• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Май » 14 » ҷашни фархундаи 80-солаги муборак!
14:44
ҷашни фархундаи 80-солаги муборак!

Аслишо Мазабшоевичи муҳтарам!

      Роҳбарият ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром, садоқати бепоён ва хушнудӣ Шуморо ба муносибати ҷашни муборак, яъне ҷашни фархундаи 80-солагиатон самимона  муборакбод   менамоянд.
Ҷои хушист, ки Шумо  ин лаҳзаҳои бароятон нотакрорро бо сари баланд, ифтихори бепоён ва сиҳатии комил дар ҳалқаи ёру бародарон, шогирдон ва ҳамкорони қадрдони худ истиқбол мегиред ва мо низ ба фараҳмандиву шодии бепоён бо аҳли байти Шумо худро шарик меҳисобем.
      Шумо аз ҷумлаи он инсонҳои хушбахте мебошед, ки умри азизи хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон карда, дар дилашон тухми шафқату  дардошноӣ киштаед, эшонро ба ҳукми фарзандони хеш шинохта, дидаю  қалбҳои онҳоро аз лутфи муоширату сафои мафкура ва ҳусни рафтору покии ният лабрез сохтаед, ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар миёни шогирдони бовафову донишманди худ бо сарафрозӣ ва ифтихор давлати пирӣ меронед!
Метавон гуфт, ки шифо бахшидан ба дардмандону саҳм гирифтан дар рушду нумӯ  ва пешрафти тандурустии аҳли ҷомеа самти дигар ва хеле муҳими фаъолияти касбии Шумост ва бештар аз ин ифтихори онро дорем, ки тақдири худро тӯли ин солҳо ба Донишгоҳи тиббӣ пайвастаед ва ин пайванд ҳамеша қавию мустаҳкам ва сермаҳсулу пурсамар будааст.
     Шумо фаъолияти меҳнатии хешро соли 1961 аз вазифаи табиби бемориҳои чашми  беморхонаи  вилоятии ш. Хорӯғ оғоз кардаву солҳои 1961-1963  ба ҳайси мудири беморхонаи минтақавии ш. Хорӯғ ва солҳои 1963 -1967 мудири ҳуҷраи  трахоматозии беморхонаи вилоятӣ, соли 1967 сартабиби диспансери трахосатозии  вилоятии ш. Хорӯғ фаъолият кардаед. Хушбахтона, тақдири хешро аз соли  1967 бо Донишгоҳи тиббӣ пайвастед ва то имрӯз ин пайванд самари нек медиҳад.  Аз соли 1973 ассистенти  кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва  аз соли 1997 дотсенти ҳамин кафедра будед. Солҳои 2011 -2013 вазифаи пурмасъулияти мудирии кафедраи мазкурро бо хуб анҷом додед.
Шумо як табиби ҳозиқ, олим ва донишманди серкору пурмаҳсул ҳастед, муаллифи зиёда аз 48 таълифоти илмиву таълимӣ, аз ҷумла, китоби дарсӣ ҳастед.  
   Инсоне, ки соҳиби чунин қалби рӯшан ва хислатҳои наҷиб аст, сазовори ҳурмату эҳтироми ҳамкасбону шогирдон мебошад ва метавонад бо ин ҳама барҳақ фахр намояд.
Аслишо Мазабшоевичи азиз!
       Бори дигар, лутфан, иҷозат диҳед бароятон тандурустӣ, бахту саодат ва дастовардҳои тару тозаи илмиву амалӣ таманно намоем. Бигузор, ҳаёти Шумо ҳамеша орому осуда бошаду бахту саодат ҳаргиз ошёнатонро холӣ нагузорад ва дуои Шайх Саъдӣ мадагоратон гардад!                         

Чӣ некӯ задаст ин сухан бараҳман,
Бувад ҳурмати ҳар кас аз хештан.


Бо эҳтиром,
Ректор,
доктори илмҳои тиб, профессор                          У. А. Қурбонов

Раиси иттифоқи касабаи
кормандои  донишгоҳ                                        М. А. Шарифов   

 

Категория: Поздравления | Просмотров: 447 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия