• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалиӣ

Шӯъбаи равобити байналмилалӣ (ШРБ) ҷузъи сохтории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, ташкил ва ҳамоҳангсозии таълими шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони мамолики Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ, инчунин самтҳои гуногуни ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳро амалӣ месозад.
Шӯъбаи  робитаҳои байналмилалӣ соли 1979 таъсис ёфтааст, ки тавассути он то имрӯз намояндагони зиёда аз 35 давлати дунё дар донишгоҳ таҳсил намуда, бештар аз  800 нафар шаҳрвандони хориҷӣ  онро хатм кардаанд.  Ҳамчунин, дар донишгоҳ 34 ординатори клиникӣ, 4 коромӯз ва 3 номзади илм тайёр карда шуда, зиёда аз 700 шунавандагони хориҷӣ дар шӯъбаи тайёрӣ таҳсил намудаанд.
Фаъолияти ШРБ - ташкил намудан ва ҳамоҳанг сохтани иштироки Донишгоҳ дар барномаҳои ҳамкорихои байналмилалӣ, ки ба баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ, рушди робитаҳои ҳамкориҳои самаранок бо муассисаҳои тиббӣ, макотиби олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ маҳсуб мешаванд.
   
Вазифаҳои асосии ШРБ инҳоянд:

•    Ҳамоҳангсозӣ,   ҳуҷҷатнигорӣ   ва   амалӣ   сохтани   лоиҳаҳои   ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ, факултетҳо ва кафедрахои он бо шарикони хориҷӣ;
•    Пайдо кардани шарикони хориҷӣ ва самтҳои нав барои ҳамкориҳо, таҳия намудани пешниҳодҳо ва чорабиниҳо оид ба инкишоф додан ва мустаҳкам кардани робитаҳои хориҷӣ;    ,
•    Ташкил намудани гуфтушунидҳо, таҳия намудани шартномаҳо, созишнома ва барномаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии иҷроиши онҳо;
•    Сари вақт таъмин намудани тамдиди раводидҳо ва назорат кардани воридшавии шаҳрвандони хориҷие, ки ба ДДТТ барои таҳсил, коромӯзӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ, чорабиниҳои фархангӣ ва барномаҳои мубодила даъват карда шудаанд;
•    Ташкил намудани таълими донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо ва коромӯзони хориҷӣ, ки тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ ва байнидонишгоҳӣ, ҳамчунин ба таври инфиродӣ ба ДДТТ меоянд;
•    Амалӣ сохтани коммуникатсияи байналмилалии донишгоҳ, татбиқ намудани барномаи таҳсили иловагӣ, табодули фарҳангӣ ва ҷавонон;
•    Дастгирии техникӣ дар ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ дар заминаи Донишгоҳ;
•    Амалӣ намудани кӯмаки машваратӣ ва кӯмакҳои дигар ба сохторҳо ва кормандони донишгоҳ;
•    Ҷалб намудани устодони хоричӣ барои иштирок дар раванди таълими ДДТТ;
•    Мониторинг ва пешниҳод кардани ҳисоботи натиҷаи фаъолияти байналмилалии донишгоҳ.



I.    Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар самти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар кишвари мо кор бурда, барои инкишоф додани ин робитаҳо ҳаматарафа  кӯшиш менамояд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ин ба роҳ мондани робитаҳои судманд ва ҳамкориҳо бо сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд, мебошад. Дар ин самт шӯъба фаъолона кор бурда, аз ҷумла бо сафоратҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷопон, Туркия, Туркманистон,  Қазоқистон,  Қирғизистон  ва ғайраҳо робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Дар баробари ин, дар айни ҳол бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Дафтари кории Швейтсария оид ба рушд, Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GTZ), Фонди Глобалӣ, Фонди Сорос, DAAD, ТЕМПУС, МАГАТЭ, МНТЦ, UNFPA ва ғайраҳо ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст. Дар чорчӯбаи ин ҳамкориҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ баҳри  ташкил намудан ва гузаронидани семинару симпозиумҳо, маблағгузории сафарҳои хизматии кормандони донишгоҳ амалӣ карда мешаванд. 
Ҳамасола ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз 3 то 4 млн. сомони амалӣ мегардонад.

II.    Шароити таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДТТ
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рисолати тайёр намудани мутахассисони хориҷиро дар асоси қарори коллегияи Вазорати маорифи ҶТ, таҳти №7\9 аз 30 марти соли 2007 оид ба Қоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва «Низомнома оид ба қабул ва таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино», ки  дар Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардонад.

НИЗОМ, ШАРТҲОИ ҚАБУЛ ВА МӯҲЛАТИ ТАҲСИЛИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӣ

1.    Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тавассути сӯҳбат амалӣ мегардад; аъзои комиссияи қабул аз ҷумлаи намояндагони факултетҳо, кафедраҳои назариявӣ ва забонҳо, ки аз тарафи Ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешаванд, тартиб дода мешаванд.

Имтиҳонҳо барои қабул ба курси аввал то 28 август сурат мегирад.

Қабули шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси фармони ректори ДДТТ пас аз гузаронидани сӯҳбат ва имзо намудани шартномаи дутарафа байни ректори ДДТТ ва шаҳрванди хориҷӣ ва пардохти пурраи маблағи муқарраргардидаи таҳсил то 30 октябр, сурат мегирад. Дар ҳолати вайрон намудани мӯҳлати муқарраршудаи пардохти маблағи таҳсил, шаҳрванди хориҷӣ аз сафи донишҷӯён хориҷ карда мешавад.

Баъд аз қабули расмӣ ба сафи донишҷӯён шаҳрвандони хориҷӣ бояд тамоми шартҳои шартномаи имзошударо иҷро намуда, барои риоя намудани тамоми қоидаҳои таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳ саъйю кӯшиш намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки нисбати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона рафтор намуда, муқаррароти мавҷударо оид ба зиндагонии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд.

2.    Таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар асоси шартнома амалӣ мегардад:

•    тариқи пардохти шахсӣ;
•    пардохт аз тарафи ягон ташкилот, ё ин ки бо истифодаи дигар воситаҳо;
•    ба тариқи буҷавӣ тибқи квотаи байниҳукуматӣ мувофиқи дастурҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•    мутобиқи шартномаи имзогардида байни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пуҳантуни тиббии Кобул, маблағи таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба миқдори 25% кам карда шудааст.

3.    Дар шӯъбаи тайёрӣ шаҳрвандони хориҷӣ ба тариқи зайл ба таҳсил қабул карда мешаванд:

o    Мӯҳлати таҳсили 4 моҳа  –  бо арзиши 500 доллари  ИМА
o    Мӯҳлати таҳсили 8 моҳа  –  бо арзиши 1000 доллари  ИМА

Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба курсҳои тайёрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино то 30 ок¬тябр, танҳо пас аз пардохти пешакии маблағи таҳсил ва имзо гардидани шартнома барои муддати муайяншудаи таҳсил, амалӣ карда мешавад.

4.    Таҳсили тодипломии олии тиббӣ ва фармасевтӣ дар факултетҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  Факултет, мӯхлат ва маблағи таҳсил (долл. ИМА)
Факултети тиббӣ (мутахассис)                          6 сол       3000-3500 $
Факултети тиббӣ (бакалавр)                              5 сол        3000-3500$
Факултети стоматологӣ                                      5 сол       3000-3500$
Факултети фармасевтӣ                                       5 сол       3000-3300$
Факултети нигаҳдории тандурустии ҷомеа    5-6 сол    2000-2200$

5.    Таҳсил бо забонҳои зерин сурат мегирад:
Забони англисӣ (курсҳои 1-3),  Забони русӣ Забони тоҷикӣ

Қабул ба гурӯҳҳое, ки дар онҳо омӯзиш бо забони англисӣ сурат мегирад, аз рӯи меъёри аз тарафи раиси комиссияи қабул муайянгардида, бо назардошти имконияти донишгоҳ дар ҳар соли таҳсил, амалӣ карда мешавад.  
Дар ҳолати донистани забони тоҷикӣ (форсӣ) шаҳрвандони хориҷӣ имконият доранд, ки пас аз супоридани имтиҳонҳои қабул тибқи муқаррароти умумӣ бе таҳсил дар шӯбаи тайёрӣ ба гурӯҳҳое, ки омӯзишашон бо забони тоҷикӣ сурат мегирад, дохил шаванд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши таҳсил бо забони русӣ доранд, ба сафи донишҷӯён пас аз хатми шӯъбаи тайёрӣ, дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои хатми шӯъбаи тайёрӣ қабул карда мешаванд.

ҲУҶҶАТҲОИ АСОСИЕ, КИ  БОЯД АЗ ТАРАФИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӣ БА КОМИССИЯИ  ҚАБУЛИ ДДТТ ПЕШНИҲОД КАРДА ШАВАНД:

    Аризаи шахсӣ ба номи ректор (анкета оид ба қабул ба таҳсил) бо нишондоди ихтисоси интихобшуда ва шакли таҳсил;
    Ҳуҷҷати аслии таҳсилот, ки ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилот баробар аст (Шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот), бо натиҷаи баҳоҳо, тасдиқи тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ва ё русӣ бо тартиби муқарраргардида;
    Шаҳодатномаи намунаи муқарраршуда дар бораи бо муввафақият хатм намудани курсҳои тайёрии пеш аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ё шӯъбаҳои тайёрии яке аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки  ба рӯйхати расмии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, ки тайёрии пеш аз муассисаи таҳсилоти олии донишҷӯёни хориҷиро амалӣ мегардонад;
    Маълумотномаи тиббии намунаи муқарраршуда, ки набудани бемории аломати масунияти бадан (СПИД)-ро шаҳодат медиҳад ва дар он  қайди махсус гузошта шуда, аз тарафи идораи расмии нигаҳдории тандурустӣ тасдиқ шудааст (маълумотномаи аслӣ пешниҳод карда шавад);
    Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба курси 1-ум дохил мешаванд;
    Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти пурра ва инчунин маълумотномаи академӣ (ва ё диплом) дар бораи таҳсилоти олии нопурра, ё диплом дар бораи таҳсилоти касбии зинаҳои гуногун барои дохилшавандагони курси 2-юм ва курсҳои минбаъда;
    Нусхаи шиноснома бо раводид ва қайди амалкунанда (ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан), корти муҳоҷирӣ, 10 дона сурати  3х4 барои виза.    
                     
Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ба комиссияи қабул пешниҳод карда мешаванд, бояд аввалан ба забони тоҷикӣ ва ё русӣ тарҷума карда шуда, аз тарафи мақомоти нотариалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда бошанд. Шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот, ки аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешавад, бояд ҳамроҳи дигар ҳуҷҷатҳо ба комиссияи қабули ДДТТ пешниҳод карда шавад.
        
III.    Таъмини тамдиди раводидҳо ва назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ
Дар бахши раводид ва ба қайд гирифтани донишҷӯён ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои судманд ба роҳ монда шудааст.
Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ барои дохил шудан ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бояд аризаи худро ба номи ректори донишгоҳ пешниҳод намояд. Баъд аз қабул шудани ариза аз тарафи ректор, ШРБ ҳуқуқи фиристодани даъватномаро ба зимма мегирад. Дар асоси даъватнома тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар хориҷи кишвар шаҳрвандони хориҷӣ раводиди (визаи) таҳсилӣ ба даст оварда, вориди Тоҷикистон мегарданд. Шаҳрвандони Руссия, Белоруссия, Қазоқистон ва Қирғизистон дар асоси шартномаҳои дутарафаи байниҳукуматӣ бе раводид метавонанд вориди Тоҷикистон гарданд.
Бақайдгирӣ, назорат, таъмини тартиботи ҳаракат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шароитҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои қабулкунанда, яъне муассисаҳои таълимӣ бояд, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба низоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №231, аз 1-уми феврали соли 1996, тасдиқ гардидааст ва  «Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 218, аз 15-уми майи соли 1999 тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд.
Ҳуҷҷатҳои муҳассилини хориҷӣ ба Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ супорида шуда, барои онҳо қайди солона танзим карда мешавад. Барои донишҷӯёне, ки барқарор ва қабул шудаанд, қайдҳои муваққатӣ танзим  карда мешаванд. Мувофиқи қонун шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки дар мӯҳлати 3 рӯз (ба ғайр аз рӯзҳои истироҳатӣ)   ҳуҷҷатҳои худро барои пешниҳод намудан ба мақомотҳои дахлдор ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ пешниҳод намоянд. Барои дастрас намудани раводид ва ё дароз намудани мӯҳлати он аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:
•    Нусхаи шиноснома
•    2 дона расми 3х4
•    2 нусха корти бақайдгирӣ (замимаи 16) 
•    Маълумотномаи тиббӣ оид ба HIV/AIDS
•    Нусхаи дафтарчаи донишҷӯ
•    Нусҳаи дафтарчаи имтиҳонӣ
•    Нусхаи фармон оид ба қабул ба донишгоҳ
•    Нусхаи шартнома байни донишгоҳ ва шаҳрванди хориҷӣ

IV.    Донишҷӯени ҳориҷӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Айни замон дар донишгоҳ ҳамагӣ 565 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 15 мамлакати дуру наздик, аз ҷумла  Афғонистон (109 нафар), Арабистони Саудӣ (4 нафар), Ироқ (2 нафар), Қазоқистон (50 нафар), Қирғизистон (16 нафар), Латвия (1 нафар), Озорбойҷон (2 нафар), Покистон (24 нафар), Руссия (22 нафар), Туркманистон (9 нафар), Узбекистон (13 нафар), Ҳиндустон (282 нафар), Эрон (21 нафар), Нигерия (8 нафар) ва Судан (2 нафар) таҳсил менамоянд.
Аз шумораи умумии 565 нафар муҳассилини хориҷӣ аз ин 516 нафар донишҷӯ, 11 нафар ординаторони клиникӣ, 3 нафар интерн,  18 нафар магистр, 4 нафар аспирант ва 13 нафар шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ мебошад. Дар баробари ин, 84 нафар донишҷӯён-шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи шартномаҳои байниҳукуматӣ тариқи бурсияҳои таҳсилӣ шомил карда шудаанд. Дар донишгоҳ шумораи донишҷӯёни хориҷӣ 7,7%-ро ташкил медиҳад.

V.    Сохтори ШРБ ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино
Сардори шӯъба -Мақсудова Наргис Наимовна
Сармутаҳассис - Додариён Ҳамза Сиддиқ
Сармутаҳассис -Бекмурадов Довран Алтыевич
Мутаҳассис - Зокирова Ситорабону Имомалиевна
Методист оид ба раводид - Муминова Гузел Реҷеповна
Котиба - Ҷалилова Ҷонона Абдурашидовна

Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  734003 ш. Душанбе,  Хиёбони Рӯдакӣ, 139
            тел: (44)6003615; (44)6003614            факс: (+992 37) 224 36 87
       E-mail: interdep.tsmu@gmail.com;                 www.tajmedun.tj

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Ноябрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия