• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Ноябрь » 28 » 62-умин конфронси илмӣ-амалӣ
09:00
62-умин конфронси илмӣ-амалӣ
62-умин конфронси илмӣ-амалии «Илми тиб ва таҳсилоти тиббӣ»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-29 ноябри с.2014
  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси солонаи илмӣ – амалии олимони донишгоҳро дар мавзӯи «Саҳми илми тиб дар тибби амалӣ» бахшида ба 20 -солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
             
  Конференсияи мазкур дар чорчӯби амалҳои илмиву амалии олимони донишгоҳ, ки натиҷаи таҳлилу баррасӣ ва хулосабарориҳои амиқи мутахассисони соҳаро дар бар мегирад, солона бо мақсади омӯзиши имконоту таҷриба гузаронида мешавад. Зимнан, бо дарназардошти пешрафту тараққиёти ҳаёти инсонӣ дар замони муосир метавон гуфт, ки илм ва амалияи тиббӣ зинаҳои баланди пешрафтро касб кардааст. Дар тӯли садсолаҳои охир илми тиб асрори бемориҳои зиёдеро собит ва роҳҳои муолиҷаи онҳоро пайдо намудааст. Инро пеш аз ҳама дар самти муайян намудани сабаб, ташхис, натиҷа ва оризаи бемориҳо, тарзи пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои қаблан табобатнашаванда метавон исбот намуд. Имрӯз олимону мутахассисони варзидаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси ҷаҳонӣ бо пешниҳоди корҳои илмиву амалии хеш, маъруф гардидаанд. Таърихи 75 солаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро метавон ба се 25 сола тақсим намуд, ки ҳар кадом бо дастоварду муваффақиятҳои намоёни хеш, саҳми босазое дар рушду пешрафти донишгоҳ гузоштаанд. Бахусус, 25 солаи саввум, ки ба солҳои соҳибистиқлолии кишвар рост меоянд, қобили таваҷҷӯҳи бештаре аст. Ин давра, барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ марҳилаи эҳё ва рушду нумуъ дониста мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби олимони донишгоҳ кашфи 198 ихтирооту 990 пешниҳоди навоварӣ, нашри 107 монография, таҳияи бештар аз 17000 мақолаву фишурдаҳо, ҳимояи 57 рисолаи докторӣ ва 385 рисолаи номзадӣ гувоҳи ин аст.
            
    Лозим ба ёдоварист, ки имсол ба нишонии конфронси солонаи илмӣ-амалӣ 411 корҳои илмӣ ворид гардидааст, ки 28 тои онро олимони хориҷи кишвар пешкаш намудаанд.
  Кори конфронс дар панҷ сексия - оид ба фанҳои назариявӣ, молиҷавӣ, тибби оилавӣ, илмҳои ҷарроҳӣ ва сексияи стоматология бештар аз 125 маърӯзаҳои илмиро пешкаш намуда, атрофии онҳо муҳокимаронӣ хоҳанд кард. Дар доираи конференсияи имрӯза, симпозиуми ҷарроҳони кӯдакона баргузор мегардад. Дар кори симпозиум мутахассисони ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисон аз хориҷи кишвар иштирок менамоянд.
            
 Дар рафти конфронс як гурӯҳ ходимони варзидаи сиёсию илмии кишвар ҳузур менамоянд. Чунончӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Академияи илмҳои тибб дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, намояндагон аз меҳмонони хориҷӣ.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
Категория: Новости | Просмотров: 355 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Ноябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия