• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Сентябрь » 25 » Ҷашни 80 солагӣ муборак!
16:00
Ҷашни 80 солагӣ муборак!

Набиҷон Хамидовичи  мухтарам,

      Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино бо камоли эњтиром ва ифтихори бепоён Шуморо ба муносибати ҷашни фархунда ва табарруки 80-солагии зодрўзатон самимона  муборакбод   менамоянд. 
      Метавон гуфт, ки Шумо умри азизи худро фидои тандурустии аҳли ҷомеа сохтаед ва дар тўли умри пурбаракататон на танҳо ҳамчун табиби ҳозиқ ва мутахассиси беҳамтои соҳа ном баровардаед, балки чун олими пухтакор ва пажўҳишгари варзидаи соҳаи бемориҳои дил чӣ дар байни олимони ватанӣ ва чӣ дар байни мутахассисони хориљӣ мавқеи сазовори худро пайдо намудаед. Махсусан, кору фаъолияти Шумо солхои охир дар кафедраи бемориҳои дарунии №2  шоиста ва назаррас мебошад
     Шумо хамчун раиси профессори кафедраи ДДТТ ба ногми Абӯалӣ ибни Сино дар ҳифзи сиҳатии  аҳолии ҷумҳурӣ низ дар ривоҷу равнақи ин самти мушкили соҳа хизматҳои арзандаеро ба ҷо овардаед. Саҳматон дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа низ беназир аст. Шаҳодати ин таҳти роҳбарии бевоситаатон ба унвони номзади илмҳои тиб муваффақ гаштани шогирдонатон мебошад, ки имрўз дар муассисаҳои гуногуни тандурустии мамлакат ва хориҷи кишвар бомуваффақият фаъолият менамоянд. 


       Устоди азиз, Набиҷон Хамидович,

        Бори дигар Шуморо бо ҷашни зодрўзатон табрику муборакбод намуда, бароятон осмони софу  беғубор, тани дурусту хотири ҷамъ хушбахтию некномиҳои зиёд  орзу менамоем ва аз забони Бедили бузургвор гуфтанием

        Ба маҳфил шамъи рахшон, дар гулистон рангу бў бошӣ,
Илоҳо, ҳар куҷо бошӣ, маҳити обрў бошӣ.


    Бо эҳтиром, 
    Ректор,
    доктори илмҳои тиб, профессор                       У. А. Курбонов
 

Категория: Поздравления | Просмотров: 500 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Сентябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия