• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Ноябрь » 4 » Ҷашни 20-солагии Сарқонун дар донишгоҳ
17:09
Ҷашни 20-солагии Сарқонун дар донишгоҳ

Имрӯз, яъне 4 ноябр дар толори Синои донишгоҳ, ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони азиз маҳфили зебову бошукуҳ барпо гардид. Чорабиниро муовини аввали ректори донишгоҳ, профессор Қурбонов Саид Сафарович ифтитоҳ бахшид. Мавсуф табрикоти роҳбари донишгоҳро ба устодон ва донишҷӯён расонида, роҷеъ ба мақом ва моҳияти Сарқонун дар ҳаёти ҷомеа маълумоте чанд манзур намуд. Дар маҳфил судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Каримов Карим Мазиёевич ва роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои њуқуқ Ҳошимзода Даврон Додоҷон ба ҳайси меҳмон иштирок намуда, дар суханронии худ атрофи модда ва бобҳои алоҳидаи Сарқонун суҳбат оростанд. Номбурдагон, инчунин дар бораи таърихи қабули Сарқонун ва баъзе паҳлуҳои афзалияти ин ҳуҷҷати асосии кишвар нисбат ба конститутсияҳои дигар мамлакатҳо маълумоти арзишнок дода, дар интиҳои суханронӣ аҳли устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонуни мамлакат муборакбод намуданд. Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Амонова Сабоҳат Бобишоевна тавассути маърӯзаи хубу пурмуҳтаво дар мавзӯи «Моҳияти демократии Конститутсияи Тоҷикистон» саршору фарогири меъёрҳои демокративу адолатпарстӣ будани Сарқонуни Тоҷикистонро шарҳу баён сохт. Дар фосилаи байни суҳбату суханрониҳо аъзои дастаи «Шифо» бо шеъру тарона ва сурудҳои ватанпарварона маҳфилро ҳусну ҷилои фарҳангӣ бахшиданд. Дар воқеъ, қабули Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) барои мардуми тоҷик яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои арзишноки таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар он беҳтарин орзуву омоли ниёгон ва насли имрӯзи кишвар, бо дарназардошт ва риояи принсипҳои демократию арзишҳои умумибашарӣ бозгӯ шудааст. Муҳимтар аз ҳама он, ки Сарқонуни Тоҷикистони азизи мо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва аз ин рӯ, бо ифтихор онро Сарқонуни миллӣ ё мардумӣ гуфтан роиҷ аст. Ҷашни 20-солагии Сарқонуни мардумӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Лаҳзаҳо аз ҷараёни ҷамъомад

(Шуъбаи фарҳанги донишгоҳ)

Категория: События | Просмотров: 398 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Ноябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия