• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июль » 3 » Ҳамкориҳои донишгоҳ бо ВАО вусъат меёбанд
06:28
Ҳамкориҳои донишгоҳ бо ВАО вусъат меёбанд
Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти худ ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд бо намояндагони ВАО бо ибтикори Дафтари матбуотии ВТ ҶТ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Намояндагии Лоиҳаи USAID Тандурустии босифат дар Тоҷикистон дар Маркази иттилоотӣ оид ба маводи дорувории Донишгоҳ барои рӯзноманигорони шабакаҳои иттилоотии ш. Душанбе дар таърихи 19 июни соли 2013 семинар – тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи: «Чиро оиди антибиотикҳо бояд донист? Антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он» ташкил ва гузаронида шуд.

Мақсади асосии гузаронидани чунин даври омӯзишӣ пеш аз ҳама боло бурдани маърифати тиббии мардум оид ба истифодаи самараноки маводҳои доругии зиддибактериявӣ ва расонидани маълумоти саҳеҳу эътимоднок ба аҳолӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма мебошад. Дар ин семинар – тренинги омӯзишӣ 15 нафар рӯзноманигорони нашрияҳои давлатӣ ва мустақил, радио ва телевизион иштирок намуданд. Дар рафти семинар мутахассисони МИМД оид ба усулҳои дурусти таъиноти антибиотикҳо аз тарафи духтур, тарзи дуруст ҷавоб додани ин гурӯҳи маводҳои доругӣ аз дорухона ва истифодаи дурусти он аз тарафи бемор, антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф намудани он, риоя намудани шароити нигоҳдории маводҳои доруворӣ шароити дар хона ва инчунин дигар масъалаҳои муосир оид ба антибиотикҳо ба рӯзноманигорон маълумотҳои дақиқ, эътимоднок ва илман истботшуда пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин ҳозирин дар бораи дастрас намудани доруҳои бе дорухат аз дорухона ҷавоб додашаванда, оқибатҳои номатлуби маводҳои зиддибактериявӣ ҳангоми муолиҷаи бемориҳои вирусӣ, таъсири мутақобилаи байниҳамдигарии доруҳо, хатогиҳои эҳтимолии аҳолӣ ҳангоми худмуолиҷакунӣ ва худтавсиякунии антибиотикҳо мубодилаи афкор намуда, баҳсҳои ҷолиб доир карданд ва донишҳои худро мукаммал намуданд.

Дар ҷараёни семинар – тренинг бо рӯзноманигорон саҳначаҳои хурд гузаронида шуда иштирокчиён дар нақшҳои «бемор» бозӣ намуданд. Дар ин саҳначаҳо мутахассисони МИМД нақши «духтур» ва «фармасевт» - ро иҷро намуда, ба иштирокчиён аҳамияти системаи «духтур – фармасевт – бемор» - ро шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин баъди саҳначаҳо фикру ақидаи иштирокчиён оиди ҳолатҳои дар саҳначаҳо иҷрошуда фаҳмида шуда, аз нуқтаи назари рӯзноманигорӣ баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми семинар – тренинг рӯзноманигорон фикру андешаҳои худро оиди чорабинии мазкур баён намуда зикр карданд, ки бояд чунин давраҳои омӯзишӣ бештар ташкил ва гузаронида шавад, то ки онҳо бо мардум ба таври соддатар ин масъалаҳоро фаҳмонида тавонанд. Ҳамчунин аз ташкил ва гузаронидани чунин семинарҳо рузноманигорон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.
Категория: События | Просмотров: 739 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июль 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия