• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
«Занон яроқи бузург ҳастанд» Э. Раҳмон

Шӯрои  бонувон
Сурога: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139, бинои асосии
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, утоқи  105, телефон (44) 600-36-67


Раиси
Шӯрои бонувон,
Ғаниева Назокат Рамазоновна
                                        

  Шӯрои бонувон ташкилоти ҷамъиятӣ дар сохтори  донишгоҳ буда,  иҷрои вазифаҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занон дар ҳалли  масоили иҷтимоию,  иқтисодӣ мусоидат менамояд.
  Шӯрои  бонувони донишгоҳ дар  асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаи   ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Низомномаи  Кумитаи   кор бо занон  ва  оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Низомнома ва нақшаи кории Шӯрои бонувон аз ҳисоби занон ва духтарони фаъоли донишгоҳ  кор  ва фаъолият  мекунад.
  Дар Донишгоҳи мо аз шумораи умумии 1151 нафар кормандон 649 нафар ё худ 56,3 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.  Дар ҲПО бошад аз шумораи умумии 644 нафар 320 нафар ё 49,3 %  аз бонувон    иборат буда, 40%-и онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён, 40,6 %-ро донишҷӯдухтарон ташкил мекунад. Роҳбарии  як қатор мансабҳои  масъулиятноки  донишгоҳро  бонувон ба зимма доранд, ки то имрӯз аз ӯҳдаи вазифаву ваколатҳои худ бо сари баланд баромада  истодаанд.

Номгӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Шӯрои бонувон дар асоси онҳо ба роҳ монда шудааст:
1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»
4. Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 -2016»
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020»
  Дар назди Шӯро маҳфили  «Бонувони соҳибистеъдод» таъсис дода шуд. Мақсади аз таъсис додани маҳфил ҷалб намудани ҷавондухтарон ба ҷодаи илм, рушди қобилиятнокии онҳо, тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи миллӣ, густариши решаҳои дӯсти миёни духтарони дигар донишгоҳҳо ва татбиқи самарабахши барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва ҷавондухтарон мебошад.
  Маҳфили  мазкур, ки байни донишҷӯдухтарони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДДОТ  ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳамчунин ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур гаштааст  ба равобиту дўсти ва ҳамкории минбаьдаи донищҷудухтарони ин донишгоҳҳо асос гузошт.  

  Эьлон: Хоҳишмандон метавонанд, ки дар маҳфили «Бонувони соҳибистеъдод» иштирок намоянд. Барои маьлумоти иловаӣ ба Шӯрои бонувон бо тел: 600-36-67 муроҷиат намоед.

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия