• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Май » 31 » Қадрдонии устодону кормандон
10:33
Қадрдонии устодону кормандон

Қадрдонии устодону кормандони фаъоли ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

  Тайи чанд соли охир Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо фаъолияти чашмраси илмиву таълимӣ ш
ӯҳрати хосеро чӣ дар миқёси кишвар ва чӣ берун аз он касб кардааст. Бахусус,  давоми соли таҳсили 2012-2013 раванди муваффақияти Донишгоҳи тиббӣ шоёни ифтихор аст. Ин муддат, донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ бо иштироки фаъол дар озмунҳои саросарӣ, пайваста ғолиб омада, сазовори эътибор миёни си муассисаи таҳсилоти олии кишвар шудаанд. Ва ин бурди донишҷӯёни донишгоҳ далели дигаре аз натоичи мусбати ширкати онҳо дар олимпиадаҳои дохилӣ ва байналмилалист. Чунин ширкати босамар ва пирӯзии донишҷӯён ва олимони ҷавон дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ, ҳамчунон барандаи яке аз ҷоизаҳои Бонки Исломии Рушд гардидани донишгоҳ аз ҷумлаи он дастовардҳоест, ки ба эътибори Донишгоҳи тиббӣ шуҳрати дигаре зам намудааст.
  Ба манзури  ҷонибдорӣ  аз фаъолиятҳои ҷавонон ба иддае аз чунин ҷавонони боистеъдоди ДДТТ ба номи Абӯали  ибни Сино  ҷоизаҳо таъсис ва дар доираи ҷашни ҷавонон аз ҷониби ректори донишгоҳ тақдим карда шуд.
  Ва инак, дар идомаи чунин ташвиқ, қисмате аз омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи тиббӣ, ки бо фаъолияти босамар ва талоши мусбат дар афзоиши нуфузи Донишгоҳ саҳмгузор буданд, тақдир карда шуданд. Тавре ки ҷаласаи Раёсати Донишгои тиббӣ қарор намуд, устодон ва кормандоне, ки дар пешбурди фаъолияти донишгоҳ дар давоми соли таҳсили 2012-2013 саҳми арзанда гузоштаанд, бо Ифтихорномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва мукофотпулӣ ба андозаи як маоши вазифавӣ  сарафроз гардонида шуданд.
  Расми тақдими ифтихорномаҳо ба устодону кормандони фаъоли донишгоҳ, дар ҷаласаи Шӯрои олимон аз ҷониби Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич, ректори донишгоҳи тиббӣ сурат гирифт.
  Бо ифтихору сипос,  ин шахсони шоистаи таҳсинро табрик менамоем.

Категория: Новости | Просмотров: 718 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия