• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Октябрь » 28 » Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод…
08:45
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод…
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод…

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Ҷураева Ш.Ф.-д.и.т.,
декани факултети стомотологӣ


1.Оё саломатии модар дар даврони бордорӣ ба рушди дандонҳои кӯдак таъсир мегузорад?
Албатта, саломатии модар дар даврони бордорӣ ба рушди дандонҳои кӯдак таъсир мегузорад, бахусус давоми ҳафтаи 6-7 уми бордорӣ, ки раванди сабзиши  дандонҳост. Аз мутолеаи пажуҳиши муқаддимоти дандонҳо бармеояд, ки ба ҳангоми ҳомиладории потологӣ минерализатсияи решаи дандонҳо кунд мешавад, воридшавии миқдори калций ва минерал дар бофтаи дандонҳо  кам шуда, ҳатто дар баъзе мавридҳо қатъ мешавад, ки баъдан боиси таъхир дар сабзиши дандонҳо ва ё пайдоиши дард дар дандонҳои мувақатти ва ё тавре ки мегӯянд ширии  кӯдакон мегардад.
2. Аксар маврид дар занони бордор ҳолати беҳдоштии даҳону дандонҳо бад мешавад, сабабаш чӣ бошад?
    Ба ҳангоми ҳомиладорӣ ва давраи ширмаконӣ бо таваҷҷӯҳ ба раванди гузариши тағйирот дар бадан, ниёз  ба витамин ва микроэлементҳо афзоиш меёбад. Тағйирот дар мубодилаи калсиум- фосфорҳо  низоми бофтаҳои сахти дандонҳои зани ҳомиларо, аз ҳисоби коҳиши механизмҳои эҳёгарӣ, амсоли   омилҳои таъсиргузори умумӣ,   коҳиш медиҳад. Заиф шудани ҳолати беҳдоштии даҳону дандонҳо ва тағйирот дар таркиби моеи хӯрокҳо, асари омилҳои потологиро афзоиш дода, боиси мариз шудани дандонҳо  ва гирифтори ба пародонт  мегардад.
3.Ғайр аз дарди дандон,метавонад бемор ба ҳангоми ҳомиладорӣ аз дарди милки дандонҳо низ  ранҷ барад ?  
Албатта, тағйироти гармонӣ дар даврони ҳомиладорӣ боиси  тағйирёбии моддаҳо дар парадентҳо ( маҷмӯи бофтаҳои атрофи дандонҳо) низ  мегардад, ки имкони сар задани  илтиҳоби бофтаҳои атрофи дандонҳо, яъне милки дандонро ба миён меорад. Ин раванд пайваста мушоҳида мешавад,  ҳатто қабл аз ҳомиладорӣ низ дар занҳо аввалин аломатҳои  бемории парадонт (илтиҳоби дандон) ба назар мерасад ва дар сурати бамавқеъ муолиҷа нашудан ба шадидтарин навъи беморӣ – парадонт оварда мерасонад. Хунравӣ аз милкҳо шурӯъ мешавад, беҷошавӣ  ва ҷунбидани дандонҳо ба назар мерасад, санги дандон пайдо шуда, дар он бақияи хӯрок ҷамъ мешавад, ки манбаи сирояти даҳон ва дандони зани ҳомила мегардад. Ин ҳолат натанҳо ба саломатии дандонҳои кӯдак, балки куллан ба саломатии ӯ таъсири манфӣ мерасонад.
4. Агар дар даврони ҳомиладорӣ ниёз ба кандани дандон ба миён ояд, дар ин маврид чӣ бояд кард?     
  Дар давоми ҳомиладорӣ мавридҳои хоси манъи  табобат ва кандани дандонҳо вуҷуд дорад, аммо мутлақо ҷилавгирӣ намудан аз ин ҳолат мавҷуд нест. Табиб ташхиси комил мегузаронад, тавсияҳои лозим барои нигаҳдорӣ аз даҳону дандонҳоро медиҳад ва раванди муолиҷаро мушаххас намуда, сипас  барои кандани дандон иҷозат медиҳад. Ҳоло маводи беҳискунии  махсус барои  занҳои ҳомила вуҷуд дорад, ки ҳеҷ зараре на ба саломатии модар ва на ба кӯдак надорад. Аммо тибқи қоида, кандани дандонҳо дар вақти  ҳомиладорӣ   танҳо дар мавридҳои хеле зарурӣ, масалан дарди аз ҳад зиёд ё ба таври маъмулӣ, он ҳам дар семоҳаи дуввуми ҳомиладорӣ иҷоза дода мешавад.
5. Иқдомоти  пешгирикунанда ва ё профилактикаи қабл аз ҳомиладорӣ вуҷуд дорад ?
Профилактика ( ҳушдор)-и  бемориҳои дандон бояд қабл аз раванди ҳомиладорӣ сурат гирад. Гузаштан аз назорати духтури дандон ҳатмӣ буда,  пас аз баррасии вазъи даҳону дандонҳо, маҷмӯи корҳои муолиҷавии пешгирӣ аз маризии даҳону дандон  гузаронида мешавад. Бояд таъкид кард, ки қисмати даҳон метавонад сарчашмаи шурӯи ҳаргуна бемориҳо бошад. Яъне, авҷи инфекция ё худ уфунат дар даҳону дандон  ба осонӣ дар тамоми узви бадан паҳн мешавад. Бинобар ин, гузаштан аз профилактика дар тамоми ҷараёни ҳомиладорӣ муҳим ва зарур аст. Ба занон тавсия мешавад, ки маҷмӯи амалҳои профилактикиро анҷом дода, тарзи дурусти меҳнату истироҳат,  ғизои комил ва дармон бо витаминҳоро риоя намоянд.
6. Агар Шумо барномаи профилактикии бемориҳои стомотологии занони ҳомиларо тартиб медодед, кадом нуктаҳои муҳимро шомил мекардед?
 Ба назари ман, гузаронидани омӯзиши стомотологӣ миёни аҳолӣ, бахусус миёни заноне ки нияти ҳомила шуданро доранд, хеле муҳим аст. То ки ангезаи беҳбудии сатҳи саломатии стомотологии занон ва насли ояндаро тақвият дода, гигиенаи шахсии нигаҳдорӣ аз даҳону дандонҳо ва назорати  профессионалӣ аз ин қисмати баданро омӯзиш диҳем. Ҳамзамон, лозим аст, ки таваҷҷӯҳи хосе ба  тарзи истифода аз ғизои  занони ҳомила, бахусус истифода аз маводи дорои витамин ва минералҳо зоҳир карда шавад.  
                                       Зӯҳра Турсунова,
                                                  Сармутахасиси шуъбаи таҳлил,
                                          назорат ва робита бо ҷомеа.

Категория: Новости | Просмотров: 664 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия