• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 26 » Баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ
10:04
Баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ
Баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявии байни донишҷӯён дар партави Паёми Сарвари давлат
      Дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат аз афзудани ҳодисаҳои даҳшатбори терроризм ва ифротгароӣ бо ташвиши зиёд изҳори назар карда зикр намуданд, ки «Террориззм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст». Вобаста ба ин сарвари давлат таъкид сохтанд, ки «Вазъияти имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».
      Бояд гуфт, ки дар ин росто гаравиши ҷавонони гумроҳу аз маърифати сиёсӣ дур тамоюли аз ҳама ташвишовар ва ҷиддие мебошад, ки мо устодон ва омӯзгоронро, ки вазифаи хеле масъулиятнок – тарбияи насли ҷавони ояндасозро ба ӯҳда дорем, бетараф гузошта наметавонад.
      Чи хеле ки, аз таҳлилҳои коршиносони масоили сиёсӣ бармеояд, имрӯз дар ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ шаҳрвандони беш аз 100 кишвари олам ширкати фаъолона доранд. Аз ин гурӯҳҳои террористӣ истифода гаштани усулҳои қатли ваҳшиёна, махсусан зинда оташ задану сар буридани одамон  ва дигар кирдорҳои ғайриинсонӣ ҷомеаи мутамаддинро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст. Мутаассифона, тибқи иттилооти мавҷуда имрӯз беш аз 200 нафар ҷавонони гумроҳи тоҷик низ ба ин ҳаракатҳо ҳамроҳ гардидан, ҳаёти тинҷу осоиштаи худро қурбони дасисаю фиреби чанд нафар манфиатҷӯ намудаанд.  
      Атрофи  ин масъала мебояд, ки ҳар кадом ва сари ҳар қадам биандешем, ки чаро як зумра ҷавонони мо хонаю дари обод ва мулки озоду осоиштаи худро партофта, худро ба маҳалҳои ҷангзадаву нотинҷ мекашанд.  Чавоб ба ин суол таҳлилҳои ҳаматарафа ва ҷиддиро тақозо менамояд, вале агар ин ҷо хулоса карда бигӯем, сабабгори асосии сар даровардани ин тамоили манфӣ ин дониши сусти сиёсӣ, воқиф набудани гурӯҳе аз ҷавонони мо аз ҳадафу мақсадҳои ниҳоии давлатҳои қудратталаб мебошад, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз ҳеҷ амали нопок, ҳатто ноором сохтани минтақаҳои осебпазир ва ба ин васила бардоштани суду манфиатҳои бештари иқтисодӣ рӯ намегардонанд. Мутаассифона, касони камсаводу аз маърифат дур зудбовар мешаванд ва ба ваъдаҳои дурӯғини манфиатҷӯён зуд дода мешаванд. Илова бар ин дар ҷомеа боз ҳастанд ҳизбу ҳаракатҳое, ки мардумро аз ҳам ҷудо сохта ҷавонони навроҳаро, ки аз асли кор огаҳӣ надоранд, қурбони амалу мақсадҳои сиёсиии  худ мегардонанд.  Бархе аз таҳлилгарон сабаби асосии чунин гаравишҳоро дар набудани ҷои кор ва раванди муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷӣ кишвар меҳисобанд, ки ба ин ҳеҷ розӣ шуда наметавонем. Аввалан, таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҳаёти инсонӣ ҳеҷ вақт дар як ҳолат боқӣ монда наметавонад ва аз рӯи қоидаҳои маъмулии инкишофи таърихӣ марҳилаҳои гуногунро паси сар менамояд. Аз тарафи дигар, дар ҷангҳои харобиовари Сурия ва Ироқ имрӯз аз тамоми давлатҳои пешрафтаи дунё низ ҷавони ноогоҳ ширкат варзида, худро қурбони ҳадафҳои гурӯху ҳарактҳои иртиҷоӣ намудаанд. Раванди муҳоҷират бошад, дар айни замон дар тамоми олам ба як падидаи маъмулии даст ёфтан ба ҷои кору беҳтару маоши арзандатар табдил ёфтааст. Чӣ имрӯз дар ҷумҳурии мо сауҳоҷирони корӣ аз чунин давлатҳои пешрафта ба мисли Туркия, Чин Руссия вм ғайраҳо каманд.
      Пас, боз ҳам сарчашмаи ин гумроҳии ҷавононро дар паст будани сатҳи худшиносии миллӣ ва маърифати сиёсии онҳо бояд дарёфт ва барои пешгирӣ аз ин тамоили манфӣ ҳарчи бештар бо онҳо бояд корҳои оммафаҳмонӣ бурд. Бв  раванди ободкориҳоро дар ҷумҳурии тозаистиқлоламон бояд хушбинона назар кард. Танҳо дар давоми соли 2014 дар мамлакат 252 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд. Ҳаҷми маоши соҳаҳои буҷетӣ дар давоми 5 соли охир 2,5-3 маротиба зиёд гардид. Имсол бошад, ба соҳаҳои иҷтимоӣ қариб 8 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин аз ҳадафу мақсадҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумат дар роҳи беҳтарсозии шароити зисту зиндагии мардуми кишвар гувоҳӣ медиҳад.
     Хамаи ин моро водор месозад, ки ба чунин нӯктаи Паёми Сарвари давлат бори дигар аз нигоҳи ватандӯсона ва бо қалби саршор аз меҳру садоқат ба ин сарзамини аҷодӣ таваҷҷуҳ намоем, ки гуфтаанд:
     «Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».
Шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа
Категория: Новости | Просмотров: 914 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия