• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Шӯъбаи таълим
  Шӯъбаи таълим яке аз ҷузъи асосии қисми таълим буда,  вазифаҳои асосии шӯъбаи таълим ташкил ва идора кардани раванди таълим ва фаъолияти таълимию методии донишгоҳ баҳри татбиқи барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагӣ вобаста ба литсензияи давлатӣ, ҳамчунин ба танзим даровардани сарбории таълимӣ ва бастҳои кафедра, ташкил ва ҳамоҳангсозии сохторҳои донишгоҳ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ (тиббӣ) ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои асосии таълимии донишгоҳ: барномаҳои таълимии касбӣ, нақшаҳои таълимӣ, нақшаҳои кори таълимӣ ва ҷадвали раванди таълим ба ҳисоб мераванд.
  Шӯъбаи таълим   тибқӣ нақшаи кории шӯъба  фаолият менамояд. Фармонҳо ва ҷадвали имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии зимистона ва тобистонаро тариб медиҳад. Ҷадвали дарсии 5-руза барои курсхои 1-3 ва 6-руза барои курсхои 4-6-и ҳамаи факултетхо барои семестри тирамоҳӣ ва баҳоронаи соли таҳсилро бо дарназардошти дархосту пешниҳодҳои деканатҳо ва кафедраҳои донишгоҳ таҳия намуда, ба деканатҳо, кафедраҳо ва донишҷӯён дастрас менамояд.
  Миқдори гурӯҳҳо ва теъдоди донишҷӯёнро дар гурӯҳҳо муайян намуда, бо деканатҳо гурӯҳҳои академӣ барои ҳар соли таҳсил    ташкил менамояд. Мақсади аз нав дида баромадани гурӯҳҳо дар он аст, ки дар донишгоҳ сарбории таълимӣ ба низом дароварда шавад ва фазои таълимии сезабона нигоҳ дошта шавад. 
  Ҷадвал ва фармонҳои комиссияҳои имтиҳонҳои гузариши давлатӣ ва ҷории сессияи имтиҳонии зимистона ва тобистонаро  таҳия менамояд. Дар ҷараёни имтиҳонҳои сессияиҳои имтиҳонӣ иштирок намуда, ҷараёни имтиҳонҳоро назорат карда, натиҷаҳои онҳоро  ҷамъбаст ва таҳлил намуда, ҳисоботҳои   омориро   омода месозад.
  Шӯъба    санҷишҳои   нақшавӣ   ва ғайринақшавӣ дар кафедраҳо оид ба риоя намудани интизоми меҳнатии кормандони кафедраҳо, ҷадвали дарсӣ, дарсшиканӣ, дарсвайронкунӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, сатҳу сифати дарсгузаронӣ ва хондани лексияҳоро пайваста мегузаронад. 
  Барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва объективона муайян кардани донишандӯзии донишҷӯён дар кафедраҳо санҷиши сатҳу сифати дарсазхудкунӣ  ғайр аз ба тариқи  анъанавӣ, инчунин  ба тарики пурсишномаҳои тестӣ ва хаттӣ  ба роҳ монда шудааст ва  кор дар ин самт давом дорад. Инчунин васеъ истифода бурдани усулҳои муосири интерактивии таълимӣ  ҳангоми хондани лексияҳо ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ бо истифода аз технологияи компютерӣ дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ вусъат бахшида, ҷараёни онро назорат менамояд.
  Шӯъбаи таълим якҷоя бо барномасозон Сафаров Илҳом,   Абдуллоев Саидхоҷа, Ҷаборов Сарвар ва сардори шӯъбаи кадрҳо Хидирова А.М. барномаи Пойгохи маълумотии донишчуёни донишгоҳро ташкил намуда, пайваста барои  мукаммал гардонидан ва ворид сохтани тағироту иловаҳо фаъолият намуда истодаанд.  
  Ҳамасола ҳисоботи солони фаъолияти таълимию методии ҳамаи кафедраҳои  донишгоҳро қабул намуда, фаъолияти солонаи онҳоро таҳлил карда, дар ҷаласаи раёсати донишгоҳ ҳисобот доир ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти солонаи таълимии кафедраҳо пешниҳод менамояд. 
  Барномаҳои комютерию автоматизатсиякунонидашуда ва нусхаи электронии маводҳои таълимие, ки дар назди Шӯъбаи таълим фаъолият менамоянд:
1.Барномаи маълумотии «Пойгоҳи маълумотии донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино».
2.Барномаи «Сарборӣ ва воҳидҳои кории  ҲПО ва КЁТ».
3.Барномаи «Имтиҳони давлатии хатмкунӣ».
4.Барномаи «Давомоти донишҷӯёни донишгоҳ».
5.Барномаи «Таҳлили натиҷаи сессияҳои имтиҳонӣ-Формаи 34» 
6.Барномаи «Маълумотномаҳои академӣ».
7.Нусхаи электронии лексияҳо.
8.Нусхаи электорнии саволномаҳо барои имтиҳонҳои тестӣ.
9.Нусхаи электронии малакаҳои амалӣ ва саволномаҳо барои имтиҳони давлатии  хатмкунӣ.
  Дар назди шӯъбаи таълим Гурӯҳи назорати сифати таҳсилот мутобиқи назомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  фаъолият менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ мусоидат менамояд.

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия