• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Май » 7 » «БАҲОРИ ТИБ» ДАР ДДТМ-и 1 БА НОМИ И.М. СЕЧЕНОВ
14:44
«БАҲОРИ ТИБ» ДАР ДДТМ-и 1 БА НОМИ И.М. СЕЧЕНОВ
ГУЗОРИШ ПЕРОМУНИ САФАРИ МОСКВА ҶИҲАТИ ШИРКАТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ВА  ҶАМЪБАСТИИ ДОНИШҶӯЁНИ САРОСАРИ РУСИЯ ТАҲТИ НОМИ «БАҲОРИ ТИБ» ДАР ЯКУМИН ДДТМ БА НОМИ И.М. СЕЧЕНОВ





  Чанде пеш унвонии ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми тиб, профессор У.А.Қурбонов аз номи проректори бахши илму фаъолияти инноватсионии  якумин ДДТМ ба номи И.М. Сеченов- доктори илми тиб, профессор В.Н. Николенко даъватномае ворид шуд. Дар он нома омада буд, ки мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии  донишгоҳи мо - д.и.т. Ҷӯраева Ш.Ф. барои ширкат дар ҳайати доварони бахши «Стоматология»-и конференсияи мавсум ба «Баҳори тиб», ҳамчунин донишҷӯён Баҳром Латифӣ, Ортиқова Нигина, Латифова Рухшона, Назарализода Нилуфар барои ширкат бо маърӯзаҳои даҳонӣ фаро хонда шудаанд.
  Гурӯҳи донишҷӯён таҳти мушоияти роҳбари он ба туфайли дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ субҳи рӯзи 23 апрели соли 2013 вориди шаҳри Москва гашт. Конференсияи мавсум ба «Баҳори тиб» тайи рӯзҳои 23-25 апрел дар якумин ДДТМ ба номи И.М. Сеченов ҷараён гирифт, ки ҳадафи он интегратсия (инзимом)-и улуми донишгоҳию бунёдӣ, ошкорсозии ҷавонони нисбатан лаёқатманд ва ҳозир барои дар оянда пеш бурдани фаъолияти эҷодӣ ба ҳисоб мерафт.
  Кори конференсия дар чаҳорчӯби 10 бахши зерин ба роҳ афтод:
улуми тиббию биологӣ; терапия;    ҷарроҳӣ; урология; педиатрия; акушерию гинекология; стоматология (ҷаласоти ин бахш ба забонҳои русию англисӣ ҷараён мегирифт); фармаси; созмондиҳии тандурустӣ ва тибби профилактикӣ.
  Дар кори конференсия донишҷӯёни беш аз 25 шаҳри Федаратсияи Русия  ва хориҷаи наздик ба шумули Омск, Урал, Перм, Саратов, Қазон, Белорус, Рязан, Оренбург, Волгоград, Воронеж, Луганск, Твер, Чувашистон, Мордовия, Новосибирск, Санкт-Петербург, Белгород, кишвари Олтой ва ҳайати озим аз Душанбе ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ҷараёни кори конференсия ба теъдоди зиёд маърӯзаҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббию стоматологии ба номи А.И. Евдокимов ва якумин ДДТМ ба номи И.М. Сеченов муаррифӣ гаштанд.
  Мо рӯзи аввали кори конференсия дар ҷаласаи  умумии ифтитоҳӣ ширкат намудем. Баъдан донишҷӯён давраи амалии реаниматсияи дилу шуш - «Бо дасти худ анҷом додани ёрии аввалия»-ро  пушти сар гузоштанд. Донишҷӯёни мо бар рӯйи тренажёрҳои Маркази маълумоти касбию пайвастаи якумин ДДТМ ба номи И.М. Сеченов  ёдгирии амали дурусту босарфаро тайи лаҳзаҳои буҳронӣ машқ намуданд.
  Барномаи экскурсионӣ барои ширкаткунандагони конференсия шомили дидор аз озмоишгоҳҳои муҳими якумин ДДТМ ба номи И.М. Сеченов буд. Донишҷӯён бо фаъолияти илмию таҳқиқотие, ки дар чаҳорчӯби улуми донишгоҳӣ сурат мегирад, ошно шуданд.
Ҳамчунин мо аз Осорхонаи таърихи тибби  якумин ДДТМ ба номи И.М. Сеченов дидор ба амал овардем. Осорхонаи мазкур ба узвияти  Анҷумани аврупоии осорхонаҳои таърихи илми тиб шомил буда, дар худ маводи бешумори намоиширо ғунҷонидааст, ки ба сурати аёнӣ марҳалаҳои асосии рушди тибби Русияро дар маърази дид мегузорад.
Мо тайи рӯзи дувуми кори корференсия шоҳиди  фаъолияти ду ҷаласаи бахшвори стоматология гаштем. Дар бахши «Стоматология» донишҷӯёни курси 3-юми факултаи стоматологӣ - Латифова Рухшона ва Баҳром Латифӣ ба забони русӣ суханронӣ намуданд.
  Барои нахустин бор дар таърихи баргузории конференсияҳои донишҷӯӣ бахши англисии «Стоматология» фаъолият намуд, ки зимни он донишҷӯи курси 4 Ортиқова Нигина маърӯзаи худро ироа кард. Ҳайати доварон ҳангоми натиҷагирӣ  ба ин хулоса омад, ки маърӯзаҳои муҳаққиқони тозадам дар сатҳи хуби илмӣ тарҳрезӣ шуда, ба таври боварибахш садо доданд ва бо рӯнамоии пурдурахш ҳамроҳӣ ёфтанд. Ҳамчунин дониши хуби англисӣ доштани Ортиқова Нигина аз ҷониби ҳайати доварон холисона таъкид гашт.
  Ҳамин тариқ, донишҷӯ Баҳром Латифӣ ба дарёфти шоҳҷоиза даст ёфт. Дар рӯзи хатми тантанавии конференсия ба Баҳром Латифӣ дипломи ғолибият ба хотири беҳтарин маърӯзаи илмӣ дар бахши «Стоматология» супурда шуд. Донишҷӯдухтарон Латифова Рухшона ва Ортиқова Нигина ба хотири ширкати фаъолашон дар кори бахши марбута ифтихорнома ба даст оварданд. Зимни ҷаласаи хотимавӣ ба д.и.т. Ҷӯраева Ш.Ф. навбати сухан дода шуд, ки номбурда ба роҳ мондани чорабиниҳои илмиро ба ин вусъату паймона муҳим арзёбӣ намуда, ба мубрамии мавзӯъҳои конференсия ва доираи васеи масъалаҳое, ки тавассути иштирокдорони конференсия матраҳ гаштанд, ишора фармуд.
  Донишҷӯён ҳамчунин дар барномаи «Нишасти ғайрирасмӣ» ширкат варзиданд. Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур тамошои якҷояи як филм бо баррасии баъдии он роҳандозӣ шуд. Вохӯрии мазкур чунин имкониятеро фароҳам сохт, ки масъалаҳои мубрами илмию иҷтимоиро дар як фазои самимию дӯстона ба баррасӣ гирем, бо ҳамкоронамон аз мактабҳои олии дигар қаробату наздикии бештар ҷӯем.
  Донишҷӯён имкон доштанд, то бо ҳаёти маънавию фарҳангии шаҳри Москва ошноӣ пайдо кунанд. Ба ин манзур мо дар Кохи Кремл балети «Ҳазору як шаб»-ро тамошо кардем, ба бурҷи Останкино сайри илмӣ (экскурсия) анҷом додем, аз Китобхонаи марказии илмию таҳқиқотӣ, майдони Манеж ва Кремл дидан ба амал овардем, дар боғи Александр сайругашт намудем.
  Дар хотима донишҷӯён ва роҳбари илмии ҳайат ба ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми тиб, профессор У.А. Қурбонов ба хотири мусоидаташон дар шаклгирии ин сафари хотирмон ба шаҳри Москва ва ширкат дар кори конференсия, ки дареро бар рӯйи имконоту тамосҳои тозаи илмӣ боз намуд, сипоси бепоёни худро  баён медоранд.


ОТЧЕТ О ПОЕЗДКЕ НА ИТОГОВУЮ ВСЕРОССИЙСКУЮ СТУДЕНЧЕСКУЮ НАУЧНУЮ КОНФЕРЕНЦИЮ С МЕЖДУНАРОДНЫМ УЧАСТИЕМ «МЕДИЦИНСКАЯ ВЕСНА» В ПЕРВЫЙ МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ МЕДИЦИНСКИЙ УНИВЕРСИТЕТ
ИМЕНИ СЕЧЕНОВА

На имя ректора ТГМУ им. Абуали ибни Сино, доктора медицинских наук, профессора У.А. Курбонова было получено пригласительное письмо от проректора по научной и инновационной деятельности Первого МГМУ им. И.М. Сеченова, доктора медицинских наук, профессора В.Н. Николенко. В письме указывалось, что зав. кафедрой терапевтической стоматологии, д.м.н. Джураева Ш.Ф. приглашается для участия в жюри секции «Стоматология» на конференции «Медицинская весна», студенты Бахром Латифи, Артыкова Нигина, Латипова Рухшона, Назарализода Нилуфар для участия с устными докладами.
При поддержке руководства нашего университета группа студентов и научный руководитель 23 апреля 2013 года прибыли в Москву. Конференция «Медицинская весна» проходила в Первом Московском Государственном Медицинском Университете имени И.М. Сеченова 25-26 апреля. Целью конференции явилась интеграция вузовской и фундаментальной науки, выявление наиболее талантливой молодежи, перспективной в плане дальнейшего научного творчества.
Работа конференции проходила в рамках 10 секций:
    медико-биологические науки,
    терапия,
    хирургия,
    урология,
    педиатрия,
    акушерство и гинекология,
  стоматология (заседания секций проводилось на русском и английском языках),
    фармация,
     организация здравоохранения и профилактическая медицина.
На конференции участвовали студенты из более 25 городов Российской Федерации и ближнего зарубежья, в том числе из Омска, Урала, Перми, Саратова, Казани, Белоруссии, Рязани, Оренбурга, Волгограда, Воронежа, Луганска, Твери, Чувашии, Кубани, Мордовии, Новосибирска, Санкт-Петербурга, Белгорода, Алтайского края и наша делегация из Душанбе. Также на конференции были представлены в большом количестве доклады студентов из Московского государственного медико-стоматологического университета им. А.И. Евдокимова и Первого Московского Государственного Медицинского Университета имени И.М. Сеченова.
В первый день конференции участвовали на пленарном заседании с торжественным открытием. Далее студенты прошли практический курс сердечно-легочной реанимации «Первая помощь своими руками». Наши студенты прошли подготовку на тренажерах Центра непрерывного профессионального образования Первого МГМУ им. И.М. Сеченова в отработке правильных и экономичных действий в критической ситуации.
Экскурсионная программа для участников конференции включала посещение ведущих лабораторий Первого МГМУ им И.М. Сеченова. Студенты ознакомились с научно-исследовательской работой, ведущейся в рамках вузовской науки.
Также мы посетили Музей истории медицины Первого МГМУ им. И.М. Сеченова. Музей является членом Европейской ассоциации музеев истории медицинской науки и располагает обширным экспозиционным материалом, который наглядно демонстрирует основные этапы развития отечественной медицины.
Во второй день конференции мы участвовали в работе двух секционных заседаний по стоматологии. На секции «Стоматология» на русском языке выступили студенты 3 курса стоматологического факультета Латипова Рухшона и Бахром Латифи.
Впервые в истории проведения студенческих конференций работала секция «Стоматология» на английском языке, где с докладом выступила студентка 4 курса Артыкова Нигина. Подводя итоги жюри, отметило, что доклады начинающих исследователей были выполнены на хорошем научном уровне, звучали очень убедительно и сопровождались яркой презентацией. Также жюри отметило хорошие знания английского языка Артыковой Нигины.
Таким образом, студент Бахром Латифи был удостоен награды гран-при. На торжественном закрытии конференции Бахрому Латифи был вручен Диплом победителя за лучший научный доклад в секции «Стоматология». Студентки Латипова Рухшона и Артыкова Нигина получили грамоты за активное участие в работе секции. На закрытии было предоставлено слово д.м.н. Джураевой Ш.Ф., которая отметила важность проведения научных мероприятий подобного формата, обратила внимание на актуальность темы конференции, широкий круг проблем, поставленных участниками конференции.
 Студенты также приняли участие в программе «Вечер без галстука». В рамках мероприятия проведен совместный просмотр кинофильма с последующим обсуждением. Встреча позволила в теплой и дружественной обстановке обсудить актуальные научные и общественные проблемы, ближе познакомиться с коллегами из других вузов.
Студенты имели возможность ознакомиться с духовной и культурной жизнью города Москвы. С этой целью мы посмотрели балет «Тысяча и одна ночь» в Кремлевском дворце, сходили на экскурсию, на Останкинскую башню, посетили Центральную научно-исследовательскую библиотеку, Манежную площадь, Кремль, гуляли в Александрийском парке. 
Студенты и научный руководитель выражают огромную благодарность ректору ТГМУ, доктору медицинских наук, профессору У.А. Курбонову за предоставленную возможность поездки в город Москву и участие в конференции, которая открыла новые возможности и научные контакты.


Категория: Новости | Просмотров: 1174 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия