• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Май » 17 » Ҳаёти одамони наҷиб
12:35
Ҳаёти одамони наҷиб
Ҳаёти одамони наҷиб



  Чорабинии навбатӣ аз силсилаи  «Ҳаёти одамони наҷиб» ба хотири  Сироҷиддинова Умриниссо Юсуфовна, доктори илмҳои тиб, профессор, духтури тахассуси дараҷаи олӣ бахшида шуда буд, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
  Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии проректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Лангариева Ҷ.С. оғоз шуд. Лангариева Ҷ.С. пас аз хайрамақдами ҳозирин суханро ба проректор оид ба  корҳои таълим, доктори илмҳои тиб, профессор  Қурбонов Саид Сафарович гузошт.
  Мавсуф, ки аз хотироти кори хеш бо У.Ю.Сироҷиддинова нақл мекард орзуи   фаъолияти тӯлонӣ намуда, дар  тарбияи табибони оянда, саҳмгузор будани ӯро ёдрас кард.
  Ҳамзамон, профессор Сабурова Анна Мухамадиевна - мудири кафедраи биохимияи ДДТТ, аз фаъолияти, фаъолияти   илмӣ, педагогии устоди арҷманд сухан намуда, таъкид карданд, ки тайи солҳои зиёд бо муаллима риштаи дӯстӣ доранд. Профессор Сабурова аз баргузории чунин чорабиниҳо истиқбол намуда дар ҷаъбаст аз, раёсати  донишгоҳ ва китобхона дар ташкили ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Доктори илми тиб, профессор Додхоева Мунаввара Файзуллоевна- мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №1 ДДТТ, қайд намуданд, ки муаллима на танҳо олима, балки зан  модар низ мебошанд ва дар ин ҷода низ ба комёбиҳои  назаррас расидаанд, фарзандони некро ба камол расониданд, ба пояҳои баланди илм расиданд, аз волидони он кас  ёдовар  шуданд, ки чунин як фарзанди фарзонаро ба камол расониданд.
  Ҳузури  шогирдони муаллима дар чорабинӣ хеле ҷолиб буд. Аз ҷумла Дӯсматова Зулфия  ва шогирдони ӯ бо изҳори миннатдорӣ нисбати муаллима аз ҷумла ба самимияту ғамхории муаллима нисбати шогирдон таҳкид намуда, гуфт, ки доимо дар талоши он аст, ки онҳо ба қуллаҳои боз ҳам баландтарӣ илм бирасанд. Шогирди дигари муаллима- Сайдалиев С. -номзади илмҳои тиб  низ, сипосгузор будани худро аз муаллима иброз намуда, бо ҳисси эҳтиром  шахсияти муаллмаро болотар аз ҳама пешаҳо гузошта, ӯ аз зебогии зоҳирӣ ва ботинии муаллима ёдрас шуда, чун шогирди баихлос  ба муаллима саломатӣ ва дар корҳояшон муваффақиятҳо орзу  намуд.
  Дигар аз ҳозирин чун,  Бобохоҷаев Октам - доктори илмҳои тиб, Рустамов Саидаҳтам-директори маркази миллии бемориҳои сил ва бемориҳои шуш- низ дар ҳаққи муаллима суханҳои нек гуфта ба ӯ орзуи саломатӣ намуданд. Таъкид шуд, ки фаъолияти илмии муаллима ибрати шахсӣ барои ҳидояти дигарон ба қуллаҳои баландтарини илм аст.
  Каримова М.М. мудири шӯъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар ҷамъбасти ин нишаст оид ба осори илмии  муаллима  маълумот дода, бо таъкид ба гирдовардани фишурдае, аз осори муаллима пешниҳод намуд нафароне, ки хоҳиши ошноӣ бо осори пурраи муаллимро доранд, метавонанд ба нишондиҳандаи биобиблиографии муаллима муроҷиат намоянд. Инчунин қайд карда шуд, ки соли 2000 китоби дарсӣ «Силшиносӣ» бо забони давлатӣ аз чоп баромад, ки барои донишҷӯён чун  як тӯҳфаи  гаронбаҳо унвон мешавад. Инчунин солҳои 2009,2010,2011-ин китоб бо таҳриру иловаҳо бознашр шуд.
  Ин чорабинии илмӣ, ки айни замон хеле хотирмон гузашт, бо эҷоди пурмаҳсули муаллима дар оянда  ва ҳидояти табибони ҳозиқ ба ҷодаи илм, поён ёфт.
  Ҳозирин, ки дар раванди ин нишасти илмӣ қаноатманд буданд, бо бардошти хотироти нек, пешниҳод науданд, то чунин чорабиниҳои барои донишҷӯён муфид, идома пайдо кунад.         

Категория: Новости | Просмотров: 711 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия