• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.

Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Сардори Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа:
Ахмедов Шодмон Ра
ҷабович

Тел.: +992 (44) 600-36-29; +992 (44) 600-36-76:

e-mail: info@tajmedun.tj

 Сотрудники
 Положение
 Аналитический отдел
 Сайт ТГМУ
 Контакты
Образцы документов

Информация на русском языке

Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳамчун сохтори таркибии ДДТТ, фаъолияти хешро дар асоси «Оиннома»-и Донишгоҳ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мондааст. Шуъба, дар баробари доштани ҳадаф ва мақсадҳои мушаххас, вазифаҳои хешро низ дорад, ки хеле муҳим ва фаррох аст. Чунончӣ,  таъмини ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои донишгоҳ вобаста ба масъалаҳои умумидонишгоҳӣ, таҳлили мунтазами вазъи сохторҳои марбутаи донишгоҳ, муайян намудани роҳҳои самарабахши инкишофи онҳо, ҳалли масъалаҳои муҳими байнисохторӣ, таҳия намудани пешниҳодҳои дахлдор ва   назорати мунтазами иҷрои фармону супоришҳои ректори донишгоҳ, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати донишгоҳ, таҳияи гузоришҳо оид ба ин масъалаҳо, ки қисмате аз самти фаъолияти Шуъба маҳсуб мешавад. Дар баробари ин,  ташкили системаи ягонаи коргузорӣ дар Донишгоҳ, бо супориши ректор таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меёрии ҳуқуқӣ, ки хусусияти фаврӣ доранд, мувофиқаи  муросилоти хизматӣ, мактуб ва муроҷиатҳои шифоии шаҳрвандон, ки ба шӯъба ворид шудаанд, ворид сохтан ва такмил додани пойгоҳи (база) маълумотҳо,    тайёр кардан ва баҳисобгирии варақаҳои чопӣ, мӯҳрҳо, штампҳо, ворид сохтани воситаҳои электронии нигаҳдорӣ, коркарди чорабиниҳо оид ба ҳифзи маълумотҳои сирри давлатӣ ва хизматӣ дошта, ташакулли симои мусбии донишгоҳ, дастгирии баландшавии мавқеи иҷтимоии он дар ҷомеа, аз қисматҳои дигари фаъолияти бонизоми  Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа ба ҳисоб меравад.
      Ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, гузоришҳо, таҳлил ва баррасии маводҳои дар ВАО дарҷгардида низ ба шумори фаъолиятҳои асосӣ ва доимии Шуъба дохил мешавад. Ин аст, ки дар бахши сохтории Шуъба  Гурӯҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ (ГИТ) созмон дода шудааст. ГИТ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо бахшҳои сохтории роҳбарияти ДДТТ амалӣ месозад. ГИТ дар навбати хеш, вазифаҳои мушаххасро дорост. Чунончӣ, ташакул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи иттилоотии  маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ВАО ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани мониторинг ва таҳлили раванди иттилоотӣ дар ҶТ ва кишварҳои дигар;
ташкил намудани робитаҳои судманд бо ВАО, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ;
иштирок кардан дар таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустии ҶТ. Инчунин,    ташкил намудани таъминоти иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳ, ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти таҳлилӣ, иҷтимоӣ ва дигар иттилооти марбут ба  масоили актуали ҳаёти донишгоҳ, муносибати аҳолӣ нисбат ба қарорҳои роҳбарияти донишгоҳ, таъмин кардани ҳуқуқи аҳолӣ барои дастрас кардани иттилооти боэътимод ва объективӣ оид ба фаъолияти ДДТТ, аз самтҳои дигари фаъолияти ГИТ маҳсуб мешавад. 
     Дар асоси қонунгузории ҶТ, Ойинномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Низомномаи Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Веб-сайти иттилоотии расмии донишгоҳ созмон дода шудааст. Веб-сайт барои муаррифии сатҳу манофеи донишгоҳ дар сетҳои глобалии Интернет, дастрасии истифодабарандагони Интернет ба захираҳои иттилоотии донишгоҳ, бо мақсади рушди муносибатҳои илмӣ-методӣ, тиббӣ-ташхисӣ, ки имкони эҷоди шароити таълимӣ ва тиббӣ, ба роҳ мондани мукотиботи инфиродӣ, ҳамчунин таъмини равобити муфид миёни ҷузъҳои сохтории донишгоҳ, дарёфти иттилооти изофӣ ва хоси кормандон ва таълимгирандагонро дорад, муқаррар карда шудааст. 
     Инъикоси комили фаъолияти мусбии донишгоҳ, додани маълумоти айёниву амалӣ оид ба муҳимтарин руйдодҳо дар донишгоҳ, рушди фаъолияти меҳнатии кормандон ва донишҷӯён ва инкишофи ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва муолиҷавӣ-ташхисӣ бо макотиби олӣ, клиникаҳои ҶТ ва мамолики дуру наздик аз вазифаҳои аслии веб-сайт шуморида мешавад.
     Веб-сайт дорои захираҳои иттилоотӣ мебошад, ки ба манзури бозтоби мухталифи фаъолияти ҳамаи ҷузъҳои сохтории донишгоҳ, устодон, кормандон, аспирантон ва донишҷӯён ташкил шудааст.
     Веб-сайт, ба ҳайси як сохтор, бастҳои вазифавии хешро дорад, ки аз мудир, муҳаррири масъул ва веб-ороишгар иборат мебошад.
       Шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз воҳидҳои кории  иборат аз 11 баст тартиб ёфтааст: сардори шӯъба (1); ёвари ректор (1); мушовири ректор (1); котиби ректор (1); сармутахассис (1); мутахассис (1);  гуруҳи иттилоотӣ – таҳлилӣ (2); мутахасисиони ғайривоҳидӣ (2) ва  мактубрасон (1).
         Бастҳои Шӯъба аз ҳисоби шахсоне, ки маълумоти мувофиқро доранд, ишғол карда шуда, аз ҷониби сардор идора мешавад.

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия