• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Август » 27 » Хайдаршо Хамрокуловичи мухтарам!
09:06
Хайдаршо Хамрокуловичи мухтарам!

Хайдаршо Хамрокуловичи мухтарам!

    Роҳбарият ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгохи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи 50-солагӣ самимона  муборакбод   менамоянд.
    Метавон гуфт, ки Шумо умри азизи худро фидои камолоти фарҳангӣ ва ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа сохтаед ва бештар аз ин ифтихори онро дорем, ки тақдири худро тӯли солхои дароз  бо Донишгоњи тиббӣ  пайвастаед ва ин пайванд ҳамеша қавию мустаҳкам ва сермаҳсулу пурсамар мегардад. Хамкасбону ҳамкорон шоҳиди он мебошанд, ки чӣ тавр бо меҳнати ҳалол, саъю кӯшиши бардавом то дараҷаи  як мутахассиси баркамол ва ташкилотчии пухтакору босалоҳият ташаккул ёфтаед. Шумо фаъолияти пурмаҳхсули хешро ҳамчун табиб – ҷарроҳи шуъбаи ёрии таъҷилии БШКЁТТ ш. Душанбе оғоз намуда, солњои 1994-2000  мудири шуъбаи ташхису машваратӣ ва солҳои 2002-2006  мудири шуъбаи эндоҷаррохии ҳамин муассиса будед. Хамзамон аз соли 1995 то 2006 ассистенти кафедраи  бемориҳои ҷарроҳии №1 будед, соли 2002 бомуваффақият рисолаи номзадӣ дифоъ кардед, чаррохи дарачаи олӣ хастед, соли 2010 рисолаи докторӣ ҳимоя кардед. Солњои 2010- 2014 директори Маркази таълимиву клиникии эндоҷарроҳӣ ва аз соли 2011 мудири кафедраи навташкили эндоҷарроҳии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошед.  
Ба Шумо муяссар мешуд, ки дар њамаи самтњои фаъолият, алалхусус таҳқиқоти илмӣ,  омодасозии мутахассисони озмуда ва ташкил намудани хизматрасонии эндоҷарроҳӣ сабку услуби махсуси худро эҷод намоед. 
Хайдаршо Хамроқуловичи азиз!
    Имрӯз ба синни мубораки 50-солагӣ расидаед ва бигузор чун ҳамеша ғайрату кӯшиш, ҷидду ҷаҳди такмили дониш ва  њисси баланди ҷавобгариатон  заррае  кам нашавад.
    Лутфан иҷозат диҳед, бори дигар Шуморо ба ин ҷашни саид табрику тањният гӯем, бароятон умри дароз, саломатии бардавом, дастовардҳои беназири касбӣ, хотири ҷамъ ва рӯйи сурху табъи болида орзу намоем. Бигузор, ҳаёти Шумо њамеша орому осуда бошаду бахту саодат ҳаргиз ошёнатонро холӣ нагузорад ва дуои Саъдии бузургвор мадагоратон гардад!                         

Чӣ некӯ задаст ин сухан бараҳман,
Бувад хурмати ҳар кас аз хештан.
 

Бо эхтиром, 
Ректор,
доктори илмҳои тиб, профессор                              У.А.Курбонов

Категория: Поздравления | Просмотров: 442 | Добавил: Admin | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Август 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия