тақсим шуд. 
Соли 1985 кафедраи сеюми тахассусии факулта кимиёи дорусозӣ, таҳлилӣ ва заҳршиносӣ  (мудир Л.В. Песахович, алҳол Раҷабов У.Р.) ташкил шуд. Алҳол мудирии кафедраҳои тахассусии факултаро  Назаров М.Н., Раҷабов У.Р. ва Халифаев Д.Р. ба уҳда доранд.
Аввалин декани факулта дотсент Ҷаҳонгиров А.Ҷ.(1981-1982) буд ва солҳои баъдина профессор Пашаев К.П. (1982-1984), дотсентҳо Ҳаитов И.Ҳ. (1984-1986), Мақсудова З.Г.(1987-1995), Халифаев Д.Р. (1995-1997) ва доктори илми тиб Қурбонов С.С. (1997-2005), Исупов С.Ҷ. (2005-2008), Хаќназарова М.А. (2008-2010) сарварии факултаро ба уҳда доштанд. Соли 2010-2011 сарварии факултаро Холов А.К. бар ӯњда доштанд. Аз соли 2011 то имрӯз сарварии факултаро Холов Ё.Ќ  ба ӯњда доранд.
Солҳои аввали таъсисёбии факулта ҳайати муаллимон ва профессорон ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Таҳлилгарони соҳибтаҷриба Давлатқадамов С.М., Пулодов Н.П., Ризоев Ф.П. ва дигарон дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо кору фаъолият мекарданд. 
Солҳои баъдина ин масъала тавассути дасгирии институти якуми тиббии Маскав ба номи И.М.Сеченов, институти илмӣ-тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустии СССР ва Институти химикофармасевтии шаҳри Ленинград роҳи ҳалли худро ёфт. Баъди дифои рисолаи номзадӣ аввалин хатмкардагони аспирантура Ҷурабек Юсупов, Рустам Ясинов, Давлат Халифаев, Земфира Мақсудова ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданд.
Мо хизмати аввалин муаллимон ва ташкилкунандагони факулта Собиров С.С. , Нарзулоев С.С., Сабурова А.М., Шукуров Ф.А., Халифаев Д.Р., Исмоилов Ҷ.И., Назаров М.Н., Ҳаитов И.Ҳ., Губерман С.А., Газиева М.Т., Ясинов Р.Қ., Мирзоева Х.Г., Сверчкова Т.И., Матвеев В.М., Файзилов И.У. ва дигаронро ҳаргиз фаромуш нахоҳем кард.
Ба иқтисоди бозорӣ гузаштани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла соҳаи дорусозӣ дар назди факулта оид ба тайёр намудани кадрҳо масъалаҳои нав гузошт.    
Ҳамин тавр, тамоилҳои дар бозори доругии Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омада,  системаи муосири идораи сектори фармасевтии тандурустӣ, навоварӣ ва истифодаи маводи доруӣ ба тағйиротҳои куллӣ дар факултаи дорусозӣ оварда расонид. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1- уми ноябри соли 2004 таҳти рақми 423 консепсияи ислоҳоти маълумоти тиббӣ ва фармасевтӣ қабул  шуд, ки мувофиқи он дар базаи факултаи фармасевтии ДДТТ тайёр намудани мутахассисони фарматсевт – технолог, фарматсевт – аналитик, фарматсевт – муолиҷакор, фарматсевт – магистр ба нақша гирифта шуд.
соҳаҳои тадқиқот ба бемор дар шароити беморхона мебошад. Фаъолияти фарматсевт – технолог маҳсуб ба таъмини технологияи тайёр намудани маводи доруӣ дар асоси ресепти духтур ва талаби муасиссаҳои муолиҷавию профилактикӣ мебошад. Фаъолияти амалии фарматсевт – технолог низ бо функсияи технологии идоракунӣ ва таъмини равандҳои технологӣ дар истеҳсоли васоити доруӣ вобаста аст. 
Нақши фарматсевт – аналитик дар назорат ба сифати маводи доруӣ дар асоси стандартҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Кори фармасевт – муолиҷакор ба истифодаи васоити клиникии таъмини ратсионалии маводи доруӣ дар асоси таҳқиқотҳои мушаххаси фармакокинетикӣ, биофармасевтӣ ва дигар
Фаъолияти тахассусии фарматсевт – магистр аз функсияи идоракунӣ иборат буда, равандҳои гирдоварӣ, коркард ва интиқоли ахбор ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти фармасевтӣ мебошад.
Асоси маълумоти олии фармасевти маҷмӯи фанҳои кимиёӣ, тиббӣ биологӣ ва фанҳои махсуси фармасевтӣ: фармакогнозия, технологияи доруӣ, кимиёи фармасевтӣ, ташкил ва иқтисоди  фармасия мебошад.
Дар 26 соли фаъолият факултаи фармасевтӣ 1060 нафар мутахассисони ватанӣ ва хориҷиро тайёр намудааст, ки онҳо дар хориҷи кишвар - ИМА, Руссия, Украина, Покистон, Ҳиндустон ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ кору фаъолият мекунанд. Инҳо Илназаров Ф.О., Асоев М.Н., Носиров Н., Имомбердиев Ф., (Фармасевтҳои бемарз); Исупов С.Ҷ., Абдулазизов С.Х., Одинаев Х. (ВОЗ); Маъруфов А.Г., Саидаҳмадов С., (Лоиҳаи дигаргунсозии системаи Тандурустии ҶТ - Бонки рушди Осиё); Маҳмудова М.Ш.  ва Раҳмонова З. (Лоиҳаи НОРЕ); Ҷаъфаров А., Анварова Д, Мақсудова Н. (Здрав Плюс); Шерзамонова Н., Элназарова Н (Хазинаи Оғохон); Саидова Г. (ЕСНО); Музаффарова Н. (MSF), Холматова Р. (UNODС); Султонова М. (ОБСЕ); Алҳол дар факулта зиёда аз 300 - нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. 
Машғулиятҳо дар 22 – кафедра бурда мешавад. Кафедраҳои технологияи маводи доруӣ, фармакогнозия ва ташкили иқтисоди фармасия, кимиёи фармасевтӣ ва токсикологӣ, фармакология кафедраҳои тахассусӣ ба шумор мераванд.
Дар қатори ин аз дигар кафедраҳо донишҷӯён имкони гирифтани дониши мукаммал аз, кимиёи биологӣ, микробиология, физиология, анатомия, забони англисӣ, забони лотинӣ, этика, биофизика, математикаи олӣ, яъне зиёда аз 31 фанро доранд. Аз ҳисоби хатмкардагони факулта 1 – нафар доктори илмҳои фармасевтӣ (Исупов С.Ҷ.), 4 - нафар номзади илмҳои фармасевтӣ (Мусоев С.М., Холназаров Б.М., Нидоев С.Н., Ёқубов Р.), 4 - нафар номзади илмҳои биологи (Отабекова С.Г., Ғиёсов А.Ш., Холов А.Қ., Ғафуров А.), 1 нафар номзади илмҳои тиббӣ (Сайфуллоев Ф.Ф.), 1 нафар номзади илмҳои техникӣ (Исупов С.Ҷ.) ва як нафар номзади илмҳои кимиё (Сангов З.). дорои дараҷаи илмӣ мебошанд
Факултаи фармасевтӣ бо кадрҳои соҳибистеъдоду баландихтисоси хеш--  Исупов С.Ҷ., Мусоев С.М., Сайфуллоев Ф.Ф., Холов А.К., Холназаров Б.М., Мингбоев Л.К., Нидоев С.Н., Сангов З.Г., Абдулазизов С.Х., Маъруфов А.Г., Ҷамшедов Ҷ.Н., Ҷалилов С., ки имрeзҳо барои пешрафти соҳаҳои гуногуни фармасияи Ҷумҳурӣ кору фаъолият мекунанд ифтихор мекунад. 
Бояд қайд кард, ки соли 2006 бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ ба муносибати 25-солагии факултаи фарматсевтӣ дар мавзуи «Дастовардҳо ва самтҳои асосии рушди бахши фарматсевтии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар конференсия намояндагони мамлакатҳои зерин: Дания, Малта, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон иштирок карданд. Мақолаҳои илмии конференсия дар замиммаи маҷаллаи «Паёми Сино»  (рақами 1-2, 2006 сол) чоп шуд. Шумораи мақолаҳои чопшуда 159 ададро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 70-то аз донишгоҳи тиббӣ, 38-то аз дигар муасиссаҳои Ҷумҳурӣ, 20-то аз Қазоқистон, 17-то аз Узбекистон, 11-то аз Россия ва 3-то аз Қирғизистон мебошанд.
Алҳол масъалаҳои ҳалталаб оиди тайёр намудани кадрҳои фармасевтӣ зиёданд. Инҳо таъмин намудани раванди хониш бо нақша ва барномаи муосири таълим ва адабиёти таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити таълим ва таъминоти техникии кафедраҳои тахассусӣ, бо кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба пурра намудани ҳайати муаллимон ва профессорони кафедраҳо ҳисоб мешаванд.
Ниёгони басо арҷманди мо дар тули қарнҳо бо меҳнати софдилонаи хеш оид ба саломатии мардум ҷонфидоӣ кардаанд ва дар ин ҷода қуллаҳои баландро фатҳ намудаанд, таҳти шиори «Мушобеҳи дорухона» кору фаъолият намудаанд. Вазифаи мову Шумо идома додани кори падарон ва бо меҳнати поку беолоиш, қалби поку беғаш ва бо чашми шоҳинвор тезбин ному шаъну шарафи фармасевтро нигаҳ доштан аст. 

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия