• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Май » 14 » 60 солагӣ муборак, Маҳмадамин Имомович!
15:21
60 солагӣ муборак, Маҳмадамин Имомович!

Маҳмадамин Имомовичи муҳтарам !

    Роҳбарият ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати ҷашни мубораки 60-солагӣ самимона  муборакбод   менамоянд.
    Шумо аз ҷумлаи он табибони тоҷик ҳастед, ки пайроҳаи душворгузари илми тибро интихоб намуда, онро бо заҳматњои шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва меҳнатдӯстӣ, бо сари баланд тай намудаед ва тақдири худро тӯли солҳои дароз  бо Донишгоҳи тиббӣ пайвастаед ва ин пайванд ҳамеша қавию мустаҳкам, сермаҳсулу пурсамар будааст.
Оре, инсоне, ки соҳиби чунин қалби рўшан ва хислатҳои наҷиб аст, сазовори ҳурмату эҳтироми ҳамкасбону шогирдон мебошад ва метавонад бо ин ҳама барҳақ фахр намояд.
    Шоистаи зикр аст, ки Шумо чун омӯзгори бомаҳорату баландистеъдод садҳо шогирдонро ба шоҳроњи зиндагӣ ҳидоят сохтаед, ки онњоро дар гӯшаю канорҳои гуногуни Тоҷикистон дидан мумкин аст.
Маҳмадамин Имомовичи азиз!     
    Имрӯз ба синни мубораки 60-солагӣ расидаед ва бигузор чун ҳамеша ғайрату кӯшиш, ҷидду ҷаҳди такмили дониш ва  ҳисси баланди масъулиятшиносиатон  заррае  кам нашавад.    
    Лутфан иҷозат диҳед, бори дигар Шуморо ба ин ҷашни саид табрику таҳният гуфта, бароятон умри дароз, саломатии бардавом, дастовардҳои беназири касбӣ, хотири ҷамъ ва рӯйи сурху табъи болида орзу намоем ва аз забони забони Аҳмади Чомии бузургвор мегӯем, ки:

Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон, ё ақиқ  андар Яман.

Бо эҳтиром,
Ректор,
доктори илмҳои тиб, профессор                                   У.А.Қурбонов

Категория: Поздравления | Просмотров: 468 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия