• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
ТОҶИКӣ
ВАЗОРАТИ  ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
БА НОМИ АБӯАЛӣ ИБНИ СИНО

 

 

  Бо Қарори  Шӯрои олимони ДДТТ
 ба номи Абӯалӣ ибни Сино
аз 30 майи соли 2013, таҳти № 10
тасдиқ шудааст.

 

 

 

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӯЁН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2014-2015

              

 

 

    Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2014-2015», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ойинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳия шудааст.
Ба курси якуми ҳамаи факултетҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шаҳрвандони то 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд шудааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.
      Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад.  Пардохти музди яксолаи таҳсил барои як донишчуи ватани барои гуруҳҳои шартномавии факултети тиббӣ – 7000 сомонӣ, факултети педиатрӣ - 5600 сомонӣ, стоматологӣ – 7900 сомонӣ, фарматсевтӣ – 5100 сомонӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ – 3500 сомониро ба барои шахрвандони хоричи гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ – 16800-19200 сомонӣ, факултети педиатрӣ - 14400-16800 сомонӣ, стоматологӣ – 16800-19200 сомонӣ, фарматсевтӣ – 14400-16800 сомонӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ – 10560-12000 сомониро дар ташкил медиҳад.
       Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ,  инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот ва супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ва пардохти музди таълим қабул карда мешаванд. Барои тоҷикони бурунмарзӣ (тоҷикони аққалиятҳои миллии Иттиҳоди давлатҳои мустақил) дар мавриди аз рӯи қоидахои умумӣ супоридани имтиҳонҳои қабул ва муваффақ гардидан ба холи гузариш, пардохти маблағи таҳсил ҳамчун шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.
      Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.     
     Таҳсил дар ДДТТ рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст,  дар факултети тиббӣ  6 сол, стоматологӣ 5 сол, фарматсевтӣ 5  сол ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ  4 + 2 сол (4 бакалаврият, 2 сол магистратура)   мебошад.
            Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
•    ариза ба номи ректор;
•    ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
•    маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
•    6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
•    шиноснома;
•    билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
           Барои   хатмкардагони коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ дар вақти супоридани ҳуҷҷатҳо дипломи хатми коллеҷ ва ё омӯзишгоҳ бо замимаи диплом ҳатмӣ мебошад.
Духтарон ва писарон, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд, бар иловаи ҳуҷҷатҳои дар боло номбар шуда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
•    қарори Шӯрои педагогии мактаб;
•    тавсияи шӯъбаи маорифи ноҳия ё шаҳр; 
•    роҳхати ҳукумати ноҳия ё шаҳр. 

Қабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оқибатҳои фоҷеаи Чернобил тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд (қарори мушовараи Вазорати маориф аз 1.02.с.2010, №2/18) амалӣ мегардад.
Духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд: нусха аз дафтарчаи меҳнатӣ, қарори Шӯрои меҳнатӣ ва роҳхати ҳукумати ноҳияро пешниҳод менамоянд.
  Қабули ҳуҷҷатҳо аз 20 июн оғоз ёфта то 31 июли соли 2013 идома меёбад.
          Имтиҳони қабул аз ду қисм – хаттӣ ва тестӣ  иборат буда,  ба тариқи зайл баргузор мегардад:
А)  Имтиҳони хаттӣ:    Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони тоҷикӣ хатм намудаанд  бо забони давлатӣ иншо менависанд.   Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд, аз  забони давлатӣ   диктант  месупоранд.
    Б)      Санҷиши тестӣ, ки аз 4 блоки фаннӣ иборат мебошад:
•    блоки I – иборат аз 40 савол аз фанни химия, ки 30-тои он ба шакли саволҳои тестии пӯшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (беҷавоб) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пӯшида мутаносибан 2,0 хол ва ҳар як саволи тестии кушода 3,0 муқаррар шудааст;
•    блоки II – иборат аз 40 савол аз фанни биология, ки 30-тои он ба шакли саволҳои тестии пӯшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (беҷавоб) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пӯшида ва кушода мутаносибан 2,0 холӣ муқаррар шудааст;
•    блоки III –  иборат аз 20 савол аз фанни физика ва математика, ки 10-тои он (аз фанни физика) ба шакли саволҳои тестии пӯшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (5 савол аз физика ва 5 савол аз математика) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пӯшида ва кушода мутаносибан 2,0 холӣ муқаррар шудааст;
•    блоки IV –  иборат аз 50 савол аз фанҳои забони модарӣ, адабиёт, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ки 40-тои он ба шакли саволҳои тестии пӯшида ва 10-тои он ба шакли саволҳои тестии кушода (беҷавоб) мебошад ва ба ҳар як саволи дурусти саволҳои тестии пӯшида мутаносибан 1,0 хол ва ҳар як саволи тестии кушода 2,0 муқаррар шудааст;
•    Дар маҷмӯъ довталаб метавонад аз имтиҳони тестӣ то 270 холро ба даст орад.
Санҷиши тестӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ баргузор мегардад.
Дар сурати аз як блоки тестӣ нагирифтани хол баҳои тестӣ дар маҷмӯъ ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.
Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.
Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, тартиботи дохилиро вайрон мекунанд ва аз воситаҳои мухталифи дар имтиҳон манъгардида истифода мекунанд, аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.
Баъди эълони натиҷаи имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррар намудаи комиссияи қабули донишгоҳ бо натиҷаи имтиҳон шинос шавад. Апеллятсия аз нав супоридани имтиҳон набуда, балки танҳо санҷиши дурустии баҳои имтиҳони дохилшавӣ мебошад. Баргузории апеллятсияи такрорӣ барои довталабоне, ки дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудаанд, манъ мебошад.
Ба курси якум бе имтиҳон дар асоси суҳбат шахсони зерин қабул карда мешаванд:
•    ғолибони ҷойҳои аввал ва дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
•    ғолибони ҷойҳои аввал ва дуюми  олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология, ки тавсияномаи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
•    шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд;

       Аз рӯи натиҷаҳои қисматҳои якум ва дуввуми озмуни тестӣ ба шарти гирифтани холҳои муқарраршуда (мутаносибан ба баҳои «Аъло) аз фанҳои химия ва биология довталабони зерин қабул карда мешаванд:
•    шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали нуқра хатм намудаанд;
•    ғолибони ҷойи сеюми  озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;
•    довталабоне, ки коллеҷҳои тиббиро бо дипломи «Аъло» хатм намудаанд.

Дар сурати  ба холҳои муқарраршуда ноил нагаштани довталабони дар боло зикршуда онҳо имтиҳони хаттиро аз рӯи қоидаҳои умумӣ месупоранд.       
Бо гирифтани баҳои мусбат (на камтар аз 120 хол) аз имтиҳони қабул берун аз озмун қабул карда мешаванд:
•    маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ – меҳнатӣ таҳсил кардани онҳо дар ихтисоси мазкур манъ карда нашудааст;
•    ятимони бе падару модар,  тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.
   Довталабони зикршуда (маъюбони гуруҳҳои 1-2, ятимони бе падару модар) бояд ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаро дар давраи қабули ҳуҷҷатҳо, яъне то оғози имтиҳони дохилшавӣ ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд. Дар мавриди саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ё камбудию норасогиҳо дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда имтиёзи довталаб ба инобат гирифта намешавад.
    Қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад. Барои баргузории суҳбат бо довталабони мазкур комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Донишҷӯёне, ки  барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо баъди гузаштан аз суҳбат ба сафи донишҷӯён шомил мегарданд.

 

 

                                   Нишонии мо:   734003, ш. Душанбе,  хиёбони Рудакӣ, 139.
                                   Комиссияи қабул. Тел.: 224-45-83,   446003629,  Факс: 224-36-87
                                    E-mail: tajmedun@rambler.ru,  сомонаи Донишгоҳ:  www.tajmedun.tj


 
Русский
МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ МЕДИЦИНСКИЙ УНИВЕРСИТЕТ
ИМЕНИ АБУАЛИ ИБНИ СИНО
 
Утверждено решением учённого совета
 ТГМУ имени Абуали ибни Сино
от 30 мая 2013 года, №10
 
ПРАВИЛА ПРИЁМА НА 2014- 2015 УЧЕБНЫЙ ГОД
 
      Правила приёма студентов в Таджикский государственный медицинский университет имени Абуали ибни Сино осуществляется на основе Закона Республики Таджикистан «Об образовании», Закона Республики Таджикистан «О высшем и послевузовском профессиональном образовании», «Правила приёма студентов в высшее профессиональные учебные заведения Республики Таджикистан на 2014-2015 учебный год», примерных положений высших профессионально- образовательных учреждениях Республики Таджикистан, устава Таджикского государственного медицинского университета имени Абуали ибни Сино.
        На первый курс всех факультетов ТГМУ им. Абуали ибни Сино принимаются граждане Республики Таджикистан, не достигшие 35 лет и имеющие свидетельство о среднем общем образовании государственного образца или диплом о начальном профессиональном образовании государственного образца, подтверждающий получение среднего общего образования, а также диплом о среднем профессиональном образовании государственного образца.
       Подготовка специалистов из числа граждан Республики Таджикистан в ТГМУ осуществляется на бюджетной и договорной основе. Оплата в договорной группе для отечественных граждан по факультетам составляет: медицинский  - 7000 сомони, педиатрический - 5600 сомони, стоматологический –7900 сомони, фармацевтический – 5100 сомони, общественного здравоохранения – 3500 сомони, а для иностранных граждан по факультетам составляет: медицинский  - 16800-19200 сомони, педиатрический - 14400-16800 сомони, стоматологический –16800-19200 сомони, фармацевтический – 14400-16800 сомони, общественного здравоохранения – 10560-12000 сомони.   .
      В ТГМУ прием студентов из числа граждан иностранных государств, а также проживающих в РТ иностранцев и лиц без гражданства, осуществляется в рамках межправительственных договоров и соглашений только на договорной основе, при условии наличия взаимно признаваемого документа об образовании после сдачи вступительных экзаменов и оплаты ими стоимости обучения (согласно договору). Для таджиков живущих за пределами государства (таджиков представляющихся национального меньшинство СНГ) в случае сдачи вступительных экзаменов на общей основании и достижения проходного бала, оплата за учёбу осуществляется в размере предусмотренных как для граждан республики.
        Прием в ТГМУ им. Абуали ибни Сино граждан Республики Таджикистан и граждан иностранных государств для получения второго  высшего образования осуществляется только на договорной (платной) основе.
     В ТГМУ им. Абуали ибни Сино дневная форма обучения. Согласно «Концепции реформ медицинского и фармацевтического образования в Республике Таджикистан», утвержденной Правительством Республики Таджикистан от 31.10.2008 года, №512 установлен срок обучения на факультетах: медицинском 6 лет, стоматологическом 5 лет, фармацевтическом 5 лет, общественного здравоохранения 4+2 года (4 года бакалавр, 2 года магистратура).
Абитуриенты представляют в приемную комиссию следующие документы:
•    заявление на имя ректора;
•    документ об образовании  (подлинник);
•    медицинская справка по форме №086У;
•    6 фотокарточек размера 3х4 см.
•    паспорт,
•    военный билет или военное свидетельство призывника.
   Для выпускников медицинских колледжей и училищ во время сдачи документов предъявление диплома вместе с вкладышем  об окончании колледжа или училища является обязательным.
        Девушки и юноши, поступающие согласно установленной квоте Президента Республики Таджикистан, дополнительно представляют:
•    решение Педагогического совета школы;
•    рекомендацию районного отдела образования;
•    направление Хукумата района.
    Приём детей участников устранения последствий Чернобыльской катастрофы проводится согласно правилам приёма в средние и высшее профессиональные образовательные учреждения РТ для детей граждан пострадавших во время Чернобыльской катастрофы (Решение комиссии Министерство Образовании от 1.02.с.2010, №2/18)
 Девушки и юноши, непосредственно работающие на производстве, представляют: выписку из трудовой книжки, решение Совета трудового коллектива и направление Хукумата района. Эти категории абитуриентов конкурсный отбор проходят путем собеседования.
Прием документов производится с 20 июня по 31 июля 2012 года.
          В ТГМУ вступительные экзамены состоят из двух частей - письменное и тестирование и проводятся следующим образом:
А) Письменный экзамен:  Абитуриенты, окончившие школу на таджикском языке,  сдают экзамен на государственном языке - сочинения.
 Абитуриенты, окончившие школу на русском, узбекском языках обучения, а также на языке национальных меньшинств, сдают экзамен на государственном языке -  диктант.
Б) Тестирование, которое состоит из 4 предметных блоков:
•    I блок состоит из 40 вопросов по химии. Из них 30 закрытых и 10 открытых тестовых вопросов. Каждый правильный ответ закрытого тестового  вопроса оценивается 2 баллами. Каждый правильный ответ открытого тестового  вопроса оценивается 3 баллами;
•    II блок состоит из 40 вопросов по биологии. Из них 30 закрытых и 10 открытых тестовых вопросов.  Каждый правильный ответ закрытого тестового  вопроса оценивается 2 баллами. Каждый правильный ответ открытого тестового  вопроса оценивается также 2 баллами;
•    III блок состоит из 20 вопросов по физике и математике. Из них 10 закрытых тестовых вопросов по физике и 10 открытых тестовых вопросов по физике и математике (5 вопросов по физике и 5 вопросов по математике). Каждый правильный ответ закрытого тестового  вопроса оценивается 2 баллами. Каждый правильный ответ открытого тестового  вопроса оценивается также 2 баллами;
•    IV блок состоит из 50 вопросов по родному языку, литературе и основам государства и права. Из них 40 закрытых и 10 открытых тестовых вопросов.  Каждый правильный ответ закрытого тестового  вопроса оценивается 1 баллом. Каждый правильный ответ открытого тестового  вопроса оценивается 2 баллами;
Общее количество баллов за тестовый экзамен составляет максимально 270 баллов.
Тестовый экзамен проводится на государственном и русском языках.
В случае неполучения баллов по одному из блоков теста оценка тестирования считается неудовлетворительной.
Абитуриенты, не явившееся на вступительные экзамены будут считаться как полученные неудовлетворительную оценку.
Абитуриенты, которые будут мешать процессу приёма экзаменов, нарушают внутренний распорядок и воспользуются различными запрещенными в экзамене средствами будут исключены из экзамена.
После объявления результатов экзаменов абитуриент имеет права, согласно определенному порядку предъявляемой приёмной комиссии университета ознакомиться с результатами экзаменов.
Апелляция не  является повторным экзаменом, и является только проверкой правильности оценки вступительных экзаменов. Повторная апелляция запрещается для абитуриентов, не явившихся на определенный срок. 
           На первый  курс без предварительного собеседования, без сдачи вступительных экзаменов зачисляются:
            - победители республиканских школьных олимпиад по химии и биологии, получившие 1 место, которые имеют направление Министерства образования РТ;
            - победители 1 места международных олимпиад по химии и биологии, которые имеют направление Министерства образования РТ.
          - лица, окончившие среднюю общеобразовательную школу с золотой медалью;

На первый  курс без сдачи вступительных экзаменов на основе собеседования зачисляются:
            - победители республиканских школьных олимпиад по химии и биологии, получившие 2 место, которые имеют направление Министерства образования РТ;
            - победители 2 места международных олимпиад по химии и биологии, которые имеют направление Министерства образования РТ.

По результатам первого и второго блоков  теста при правильном решении установленного количества заданий по химии и биологии (на «Отлично») зачисляются следующие абитуриенты:
            - лица, окончившие среднюю общеобразовательную школу с серебряной медалью;
            - лица, занявшие 3 место на республиканских школьных олимпиадах по химии и биологии, которые имеют направление Министерства образования РТ;
- лица, окончившие медицинские колледжи с дипломами  «С отличием».
   
В случае несоответствия количества баллов указанным вышеустановленным требованиям абитуриенты сдают письменный экзамен согласно общим правилам. 
           С получением положительной оценки (не менее 120 баллов) от вступительных экзаменов вне конкурса  зачисляются:
            - инвалиды 1 и 2 групп, которым согласно медицинскому заключению учеба по избранной специальности не противопоказана;
            - дети - круглые сироты, по предъявлению подтверждающих документов.
      Вышеперечисленные абитуриенты (инвалиды 1 и 2 групп, дети- круглые сироты) должны предъявлять во время приёма документов до начало вступительных экзаменов нужные подтверждающие документы в приёмную комиссию. В случае несвоевременном предъявлении документов или при имеющемся недостатке в  подтверждающих документах льготы абитуриента не учитываются.                                                                                           
       Приём студентов для получения второго высшего профессионального образования осуществляется только согласно договору на основании Лицензии  об осуществлении учебной деятельности. Для проведения собеседования с данными абитуриентами будут составлены аттестатсионные комиссии. Студенты, которые сдали документы для получения второго высшего профессионального образования, только после прохождения собеседования будут зачислены в список студентов.

 
            Наш адрес:  734003,  г. Душанбе,  проспект  Рудаки, 139. 
                                   Приёмная комиссия.   Тел.: 224-45-83, 446003629  Факс: 224-36-87
                                  E-mail: tajmedun@rambler.ru, сайт  www.tajmedun.tj   
 



 

 

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия