• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 10 » Баргузории семинари илмӣ- амалӣ
10:18
Баргузории семинари илмӣ- амалӣ
Баргузории семинари илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Танзим ва ҳамгунсозии
истилоҳоти тиббӣ дар забони тоҷикӣ».
    Бо супориш ва дастури ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзи 10.03. с. 2015 дар мавзӯи «Танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти тиббӣ дар забони тоҷикӣ»  семинари илмиву назариявӣ баргузор гардид. Дар кори семинар кормандони донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,   Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии  АИ ҶТ иштирок намуданд.
    Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба таълим Қурбонов С.С. оғоз карда, таъкид намуданд, ки танзим ва яксон сохтани истилоҳоти тиббӣ ва интихоби дурусти роҳҳои истилоҳсозӣ боиси  беҳтар гаштани сифати китобҳои дарсӣ ва ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ мегардад. Дар ин самт дар Донишгоҳи тиббӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст, таъминнокӣ бо адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ ба 100% расонида шуда, зиёда аз 125 китоби дарсӣ тарҷума ё таълиф шудааст. Луғатҳои соҳавӣ низ миқдоран зиёд мебошанд, «Вожаномаи тиббӣ» (муаллифон Убайдулло Қурбон ва А. Раҷабзод) дастоварди бузургтарин ва навтарини кормандони донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки «Истилоҳоти анатомӣ» (6 500 истилоҳ) низ зиёда аз ду моҳ аст, ки барои тасдиқ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ирсол шудааст.
                 
    Дар аввал намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Нуқра Аҳмадова оид ба муҳим баудани мавзӯи семинар сухан ронда, ба кори он муваффақият хост.
    Ходими пешбари пажӯҳишгоҳи  забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ Мирзо Ҳасани Султон оид ба таърихи рушду нумӯи илми тиб дар байни эронитаборҳо ва мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони илми тиб аз даврони куҳан то имрӯз сухан гуфтанд. Нотиқ таъкид намуданд, ки миллате, ки бо назм илми тибро таърифу тавсиф ва пешкаши хонанда мегардонад, барҳақ муваззаф аст, ки имрӯз бо забони тоҷикӣ осори илмӣ таълиф кунад. Тамоми он истилоҳоти ниёгон бояд зинда карда шуда, мавриди истифода қарор гиранд. Аз «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ порчае қироат карда шуд.
    Баъдан сухан ба мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №1 д.и.т., профессор Қурбонов К.М. дода шуд, ки атрофи масоили истилоҳоти ҷарроҳӣ сухан ронда, фикру мулоҳизаҳои ҷолиб иброз доштанд. Қурбонов таъкид намуданд, ки аксари истилоҳоти ифодакунандаи симптому синдромро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардан душвор аст, беҳтар аст, ки истилоҳоти иқтибосӣ, ки мафҳумро дақиқтар ифода мекунанд, ба кор бурда шаванд. Аммо забони тоҷикӣ хеле бой аст ва метавон аз сарватҳои нуҳуфтаи он истилоҳоти нобу шинам низ пайдо кард, масалан барои ифодаи симптоми «Ванька встанька» - и русӣ мо аз истилоҳи тоҷикии «мирзодикак» истифода мебарем. Чунин истилоҳот дар забони тоҷикӣ зиёд дида мешаванд.
    Оид ба истилоҳоти соҳаи акушериву гинекологӣ д.и.т., профессор Додхоева М.Ф. ибрози назар намуда, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаи акушериву гинекологиро саривақтӣ ҳисобиданд. Иброз доштанд, ки дар байни кафедраҳои акушериву гинекологӣ ва дигар муассисаҳои  ба ин соҳа дахлдор бояд робита барқарор карда шуда, дар сохтани истилоҳоти соҳа ҳамкорӣ намоянд.
    Дар мавзӯи  истилоҳоти бахши бемориҳои кӯдакон д.и.т., профессор Расулов У.Р. ва профессор Саидов Ё.У. маълумоти тоза пешниҳод намуда, таъкид доштанд, ки усулҳои сохтани истилоҳот ва интихоб кардани онҳо бояд мушаххас карда шавад.
    Оид ба истилоҳоти бахши педиатрия ё бемориҳои кӯдакон муаллими кафедраи ТАБК  Маҷидов сухан ронда, дуруст таъкид карданд, ки нодуруст ва барғалат истифода кардани истилоҳот боиси дар таърихи беморӣ пайдо шудани нофаҳмиҳо мегардад. Ба таври айёнӣ якчанд тарихи бемории камбудидошта намоиш дода шуд. Ҳамкории мутахассисон ва забоншиносонро омили асосӣ донистанд.
    Ҳамин тавр, атрофи масоили истилоҳоти бемориҳои сироятӣ Раҳмонов Э. Р. сухан ронда, асосан ҷонибдори истилоҳоти байналмилалӣ буданашонро таъкид намуданд, ҳатто аз истилоҳоти оммавии тоҷикии вараҷа, сӯхтанӣ ва ғ. даст кашиданро пешниҳод намуданд. Дар хусуси истилоҳоти соҳаи психиатрия д.и.т. Раҳмонов Р.А. гузориши ҷолиби илман асоснок ва тавсияҳои мушаххас пешниҳод карданд. Профессор Рофиев Ҳ.Қ. атрофи масоил ва душвориҳои истилоҳоти соҳаи гигиена ва эпидемиология сухан ронда, бо мисолҳои мушаххас фикрҳои худро ҷамъбаст намуданд. Дар хусуси истилоҳоти биологӣ н.и.б., мудири кафедраи биологияи тиббӣ Холбеков М.Ё. сухан ронда, таъкид карданд, ки истилоҳоти макотиби олӣ бояд идомаи истилоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ бошад, на ин ки тарзи нав ё номи нави ҳамон мафҳум ба хонанда пешниҳод карда шавад. Д.и.т. Ибодов С.Т. атрофи масоили истилоҳоти анатомӣ сухан ронда, бо слайдҳо нишон доданд, ки вазъи истилоҳот ин соҳа чандон хуб нест, гуногунбаёнӣ, як истилоҳро бо якчанд ном ифода кардан, номҳои номушаххас доштани мафҳумҳо ва ғ. ба назар мерасад.  
    Субҳонов С.С. атрофи мушкилоти бахши стоматология маърӯзаи хеле ҷолиб ва илмӣ пешниҳод намуда, таъкид карданд, ки  истилоҳи «стоматология»-ро даҳонпизишк ё дандонпизишк тарҷума кардан ғалат аст.
    Дар хусуси истилоҳоти фармакология д.и.ф., профессор Ишонқулова Б.А. ва д.и.ф., профессор Халифаев Д.Р. ибрози назар карданд.
    Дар охир директори Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавии донишгоҳ н.и.ф., Юсуфов А.И. сухан ронда, таъкид намуданд, ки дар ин самт ҳам мудирони кафедраҳо ва ҳам тамоми ҳайати омӯзгорон ва профессорон бояд муносибати ҷиддидошта бошанд, бо самимият ба ин масъала назар андозанд. Вақти он расидааст, ки дигар тарҷумаи китобҳои дарсӣ кам карда шавад, худи устодон монанди Абдураҳмонов Ф.А. (анатомия), Қаҳҳоров А.Н. (ҷарроҳӣ), Ҳайдаров Б. (бемориҳои кӯдакон), Ҷӯраев С.Ҷ. (гистология), Азизов А.А (ҷарроҳии кӯдакон) Раҳмонов Р.А. (неврология) ва дигарон бояд таълиф кунанд. Истилоҳоти  иқтибосӣ дар системаи истилоҳоти тиббиии забони тоҷикӣ мавқеи асосӣ дорад, вале ин кор бояд таҳти назорат буда, аз меъёр берун нашавад, истилоҳоти худи забони тоҷикӣ низ бояд ба кор бурда шаванд.
    Дар оянда сексияҳои соҳавӣ, монанди сексияҳои ҷаррҳӣ, бемориҳои дарунӣ, сироятӣ, кӯдакон, стоматологӣ ва ғ. таъсис дода, аъзо ва нақшаи кории онҳо тасдиқ шуда, дар танзими истилоҳоти соҳаҳои худ ба кор оғоз намоянд. Маводи семинар дар шумораи №1-и маҷаллаи илмӣ-амалии «Авҷи Зуҳал» нашр карда мешавад. Ҳамчунин ба устодон Анварова Ш.С., Султонов Ш.Р., Раҷабов У.Р., Ҳоҷибоев Ю.Ҳ., Сабурова А.М., ки гузоришҳои ҷолибу муфид пешниҳод кардаанд, изҳори сипос менамоем.
   Дар охир профессор Қурбонов С.С. ҳамоишро ҷамъбаст намуда, аз номи ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбон, ки бинобар дар сафари хизматӣ будан, дар кори семинар иштирок карда натавонистанд, изҳори сипос намуданд.    
Директори   МТАИС                                 Юсуфов А.И.
Категория: Новости | Просмотров: 388 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия