• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
  Шӯъбаи фарҳанги ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҷузъи сохтории ин Донишгоҳ маҳсуб ёфта, сиёсати роҳбарияти Донишгоҳро дар самти баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маънавиёти донишҷӯёни Донишгоҳ  татбик менамояд.  Шӯъба аз ҳисоби маблағҳои хусусии Донишгоҳ соли 2009 таъсис дода шуда, аз 4 воҳиди корӣ, мудири шӯъба (1 воҳид) ва мутахассис  (3 воҳид) иборат аст.  Мувофики сохтори Донишгоҳ шӯъбаи фарҳанг дар тобеияти муовинати тарбия ва фарҳанг фаъолият мебарад.  Ҳар сол аз ҷониби шӯъба даҳҳо накшаву барномаҳои консертӣ ва сенарияҳои баргузории чорабиниҳои мухталиф таҳия карда мешавад. Таҷлили ҷашну идҳои «Соли нав», «Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон», «Рӯзи модар», «Наврӯзи байналмилалӣ», «Рӯзи оила», «Иди ғалаба», «Рӯзи хатми Донишгоҳ», «Рӯзи Ваҳдат», «Рӯзи Истиклолият» «Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон», «Рӯзи Парчами Тоҷикистон» ва ғайра як самти асосии фаъолияти шӯъбаи фарҳанг маҳсуб меёбад.
 


  Дар шӯъбаи фарҳанг аз ҳисоби донишҷӯёни соҳибистеъдод ва лаёкатманд дастаи ҳаваскорони санъат- «Шифо» созмон дода шудааст.

  Дастаи мазкур дар тамоми чорабиниҳои донишгоҳ бо суруду таронаҳои марғуб ҳунарнамоӣ  намуда, ифтихори аҳли устодону донишҷӯёни ин махзани илми тиб гардидааст. 
Акси даста аз рафти чорабиниҳо
  Репертуари дастаи «Шифо» аз сурудҳои лирикию ватанпарваронаи  тоҷикӣ ва  сурудҳои   халку миллатҳои гуногун (русӣ, англисӣ, хитойӣ, покистонӣ, ҳиндугӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, узбакӣ ва ғ.)  иборат  аст.
  Якчанд суруду таронаи аъзои даста («Суруди табибон», «Эҳсони Роғун», «Ману Ватан», «Касами сарбоз», «Навои дӯстӣ», «Иди зафар»,  «Ориёи ман», «Кори табибон», «Наврӯз, «Як даста гул..» ) наворбардорӣ шуда, тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар пахш гардидааст.
Акси чанд суруд…
  Яке аз муваффакиятҳои назарраси шӯъбаи фарҳанг таҳия ва татбиқи Низомномаи баргузории рӯзҳои фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Донишгоҳ мебошад. Мувофиқи ин Низомнома дар Донишгоҳ тӯли  як сол рӯзҳои фарҳангии донишҷӯёни Покистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Туркманистон баргузор карда шуд, ки дар пойдории дӯстиву бародарӣ байни донишҷӯён нақши босазо хоҳанд дошт.
Акси аъзои даста аз рӯзҳои фарҳангӣ

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия