• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
ШӯЪБАИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ

    Шӯъбаи равобити байналмилалӣ (ШРБ) ҷузъи сохтории ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино буда, ташкил ва ҳамоҳангсозии таълими шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони мамолики Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ, инчунин самтҳои гуногуни ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳро амалӣ месозад.
Шӯ ъбаи  робитаҳои байналмилалӣ соли 1979 таъсис ёфтааст, ки тавассути он то имрӯ з намояндагони зиёда аз 35 давлати дунё дар донишгоҳ таҳсил намуда, бештар аз  800 нафар шаҳрвандони хориҷӣ  онро хатм кардаанд.  Ҳамчунин, дар донишгоҳ 34 ординатори клиникӣ, 4 коромӯ з ва 3 номзади илм тайёр карда шуда, зиёда аз 700 шунавандагони хориҷӣ дар шӯ ъбаи тайёрӣ таҳсил намудаанд.
    ШРБ дар баробари шӯ ъбаҳои дигари донишгоҳ дар самти таъмин намудани робитаҳои байналмилалии дутарафа ва бисёртарафа дар  соҳаи таҳсилоти олии тиббӣ фаъолият намуда, дар  итоати бевоситаи ректори донишгоҳ қарор дорад. ШРБ оид ба масъалаҳои ташкилӣ ва банақшагирӣ бевосита ба ректори  донишгоҳ хисобот медихад. Сохтор, миқдор, бастҳои корӣ, тағйирот дар сохтор ва бастҳои кории шӯ ъбаро Ректори ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино дар мувофиқа бо шӯ ъбаи банақшагирӣ ва молияи донишгоҳ тасдиқ мекунад. Кормандони ШРБ фаъолияти худро дар асоси дастурҳои инфиродии вазифавӣ ва Низомномаи фаъолияти шӯ ъба, ки аз тарафи  Ректори ДДТТ тасдиқ карда мешавад, ба роҳ мемонанд. Низомнома фаъолияти ШРБ-ро ба танзим дароварда, вазифаҳою мақсадҳо ва ҳуқуқу ӯ ҳдадориҳои онро муайян мекунад.
    Мақсади асосии фаъолияти ШРБ - ташкил намудан ва ҳамоҳанг сохтани иштироки Донишгоҳ дар барномаҳои ҳамкорихои байналмилалӣ, ки ба баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ, рушди робитаҳои ҳамкориҳои самаранок бо муассисаҳои тиббӣ, макотиби олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ маҳсуб мешаванд.
    Вазифаҳои асосии ШРБ инҳоянд:
•    Ҳамоҳангсозӣ,   ҳуҷҷатнигорӣ   ва   амалӣ   сохтани   лоиҳаҳои   ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ, факултетҳо ва кафедрахои он бо шарикони хориҷӣ;
•    Пайдо кардани шарикони хориҷӣ ва самтҳои нав барои ҳамкориҳо, таҳия намудани пешниҳодҳо ва чорабиниҳо оид ба инкишоф додан ва мустаҳкам кардани робитаҳои хориҷӣ;    ,
•    Ташкил намудани гуфтушунидҳо, таҳия намудани шартномаҳо, созишнома ва барномаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии иҷроиши онҳо;
•    Сари вақт таъмин намудани тамдиди раводидҳо ва назорат кардани воридшавии шаҳрвандони хориҷие, ки ба ДДТТ барои таҳсил, коромӯ зӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ, чорабиниҳои фархангӣ ва барномаҳои мубодила даъват карда шудаанд;
•    Ташкил намудани таълими донишҷӯ ён, аспирантҳо, докторантҳо ва коромӯ зони хориҷӣ, ки тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ ва байнидонишгоҳӣ, ҳамчунин ба таври инфиродӣ ба ДДТТ меоянд;
•    Амалӣ сохтани коммуникатсияи байналмилалии донишгоҳ, татбиқ намудани барномаи таҳсили иловагӣ, табодули фарҳангӣ ва ҷавонон;
•    Дастгирии техникӣ дар ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ дар заминаи Донишгоҳ;
•    Амалӣ намудани кӯ маки машваратӣ ва кӯ макҳои дигар ба сохторҳо ва кормандони донишгоҳ;
•    Ҷалб намудани устодони хоричӣ барои иштирок дар раванди таълими ДДТТ;
•    Мониторинг ва пешниҳод кардани ҳисоботи натиҷаи фаъолияти байналмилалии донишгоҳ.


Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Шӯ ъбаи робитаҳои байналмилалии ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино дар самти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар кишвари мо кор бурда, барои инкишоф додани ин робитаҳо ҳаматарафа  кӯ шиш менамояд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шӯ ъбаи робитаҳои байналмилалӣ ин ба роҳ мондани робитаҳои судманд ва ҳамкориҳо бо сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд, мебошад. Дар ин самт шӯ ъба фаъолона кор бурда, аз ҷумла бо сафоратҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷопон, Туркия, Туркманистон,  Қазоқистон,  Қирғизистон  ва ғайраҳо робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Дар баробари ин, дар айни ҳол бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Дафтари кории Швейтсария оид ба рушд, Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GTZ), Фонди Глобалӣ, Фонди Сорос, DAAD, ТЕМПУС, МАГАТЭ, МНТЦ, UNFPA ва ғайраҳо ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст. Дар чорчӯ баи ин ҳамкориҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ баҳри  ташкил намудан ва гузаронидани семинару симпозиумҳо, маблағгузории сафарҳои хизматии кормандони донишгоҳ амалӣ карда мешаванд.  
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло дар ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино зиёда аз 10 лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба маблағи умумии 818 426 доллари ИМА ва ё  3 944 807 сомонӣ амалӣ гардида истодаанд, ки онҳо бештар аз ҷониби чунин ташкилотҳои байналмилалӣ ба мисли Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, МАГАТЭ, Фонди Сорос ва ғайраҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Илова бар ин аз ҳисоби шахсони ватанӣ 233 500 сомонӣ ба тариқи хайрия ворид шуд. Дар маҷмӯ ъ тавассути сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ дар соли 2011 тақрибан 934 506 доллари ИМА ва ё 4 737 812 сомонӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва сафарҳои хизматии кормандони донишгоҳ ҷудо карда шудааст, ки нисбати соли 2010 1169913 сомонӣ зиёд ааст.  Бояд қайд кард, ки шӯ ъбаи робитаҳои  байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳо ва кафедраҳои донишгоҳ баҳри бештар ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Шароити таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДТТ

ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино рисолати тайёр намудани мутахассисони хориҷиро дар асоси қарори коллегияи Вазорати маорифи ҶТ, таҳти №7\9 аз 30 марти соли 2007 оид ба Қоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва «Низомнома оид ба қабул ва таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино», ки  дар Шӯ рои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардонад.

НИЗОМ, ШАРТҲОИ ҚАБУЛ ВА Мӯ ҲЛАТИ ТАҲСИЛИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӣ

1.    Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино тавассути сӯ ҳбат амалӣ мегардад; аъзои комиссияи қабул аз ҷумлаи намояндагони факултетҳо, кафедраҳои назариявӣ ва забонҳо, ки аз тарафи Ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешаванд, тартиб дода мешаванд.

Имтиҳонҳо барои қабул ба курси аввал то 28 август сурат мегирад.

Қабули шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси фармони ректори ДДТТ пас аз гузаронидани сӯ ҳбат ва имзо намудани шартномаи дутарафа байни ректори ДДТТ ва шаҳрванди хориҷӣ ва пардохти пурраи маблағи муқарраргардидаи таҳсил то 30 октябр, сурат мегирад. Дар ҳолати вайрон намудани мӯ ҳлати муқарраршудаи пардохти маблағи таҳсил, шаҳрванди хориҷӣ аз сафи донишҷӯ ён хориҷ карда мешавад.

Баъд аз қабули расмӣ ба сафи донишҷӯ ён шаҳрвандони хориҷӣ бояд тамоми шартҳои шартномаи имзошударо иҷро намуда, барои риоя намудани тамоми қоидаҳои таҳсили донишҷӯ ён дар донишгоҳ саъйю кӯ шиш намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки нисбати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона рафтор намуда, муқаррароти мавҷударо оид ба зиндагонии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд.

2.    Таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа дар ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино дар асоси шартнома амалӣ мегардад:

•    тариқи пардохти шахсӣ;
•    пардохт аз тарафи ягон ташкилот, ё ин ки бо истифодаи дигар воситаҳо;
•    ба тариқи буҷавӣ тибқи квотаи байниҳукуматӣ мувофиқи дастурҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•    мутобиқи шартномаи имзогардида байни ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино ва Пуҳантуни тиббии Кобул, маблағи таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба миқдори 25% кам карда шудааст.

3.    Дар шӯ ъбаи тайёрӣ шаҳрвандони хориҷӣ ба тариқи зайл ба таҳсил қабул карда мешаванд:

Мӯ ҳлати таҳсили 4 моҳа  –  бо арзиши 500 доллари  ИМА
Мӯ ҳлати таҳсили 8 моҳа  –  бо арзиши 1000 доллари  ИМА

Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба курсҳои тайёрии ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино то 30 ок¬тябр, танҳо пас аз пардохти пешакии маблағи таҳсил ва имзо гардидани шартнома барои муддати муайяншудаи таҳсил, амалӣ карда мешавад.

Таҳсили тодипломии олии тиббӣ ва фармасевтӣ дар факултетҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

 Факултет                                                 Мӯ хлати таҳсил                      Маблағи таҳсил    (долл. ИМА)
Факултети тиббӣ (мутахассис)                    6 сол                                      3000-3500
Факултети тиббӣ (бакалавр)                      5 сол                                     3000-3500
Факултети стоматологӣ                              5 сол                                      3000-3500
Факултети фармасевтӣ                               5 сол                                      3000-3300
Факултети нигаҳдории тандурустии ҷомеа    5-6 сол                                  2000-2200

5.    Таҳсил бо забонҳои зерин сурат мегирад:
    Забони англисӣ (курсҳои 1-3)
    Забони русӣ
    Забони тоҷикӣ

Қабул ба гурӯ ҳҳое, ки дар онҳо омӯ зиш бо забони англисӣ сурат мегирад, аз рӯ и меъёри аз тарафи раиси комиссияи қабул муайянгардида, бо назардошти имконияти донишгоҳ дар ҳар соли таҳсил, амалӣ карда мешавад.   
Дар ҳолати донистани забони тоҷикӣ (форсӣ) шаҳрвандони хориҷӣ имконият доранд, ки пас аз супоридани имтиҳонҳои қабул тибқи муқаррароти умумӣ бе таҳсил дар шӯ баи тайёрӣ ба гурӯ ҳҳое, ки омӯ зишашон бо забони тоҷикӣ сурат мегирад, дохил шаванд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши таҳсил бо забони русӣ доранд, ба сафи донишҷӯ ён пас аз хатми шӯ ъбаи тайёрӣ, дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои хатми шӯ ъбаи тайёрӣ қабул карда мешаванд.

ҲУҶҶАТҲОИ АСОСИЕ, КИ  БОЯД АЗ ТАРАФИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӣ БА КОМИССИЯИ  ҚАБУЛИ ДДТТ ПЕШНИҲОД КАРДА ШАВАНД:

    Аризаи шахсӣ ба номи ректор (анкета оид ба қабул ба таҳсил) бо нишондоди ихтисоси интихобшуда ва шакли таҳсил;
    Ҳуҷҷати аслии таҳсилот, ки ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсилот баробар аст (Шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот), бо натиҷаи баҳоҳо, тасдиқи тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ва ё русӣ бо тартиби муқарраргардида;
    Шаҳодатномаи намунаи муқарраршуда дар бораи бо муввафақият хатм намудани курсҳои тайёрии пеш аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ё шӯ ъбаҳои тайёрии яке аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки  ба рӯ йхати расмии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, ки тайёрии пеш аз муассисаи таҳсилоти олии донишҷӯ ёни хориҷиро амалӣ мегардонад;
    Маълумотномаи тиббии намунаи муқарраршуда, ки набудани бемории аломати масунияти бадан (СПИД)-ро шаҳодат медиҳад ва дар он  қайди махсус гузошта шуда, аз тарафи идораи расмии нигаҳдории тандурустӣ тасдиқ шудааст (маълумотномаи аслӣ пешниҳод карда шавад);
    Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба курси 1-ум дохил мешаванд;
    Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти пурра ва инчунин маълумотномаи академӣ (ва ё диплом) дар бораи таҳсилоти олии нопурра, ё диплом дар бораи таҳсилоти касбии зинаҳои гуногун барои дохилшавандагони курси 2-юм ва курсҳои минбаъда;
    Нусхаи шиноснома бо раводид ва қайди амалкунанда (ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан), корти муҳоҷирӣ, 10 дона сурати  3х4 барои виза.     
                      
Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ба комиссияи қабул пешниҳод карда мешаванд, бояд аввалан ба забони тоҷикӣ ва ё русӣ тарҷума карда шуда, аз тарафи мақомоти нотариалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда бошанд. Шаҳодатномаи баробарарзишӣ оид ба таҳсилот, ки аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешавад, бояд ҳамроҳи дигар ҳуҷҷатҳо ба комиссияи қабули ДДТТ пешниҳод карда шавад.
         
Таъмини тамдиди раводидҳо ва назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ

Дар бахши раводид ва ба қайд гирифтани донишҷӯ ён ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои судманд ба роҳ монда шудааст.
Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ барои дохил шудан ба ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино бояд аризаи худро ба номи ректори донишгоҳ пешниҳод намояд. Баъд аз қабул шудани ариза аз тарафи ректор, ШРБ ҳуқуқи фиристодани даъватномаро ба зимма мегирад. Дар асоси даъватнома тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар хориҷи кишвар шаҳрвандони хориҷӣ раводиди (визаи) таҳсилӣ ба даст оварда, вориди Тоҷикистон мегарданд. Шаҳрвандони Руссия, Белоруссия, Қазоқистон ва Қирғизистон дар асоси шартномаҳои дутарафаи байниҳукуматӣ бе раводид метавонанд вориди Тоҷикистон гарданд.
Бақайдгирӣ, назорат, таъмини тартиботи ҳаракат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шароитҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои қабулкунанда, яъне муассисаҳои таълимӣ бояд, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба низоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №231, аз 1-уми феврали соли 1996, тасдиқ гардидааст ва  «Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 218, аз 15-уми майи соли 1999 тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд.
Ҳуҷҷатҳои муҳассилини хориҷӣ ба Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ супорида шуда, барои онҳо қайди солона танзим карда мешавад. Барои донишҷӯ ёне, ки барқарор ва қабул шудаанд, қайдҳои муваққатӣ танзим  карда мешаванд. Мувофиқи қонун шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки дар мӯ ҳлати 3 рӯ з (ба ғайр аз рӯ зҳои истироҳатӣ)   ҳуҷҷатҳои худро барои пешниҳод намудан ба мақомотҳои дахлдор ба шӯ ъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ пешниҳод намоянд. Барои дастрас намудани раводид ва ё дароз намудани мӯ ҳлати он аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:
•    Нусхаи шиноснома
•    2 дона расми 3х4
•    2 нусха корти бақайдгирӣ (замимаи 16)  
•    Маълумотномаи тиббӣ оид ба HIV/AIDS
•    Нусхаи дафтарчаи донишҷӯ
•    Нусҳаи дафтарчаи имтиҳонӣ
•    Нусхаи фармон оид ба қабул ба донишгоҳ
•    Нусхаи шартнома байни донишгоҳ ва шаҳрванди хориҷӣ

 Донишҷӯени ҳориҷӣ ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино

Дар айни замон дар донишгоҳ ҳамагӣ 565 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 15 мамлакати дуру наздик, аз ҷумла  Афғонистон (109 нафар), Арабистони Саудӣ (4 нафар), Ироқ (2 нафар), Қазоқистон (50 нафар), Қирғизистон (16 нафар), Латвия (1 нафар), Озорбойҷон (2 нафар), Покистон (24 нафар), Руссия (22 нафар), Туркманистон (9 нафар), Узбекистон (13 нафар), Ҳиндустон (282 нафар), Эрон (21 нафар), Нигерия (8 нафар) ва Судан (2 нафар) таҳсил менамоянд. Қайд кардан лозим аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта, ки миқдори муҳассилини хориҷӣ дар ДДТТ ба 530 нафар баробар буд, дар соли таҳсили ҷорӣ ин шумора ба миқдори 35 нафар зиёд шудааст.

Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии 565 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 516 нафар донишҷӯ , 11 нафар ординаторони клиникӣ, 3 нафар интерн,  18 нафар магистр, 4 нафар аспирант ва 13 нафар шунавандагони шӯ ъбаи тайёрӣ мебошад. Дар баробари ин, 84 нафар донишҷӯ ён-шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи шартномаҳои байниҳукуматӣ тариқи бурсияҳои таҳсилӣ шомил карда шудаанд. Дар донишгоҳ шумораи донишҷӯ ёни хориҷӣ 7,7%-ро ташкил медиҳад.
Шӯ ъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар робитаҳои зич бо бахши таълим ва тарбияи донишгоҳ фаъолияти худро пеш мебарад. Баҳри беҳтар намудани сифати таълим ва дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯ ёни хориҷӣ ва инчунин баррасӣ намудани масъалаҳои тарбиявӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи ШРБ бо онҳо мунтазам корҳои мақсаднок бурда мешаванд.

Сохтори ШРБ ДДТТ ба номи Абӯ али ибни Сино

Сардори шӯ ъба
Мақсудова Наргис Наимовна
Сармутаҳассис
Додариён Ҳамза Сиддиқ
Сармутаҳассис
Бекмурадов Довран Алтыевич
Мутаҳассис
Зокирова Ситорабону Имомалиевна
Методист оид ба раводид
Муминова Гузел Реҷеповна
Котиба
Ҷалилова Ҷонона Абдурашидовна



Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  734003 ш. Душанбе,  Хиёбони Рӯ дакӣ, 139
          тел: (+992 37) 224 45 83;            факс: (+992 37) 224 36 87
E-mail: interdep.tsmu@gmail.com;  info@tajmedun.tj   
          Cомона: www.tajmedun.tj

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия