• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Иттифоқи касабаи кормандон
  Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 138, телефон: 2243746,
e-mail: ikk@tajmedun.tj



Раиси  кумитаи иттифоқи  касабаи кормандони донишгоҳ                  
н.и.т., Шарипов Мирзо Абдуллоевич   


Аъзоёни иттифо
қи  касаба:


  Иттифоқи касабаи донишгоҳ аз рӯзи аввали таъсисёбии донишоҳ арзи вуҷуд дорад, кумитаи имрӯз зиёда аз 1170 нафар аъзо дорад..Ташкилоти  иттифоқи касабаи донишгоҳ дар якҷоягӣ  бо ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ ба раванди таълиму тарбия аҳамияти хоса дида, дар масъалаҳои маишии кормандон устодон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Мунтазам ба ниёзмандон кӯмаки моддӣ расонида, ҳоҷатмандонро бо роҳхати осоишгоҳҳо таъмин мегардонад.
  Иттифоқи касаба барои ҳифзи мақсадҳои касбӣ, меҳнатӣ, ҳуқуқ ва манфиятҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кормандону устодон ташкил карда мешавад, инчунин ҷиҳати  фароҳам овардани шароити хуб  барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои иттифоқи касаба ва аҳли оилаи онҳо мусоидат мекунад. Иттифоқи касаба риояи қонуни меҳнат ва қоидаҳои бехатарии меҳнатро дар донишгоҳ назорат мекунад.

Узвият ба иттифоқи касаба
                                                        
1.    Узви иттифоқи касба шахсе шуда метавонад, ки  дар корхона, дар хоҷагии шахси воқеии истифодабарандаи меҳнати кироя кор мекунад, ҳамчунин шахсе, ки мустақилона меҳнат мекунад.   
2.    Шаҳрванд иттифоқи касабаеро, ки ба он хоҳиши шомил шудан дорад озодона интихоб менамояд. Барои дохил шудан ба иттифоқи касаба шахс бояд ариза, 2 дона сурати 3х4 пешниҳод намояд ва инчунин пур намудани карта мебошад.
3.    Ҳеҷ касро барои шомил шудан ё нашудан иттифоқи касаба маҷбур кардан мумкин нест.
4.    Дар оинномаи иттифоқи касаба оварда шудааст, ки  узвият ба иттифоқи касаба нисбат ба шахсе, ки ба кори эҷоди мешғул аст, шахсе, ки дар таҳсилотҳои олии касбӣ таҳсил менамояд, шахсе, ки бо сабаби ба нафақа баромадан аз кор ё хизмат озод шудааст ва ё шахсе, ки муваққатан кор намекунад, метавонад пешбинӣ карда шавад.
5.   Узви иттифоқи касаба ҳаққи аъзогиро ба ташкилоти иттиффоқи касабаи ҷои кор ё таҳсил  пардохт менамояд. Тартиб, андоза ва мӯҳлати пардохти ҳаққи аъзогӣ дар оинномаи (низомномаи) иттифоқи касаба муайян карда мешавад.
 6.   Ҳаққи аъзогие, ки аз ҷониби аъзои иттифоқи касаба пардохта шудааст, бозгардонда намешавад.

Мукофотҳои соҳавӣ:  Аълочии тандурустӣ (зиёда аз 10 сол) Ифтихорнома (зиёда аз 5 сол)

Барои  пешниҳоди  мукофоти соҳавӣ ҳуҷҷатҳои ҳуҷҷатҳои зеррин пешниҳод карда мешавад:
1. Ҷузвгир  2.  Тавсифнома,  3.  Варақаи шахсӣ 4. 1-сурат  3х4 5. Нусхаи шиноснома,  6. Тавсияномаи пешниҳоди коллективи муассиса

         Мутобиқи қонуни ҶТ» Дар бораи мукофотҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

     Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътирофи  хизматҳояшон  дар назди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи иктисодиёт,  илм,  фарҳанг,  адабиёт, санъат,  ҳифзи Ватан,  барои корнамоиҳои меҳнатӣ ва  чангӣ,  фаъолияти босамари давлатӣ,  чамъиятӣ ва эчодӣ ба манфиати чомеа, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
    
Шартномаи коллективӣ
    Шартномаи коллективии байни Донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ барои солҳои 2012-2014 қабул шудааст.  Шартномаи    коллективӣ    санади    меъёрию    ҳуқуқӣ буда, муносибати   меҳнатӣ ва иҷтимоиро дар байни Раёсати донишгоҳ ва коллективи кормандони ДДТТ  ба номи Абӯалӣ ибни Сино танзим мекунад, ки он ифодакунандаи шакли муҳими такмилдиҳии усули демократии идоракунӣ мебошад.
   Мақсади асосии Шартномаи коллективӣ байни тарафҳо ин илова ба асноди қонунгузорӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ, муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл, кафолати иҷтимоӣ ва бо ин васила бо меҳнати пурмаҳсулу самаранок ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар корҳои таьлиму тарбия, илм, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, корҳои маданию маишӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ба танзим даровардани давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳат, тартиби дохилии меҳнат ва муҳофизати меҳнат, беҳтар намудани зисти иҷтимоии собиқадорон, маъюбон, нафақахӯрон, ташкил намудани шароити моддӣ барои фаъолияти  кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ мебошад. Кормандоне, ки ӯҳдадориҳои  Шартномаи коллективӣ  ва тартиботи қоидаҳои дохилии донишгоҳро худсарона риоя намекунанд мувофиқи КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордоди меҳнатӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ интизомӣ ва моддӣ кашида мешаванд. 
    Аз 05.03.2013 сол, ҳамчун Раиси кумитаи иттифоқи  касабаи кормандони  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Шарипов Мирзо Абдуллоевич кор ва фаъолият карда истодааст.
 

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия