• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.

Шӯъбаи кор бо ҷавонон
Сурога: ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 141, телефон: 2-24-38-08

Раиси Шӯъбаи кор бо ҷавонон,
Сайидчафарзода  Искандар
Отдел молодежи
Нормативные документы
Мероприятий
Объявление
Контакт

  Шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз воҳидҳои таркибии сохтори донишгоҳ мансуб ёфта, фаъолияти худро дар асоси «Ойинномаи ДДТТ баноми Абӯалӣ ибни Сино», Низомномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи хеш ба роҳ мемонад. Шуъба барои иҷрои бомуваффақияти мақсаду вазифаҳо дар ҳамкории доимӣ бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ қарор дорад ва маҳз дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявии ҷавонон сиёсати давлатии ҷавононро ба роҳ мемонад.
  Мақсади асосии Шуъбаи кор бо ҷавонон тадбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад. Шӯъба аз рӯи мақсад, самтҳои асосӣ ва вазифаҳои худ дар амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ бар пояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» саҳми муносиб мегузорад. Дар таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии мактаби олӣ оид ба масъалаҳои донишҷӯён, амалӣ гардонидани иқтидори эҷодӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстиву ягонагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён корҳои амалиро ба сомон мерасонад. Ҷавонону донишҷӯёнро ба идораву роҳбарикунии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд ва дар ташкил кардани Шӯро, иттиҳодияҳо ва созмонҳои донишҷӯён бевосита ширкат меварзад.
  Ҳамкории ҷавонони эҷодкор ва донишҷӯёни навҷӯйро бо ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ монда, барои ҷалб намудани хазинаҳо ва корхонаҳои сарпараст мекӯшад.
  Ба Шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳбарӣ кардаанд:
1.    Қосимов М. – 1997-2000
2.    Аҳмадова А.Р. – 2000-2004
3.    Қурбонов Ҷ. – 2004-2006
4.    Пулодов Ф. 2006-2007
5.    Аҳмадов Ш.Р. – 2007-2009
6.    Хусрави Нозир 2009-2010
7.    Одинаев Ф.Д. 2009-2011
8.    Олимов Ф.Т. – 2011-2013
9.    Саидҷаъфарзода И. аз феврали соли 2013
   Дар Шӯъбаи кор бо ҷавонон бахшҳои таълим, илм, фарҳанг, ташкилию тартибот, иттилоот ва равобити хориҷӣ ва варзиш кору фаъолият мебаранд.
  Самти фаъолиятӣ бахши илм аз ҳамкорӣ намудан бо Шӯроҳои илмии факултет ва кафедраҳо, ҷамъиятҳои илмии донишҷӯёни донишгоҳ ва беруна, дарёфти пешниҳод барои ривоҷ додани корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ва иштироки онҳо дар конфронсҳо, таҳия ва таҳлили мақолаву маърӯзаҳои илмии донишҷӯён, гузаронидани барномаҳо ва чорабиниҳои илмӣ, ташкилу баргузории конфронсу семинарҳои илмию амалии дохилӣ, конфронси солонаи донишҷӯён ва олимони ҷавон, тайёрӣ ва роҳбаладии донишҷӯёни фаъол барои ширкат дар мусобиқаву озмунҳои илмию амалӣ, инчунин дарёфти донишҷӯёни фаъол ва роҳнамоии онҳо ба корҳои илмӣ иборат мебошад.
  Бахши таълим дар сохтори Шӯъба мавқеи махсусро ишғол менамояд. Вазифаҳои асосии он назорати ҷараёни таълим, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиш, муҳокимаи проблемаҳо ва таҳия намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани вазъи таълим, назорати рафти супоридани имтиҳон ва санҷишҳо, ҳамкории пайваста бо деканатҳост.
  Аъзоёни бахши равобити хориҷӣ ва иттилоот дар баргузор намудани чорабиниҳо, конфронсу семинарҳо оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷавонон бо ташкилоту созмонҳои ҷамъиятие, ки ба соҳаи тандурустӣ ва маориф алоқаманд буда, инчуни дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи кор бо ҷавонони макотибҳои олии дигар ҷиду чаҳд доранд. Аз ҷараёни фаъолияти беҳтарин ҳалқаҳои донишҷӯӣ, баргузории чорабиниҳои донишгоҳ ва ахбори муҳими берун аз он тавассути васоити ахбори омма хабарҳо таҳия ва дарҷ менамоянд. Дарҷи эълонҳо, таҳияи газетаҳои деворӣ ва лавҳаҳо, ҳамкории пайваста бо Шуъбаи табъу нашри донишгоҳ ва нашрияи «Ворисони Сино», ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», «Авитсена» ва нашрияҳои дигари соҳаи тиб, маориф ва ҷавонон, инчунин радио ва телевизион тавассути фаъолияти аъзоёни ин бахш амалӣ мегарданд.
  Вазифаи асосии бахши фарҳанг таҳия ва пешниҳоди нақшаи гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, ташкил ва гузаронидани онҳо, ҷалб кардани ҷавонон ба чорабиниҳои фарҳангӣ, ташкили корҳои тайёрӣ ба чорабиниҳо ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси ин бахш ҳар сол тадбиру чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, аз ҷумла ҷашни Рӯзи дониш, Истиқлоли миллӣ, Рӯзи Сарқонун, Рӯзи байналхалқии мубориза алайҳи БМНБ (СПИД), Соли нав, Иди Модарон-8 март, Наврӯзи Байналмиллали, Иди Ғалаба ва Ҳафтаи ҷавонон амалӣ мегардад.
  Бо мақсади ба низом даровардани чорабиниҳои донишгоҳ, назорату риоя намудани қоидаҳои тартиби дохили донишгоҳ бахшии ташкилию-тартибот таъсис дода шудааст.
  Ба қайд гирифтани беҳтарин варзишгарони донишгоҳ, ҷамъоварии маълумоти кофӣ доир ба бахшҳои варзиш, ба ҳаёти солим тарғиб намудани ҷавонон, доир намудани чорабиниҳои варзишӣ-чуниннанд номгӯи фаъолияти бахши варзиш мебошад.
  Дар назди Шӯъбаи кор бо ҷавонон маҳфилҳои зерин амал мекунанд, ба монанди  «Маҳфили мубоҳисон», «Ҷавонони асри ХХI», «Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тибб», «Гулдухтарони чирадаст» (цехи омӯзиши-истеҳсолӣ дузандагӣ дар хобгоҳ), ки барои пайдо кардани ҷавонони боистеъдод, шунидани фикру мубоҳисаҳои онҳо дар мавзӯъҳои доғи рӯз ва банд намудани вақти холигии онҳо таъсис дода шудаанд.
  Дар якҷоягӣ бо Мактаби мураббигӣ дар донишгоҳ ва толори «Тиб ва табиат»-и Китобхонаи мили Тоҷикистон аз боби «Тарбияи худшиносӣ», «Роҳҳои парвариши хулқу атволи накӯ» машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
  Барои хоҳишмандон маҳфили «Санъати суханварӣ» фаъолият дорад, ки аз илми «Риторика» дарсҳои амалӣ гузаронида мешавад. 
АЪЛОЧИЁНИ ТАХСИЛ:


Абдучалилова Дилором

Азимов Фаридун

Рузиева Сайёра


Давлатов Манучехр

Давлатов Чамшед

Дадабоев Човид


Далери Саидали


Донабойзода Ш.

Зикриёев Исфандиёр

Зоидбоева Нурия

Иззатуллоев Лоик

Имомов Шарофиддин

Камолов Фазлиддин

Каримзода Ситора

Каримова Фарзона

Косими Мухсин

Курбонова Парвина

Кутбединов Хадятулло

Максадова Шахноза

Марупова Хусничахон

Мехрангези Султон

Муродов Мехрубон

Мирзобеков  Офтоб

Мирзоев Нумончон

Мирзоева Шифо

Муродов Валичон

Набиев Комрон

Набиев Мирзоумар

Нажодаи Фируз

Назаров Темур

Наимов Рустам

Ниязова Дилноза

Нусратова Фарида

Одинаев Фарход

Одинаева Кибриё

Оламафрузи Курбон

Рахимов Фаррух

Рахимов Хусрав

Рахимова Махфуза

Рахмонов Талабшо

Рузиев Шухрат

Сабурзода Мухибахон

Сайдамиров Бахтиёр

Сайдуллоев Бахтиёр

Сафаралиев Бобочон

Сирочов Сафархон

Солиев Олимчон

Улугова Дилноза

Усмонов Ихтиёр

Файзулоев Абдумумин

Фарзонаи Шабохиддин

Фирузи Даврон

Халимов Файзали

Холматов Бахром

Эмомадов Алишер


Хочаев Фатхулло

Худоиева Назира

Шамсуддинов М.

Шарипов Зиёдали

Шарипова Анастасия
Шокирова Умеда

Шоев Манучехр

Эргашев Парвиз

Эргашева Мархабо


ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия