• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Апрель » 15 » АХБОР
15:48
АХБОР
АХБОР
оид ба иштирок ва саҳми кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарди солим-миллати солим» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ

    Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар таърихи 13.04.с.2012 дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф зери шиори «Фарди солим – миллати солим» баргузор гардид, ки дар ин чорабиниҳо кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино саҳми арзандаи худро гузоштанд. Чунончӣ дар маъракаи асосие, ки дар назди бинои Театри опера ва балетаи ба номи С. Айнӣ гузаронида шуд, ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Қурбонов У.А., муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т. Гадоев Б.Ш., аъзои раёсат, мудирони кафедраҳои клиникӣ, собиқадорони меҳнат, устодони пуртаҷрибаи донишгоҳ, ординаторони клиникӣ, табиб-интернҳо ва донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ иштирок намуданд.   Зиёда аз 30 нафар дотсенту профессорони пуртаҷриба, аз ҷумла профессорон  Ҳамидов Н.Ҳ., Додхоева М.Ф., Осимӣ А.С., Қаҳхоров А.Н., Қамариддинов Х.Қ., Сироҷиддинова У.Ю., Шукурова С.М. Расулов У.Р., Анварова Ш.С., Шарипова Х.Ё., Раҳмонов Р.А., Раззоқов А.А., Раҳмонов Э.Р., Исмоилов К.И., Шаропова Н.М., дотсентон Ҷураева С.Д., Маҳмудназаров М.И., Мазабшоев А.М., Мустафокулова Н.И., Ганиева М.П., Хоҷаева Н.М., Бердиев Р.Н., Хурсандов Н.М., Умаров А.А., Ҳошимов Р.А., Солеҳов Д.Н., Саидов А.С. ва дигарон якҷоя бо дигар табибони муассисаҳои табобатию профилактикии пойтахт ба аҳолии ниёзманди пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ кӯмаки машваратии худро расониданд, ки қисми бештари ниёзмандонро беморони гирифтори фишорбаландӣ, амрози қалб, асаб, гӯшу гулӯю бинӣ ташкил медоданд. Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои зикршуда ба Марказҳои саломатии шаҳрии №№2,3,4, 5,6,7,10 ва 12    ба мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба аҳолӣ панҷ нафарӣ устодони донишгоҳ, дар маҷмӯъ 40 нафар сафарбар карда шуданд.
  Бахшида ба ин дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ аз тарафи кормандони марказ ва устодони кафедраҳо ба зиёда аз 70 ниёзманд ёрии машваратӣ  расонида шуд ва ба онҳо маводи доруворӣ, ки аз тарафи деканати факултети фармасевтӣ дастрас карда шуд,  тақсим карда шуд. Инчунин дар шӯъбаи ҷарроҳии марказ аз тарафи кормандони кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ ба таври ройгон хатнаи анъанавии ду кӯдак ва амалиёти ҷарроҳии як бемор гузаронида шуд.

Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ            Гадоев Б.Ш.
Категория: Новости | Просмотров: 885 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 2.7/3
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Апрель 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия