• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
ШӮЪБАИ МУОЛИҶАВӢ


Кормандон:


Азимова Чамила Курбоналиевна,
нозир

Хамидов Фируз Мачидович,
нозир

Сангинов Абдугафур Чабборович,
нозир

  Кори муолиҷавӣ -  фасли муҳими фаъолияти гуногунҷабҳаи ДДТТ буда, дараҷаи ҳозиразамон ва ташкили он аз бисёр ҷиҳат сифати раванди таълимро муайян менамояд ва барои моҳиятан баланд бардошани самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Ба  аҳолӣ расонидани кӯмаки ихтисосии муолиҷавию профилактикӣ, ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ расонидани ёрии сарпарастӣ-машваратӣ,  дар байни аҳолӣ таблиғ кардани донишҳои илмии тиббӣ, санитарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ мебошад.
  Корҳои ташхисию табобатӣ ва сарпарастию машваратии кормандони кафедраҳои клиникӣ баробари таъсиси ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шурӯъ гардида, яке аз пешоҳангтарини соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ мебошад. 
  Корҳои ташхисию табобатӣ ва сарпарастию машваратии кормандони кафедраҳои клиникӣ баробари таъсиси ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шурӯъ гардида, яке аз пешоҳангтарини соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ мебошад.
  Аввалин муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ дотсент Тураев А.А. буд, ки аз моҳи феврали соли 1989 то соли моҳи июли соли 1994  ин вазифаро иҷро намудааст. Аз соли 1994 то 1999 д.и.т., профессор Сангинов Ҷ.Р. ҳамчун муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ ифои вазифа намудааст. Баъдан сарпарастии корҳои муолиҷавии донишгоҳ ба дӯши д.и.т., профессор Ғоибов А.Ҷ.  гузошта шуд, ки вазифаи муовини  ректор оид ба корҳои муолиҷавиро аз соли 1999 то соли 2004 иҷро намудааст. Дар давоми солҳои 2004-2008 муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ д.и.т., профессор Шарипова Х.Ё. буд.
  Аз соли 2008 инҷониб вазифаи муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т. Гадоев Б.Ш. мебошад. ӯ ҳамчун яке аз ташкилотчиёни намоёни соҳаи тандурустӣ буда, солҳои тӯлони вазифаи сардори Раёсати захираҳои кадрӣ ва илми Вазорати тандурустиро иҷро намудааст.
  Бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ бо мақсади таҳқим бахшидан ба раванди корҳои муолиҷавӣ, танзим ва таҳлили саривақтии фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ дар моҳи феврали соли 2008 дар назди ба фаъолият шурӯъ намуд.  Ба вазифаи сардори шӯъбаи муолиҷавӣ, н.и.т. Қобилов Қ.К. таъин карда шуд.
  Шӯъбаи муолиҷавӣ фаъолияти сохторҳои зерини донишгоҳро ҳамоҳанг месозад: Маркази ташхисӣ-табобатӣ, Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология», Маркази таълимӣ-клиникии «Эндоҷарроҳӣ» ва 38 кафедраҳои клиникӣ, ки дар базаи муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе  ҷойгир мебошанд. Аз ҷумлаи кафедраҳои клиникӣ 21 кафедра ба кафедраҳои тахассуси терапевтӣ мансуб буда, 17 кафедраи дигар мансуб ба кафедраҳои тахассуси ҷарроҳӣ мебошанд. Базаҳои клиникии кафедраҳо дар ҳудуди 27 муассисаҳои табобатӣ-пешгирикунандаи Вазорати тандурустӣ ҷойгир шудаанд. Аз ҷумлаи ин муассисаҳо 11-тояшон муассисаҳои тобеъи Вазорати тандурустӣ буда, 16-тояшон муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе мебошанд.
  Дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар маҷмӯъ 405 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 152 нафарашон номзадҳои илми тиб ва 63 нафарашон докторҳои илми тиб мебошанд.

Вазифаҳои шӯъба:
1.Истифодаи самараноки потенсиали муолиҷавии донишгоҳ дар ҳалли вазифаҳои ташхисӣ-табобатӣ, илмӣ-амалӣ ва профилактикии соҳаи тандурустӣ;
2.Омода намудани табибон аз рӯи ихтисосҳои гуногун тавассути интернатура ва ординатураи клиникӣ;
3.Гузаронидани тадқиқотҳо бо мақсади беҳтар кардани ҷараёни ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо;
4.Назорати таҳия ва нашри дастурҳои методӣ барои табиб-интернҳо, ординаторони клиникӣ ва табибони беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ;
5.Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти базаҳои клиники донишгоҳ, муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва кафедраҳои клиники донишгоҳ;
6.Танзими фаъолияти базаҳои клиники донишгоҳӣ - Маркази ташхисӣ-табобатӣ, Маркази таълимӣ-клиникии «Стоматология», Маркази таълимӣ-клиникии «Эндоҷарроҳӣ».

  Дар назди шӯъбаи муолиҷавии донишгоҳ Шӯрои муолиҷавӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамоҳангсозӣ, назорат ва таҳлили самаранокии ёрии ташхисию табобатӣ, машваратию сарпарастии кормандони донишгоҳро ба аҳолӣ амалӣ менамояд. Шӯрои муолиҷавӣ аз 24 нафар аъзо иборат аст ва ҷаласаҳои он моҳе як маротиба барпо мегардад....

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2017  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия