• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 27 » Ҷарроҳии эндопротезӣ
10:51
Ҷарроҳии эндопротезӣ
Ҷарроҳии эндопротезӣ дар МТТ- и донишгоҳ муваффақона анҷом ёфт
  Дар Маркази ташхисӣ-табобатии донишгоҳ бори аввал ҷарроҳии эндопротезӣ муваффақона  анҷом  дода  шуд. 
    Ба мутахассисони  марказ бемор Файзигул Одинаева-сокини 55 солаи ноҳияи Вахш бо шикояти дарди шадид дар қисмати буғуми косу рони чап муроҷиат намуд. Мувофиқи гуфтааш ӯ беш аз панҷ сол боз аз ин дард азият мекашид. Чандин бор табобатҳои амбулаторӣ гирифта бошад ҳам фоидае накард. Ҳангоми ҳаракат душвории сангинро ҳис карда шабҳо бехобӣ мекашид. Баъди гузаронидани муоинаи рентгении рақамӣ мутахассисони марказ ба ӯ ташхиси коксаартрози дистрофикии сараки устухони рони чапро гузошта, барои гузаронидан амалиёти ҷарроҳии  эндопротезии буғуми косу рони чап ӯро дар шуъбаи ҷарроҳӣ хобонданд.  Муонаи ҳаматарафа ба хулосае овард, ки сараки устухони рони чап тарқи ҷарроҳӣ соқит карда, ба ҷои он сараки сунъӣ гузошта шавад.
                        
   Рӯзи 5 январ бо иштироки доктори илмҳои тиб, профессор Саидбилол Хушвахтович Қурбонов, номзадҳои илми тиб Мирзо Абдуллоевич Шарифов ва Валиҷон Алиевич Нарзуллоев  амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.
   - Амалиёт ду соат идома ёфта муваффақона анҷом ёфт, -гуфт дар суҳбат ҷарроҳи марказ М.А.Шарифов, - мо тавонистем, ки сараки осебдидаи устухони рони беморро гирифта ба ҷои он сараки сунъии истеҳсоли испанӣ, ки аз титан тайёр карда шудааст, гузорем.
Бемор, Файзигул Одинаева  баъди ҷарроҳӣ боз 8 рӯзи дигар табобати тавонбахшӣ гирифта рӯзи 13 январ ҷавоб дода шуд. Ҳоло марҳилаи барқарорёбии ҷои ҷарроҳигаштаро дар маҳалли зисташ идома медиҳад. Бо мутахассисони марказ ҳамарӯза дар тамос аст.  Аз дард дигар шикоят надорад ва хобравӣ ҳам дар ӯ ба меъёри муқаррарӣ даромадааст.
               
  Чунин амалиётҳои ҷарроҳиро одатан дар Маркази ҷумҳуриявии осебшиносӣ ва шикастандӣ ва Беморхонаи Ибни Сино анҷом медиҳанд ва дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ бошад, ин амалиёти аввалинест, ки бо қувваи мутахассисони марказ анҷом дода шуд.
  -Имкониятҳои Маркази ташхисию табобатӣ бо дастгирии роҳбарияти ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино имрӯз хеле беҳтар гаштаанд ва мо мақсад дорем, ки ояндаи наздик бо истифода аз ин имкониятҳо дар ин ҷо  амалиёти ҷарроҳии эндопротези буғуми зонуҳоро амалӣ намоем, - мегӯяд  ҷарроҳи соҳибтаҷрибаи маркази мазкур М.А.Шарифов.
М.Мазиёев
Категория: Новости | Просмотров: 561 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия