• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Октябрь » 28 » Ба хотираи олимаи номӣ
11:54
Ба хотираи олимаи номӣ
Ёдбуд
Ба хотираи олимаи номӣ
     Дар кафедраи биология бо асосҳои генетика гӯшае ба хотираи Лола Исмоилова - профессор, доктори илмҳои биологӣ, собиқ мудири кафедраи мазкур кушода шуд. Ба ин  муносибат рӯзи 14 октябр дар кафедраи мазкур маҳфили зебои ёдбуди ин зани фарзона  барпо гашт, ки онро бо сухани муқаддимавӣ ноиби ректори донишгоҳ, профессор С.С.Қурбонов ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои бузурги профессор Лола Исмоилова дар тарбияи мутахассисони  ҷавони тиб ва таҳкими кору фаъолият дар кафедраи биология бо асосҳои генетика  чанд сухан гуфт. Баъд мудири кафедраи мазкур дотсент М.Ё.Холбеков ба аҳли маҳфил бо хурсандӣ хабар расонд, ки кормандони кафедра ба хотири гиромидошти хизматҳои Лола Исмоилова муддати чанд моҳ аз ҳаёт ва фаъолияти бенуқсони ин олимаи номӣ маводҳои ҷолиби диққат ҷамъоварӣ намуданд, ки минбаъд як гӯшаи ин утоқи дарсиро оро хоҳанд дод. Дар байни маводҳои ҷамъовардашуда ҳуҷҷатҳои корию шахсии Лола Исмоиловна, сурату расмҳои ӯ , китобу дастурҳои навиштаи олимаи зиндаёд ва боз ашёҳои зиёде гирд оварда шудаанд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти пурмазмуни ин олимаи варзида, ки дар байни занони маҳаллии тоҷик аввалин шуда ба гирифтани унвони доктори илми биология сазовор гаштааст, нақл менамоянд.
Лола Исмоилова  солҳои зиёд ба кафедраи мазкур роҳбарӣ мекард ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёт бо кафедра ва устодони он, ки ҳар кадомашонро шогирдони содиқу бовафои худ ҳисоб мекард, робитаи доимӣ дошт. Моҳи ноябри соли 2009 дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 70-солагии таъсисёбии донишгоҳ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба профессор Лола Исмоилова барои саҳми бузургаш дар таълиму тарбияи мутахассисони олидараҷаи тиб медали «Хизмати шоиста » супорида буд.
Воқеан, рӯзи баргузории маҳфил низ беҳуда 14 октябр интихоб нагардида буд, Лола Исмоилова маҳз дар ҳамин рӯз ба дунё омада, имсол ба зодрӯзаш 85 сол пур шуд. Наздикону пайвандони олимаи зиндаёд, ки дар маҳфил иштирок доштанд, ба роҳбарияти донишгоҳ барои ин қадршиносии баланди хизматҳои Лола Исмоилова арзи миннатдорӣ намуданд.


М. Мазиёев
Категория: Новости | Просмотров: 674 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 4.0/3
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия