• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Май » 28 » Ҳаёти шахсони наҷиб
12:43
Ҳаёти шахсони наҷиб
Қамариддинов  Хушкадам Қурбонович
  Дар вохӯрии навбатӣ  аз силсилаи «Ҳаёти  шахсони наҷиб», ки  28-май  дар толори  «Тиб ва табиатшиносӣ»-и  Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд,   ҷашни зодрӯзӣ  доктори илмҳои тиб,  профессор, Камардинов Хушқадам Курбонович   дар шакли мутантан таҷлил гардид.
  Чорабинии  мазкур  бо  сухани  ифтитоҳии корманди китобхона Миралиева З. оғоз шуд, ки соҳибҷашн ва ҳозиринро хайра мақдам намуда,  сипас идомаи сухан ба  намояндаи раёсат  муовини ректор  оид ба корҳои таълимӣ, доктори илмҳои тиб ,профессор Курбонов  С.С.  дода шуд.
  Саид Сафарович  ба ҳангоми сухан бо шодбоши устод ва   ирсоли таманиёти зиёд  қайд намуд,  ки бо дониш, ақл ва заковати худ тавонистанд ба  қуллаҳои баландтарини илм шомил гарданд.   Саид Сафарович  бо қадрдонӣ аз заҳмату маҳорати устод таъкид намуд, ки  ин ҷашнвора бо   ташаббуси кормандони китобхона сурат гирифта,  раёсати донишгоҳ  низ  рӯзҳои наздик  зодрӯзи устодро  таҷлил мегирад.
Доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонов Э.Р. низ  зимни сухнаронӣ устодро табрику таҳният намуда,  аз  ҳаёт ва фаъолият,  сифатҳои хуби устод ёдрас шуд. Профессор Раҳмонов Э.Р., ки  аз  шогирдони устод  аст,  таъкид  намуд, ки  ҳар  он чиро ба даст  овардааст  аз шарофати устод мебинад.  ӯ бо миннатдорӣ, аз заҳмати устод қайд намуд, ки   саҳми устод дар ташаккули кадрҳо дар соҳаи мазкур бениҳоят калон мебошад.
  Оиди маҳсули илмии устод-мудири бахши маълумотдиҳи-библиографӣ Каримова М.М. баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт: мо кормандони китобхона имрӯз дар намоиши китобие, ки ба маърази ҳозирин гузошта шудааст, тасмим гирифтем, то қисмате аз маҳсули эҷодии устодро пешниҳод намоем. Он  асарҳое, ки дар ин ҷо гузошта шудаанд, аз тарафи донишҷӯён ва муттахассисони соҳаи мазкур мунтазам истифода бурда мешаванд ба монанди: «Бемориҳои сироятӣ», «Фасцилеоз человека», «Инфекционные и паразитарные болезни», «Тропическая малярия в Таджикистане», «Малярия: модули таълимӣ», «Классификационные тесты по маляриологии» ва ғайраҳо.  Оиди бархе аз асарҳои устод Каримова М. хулосаи библиографӣ дода, ҳозиринро амиқтар бо проблемаҳои  бемориҳои сироятӣ шинос намуд. Аз ҷумла таъкид  шуд, ки Фассилиоз дар одам  аввалин маротиба ҳанӯз соли 1697 ба  қайд гирифта шуда буд. То солҳои 70-и асри гузашта бошад, ақидае мавҷуд буд, ки он танҳо дар  80 намуди ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳшӣ  дида  шудааст. Дар миқёси  байналхалқӣ дар соҳаи тандурустӣ то ба ҳол китобе, ки тамоми паҳлӯҳои проблемаи фассиолези одамро дар бар гирад, аз чоп набаромадааст. Муаллиф дар ин китоб саъй намудааст, ки  тамоми паҳлӯҳои ин инвазияро дар одамон, дар  марҳилаи ҳозира  омӯзад ва инъикос намояд.
  Дар китоби «Бемориҳои сироятӣ»  бошад устод  дар ҳамбастагӣ бо  Раҳмонов Э.Р. ва Аҳмадов А. оиди  бемориҳои сироятӣ, тарзу усулҳои ташхис ва тарзу усулҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ба тариқи хеле мушаххас, маълумот доданд. Гузашта аз ин гуфтан лозим аст, ки ин китоб  ҳануз соли 2000  ба забони тоҷикӣ, нашр гардидааст.
  Нашри дигар «Малярия»-модули таълимӣ буда, мақсади ин модул омӯзиши ҳаматарафаи клиника, ташхис ва табобати вараҷа дар шароити субтропикии Тоҷикистон мебошад.

Категория: Новости | Просмотров: 636 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия