• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Август » 27 » Бобомурод Абдуқахоровичи муҳтарам!
08:25
Бобомурод Абдуқахоровичи муҳтарам!

Бобомурод Абдуқахоровичи муҳтарам!

    Роҳбарият ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати ҷашни мубораки 50-солагӣ самимона  муборакбод   менамоянд.
    Метавон гуфт, ки Шумо умри азизи худро фидои камолоти фарҳангии аҳли ҷомеа сохтаед ва бештар аз ин ифтихори онро дорем, ки таќдири худро солњои охир бо Донишгоҳи тиббӣ пайвастаед ва ин пайванд ҳамеша қавию мустаҳкам ва сермаҳсулу пурсамар мегардад. Хамкасбону ҳамкорон шоҳиди он мебошанд, ки чӣ тавр бо меҳнати ҳалол, саъю кӯшиши бардавом то дараҷаи  як мутахассиси баркамол ва ташкилотчии пухтакору босалоҳият ташаккул ёфтаед. Шумо фаъолияти пурмаҳсули хешро соли 1986 њамчун муаллими фанни химияи мактаби таҳсилоти умумии №19 - и ноҳияи Бохтар оғоз  намуда, баъдан чонишини декан ва соли 2001 декани факултаи тиббӣ ва солњои 2004-2006 муовини ректор оид ба тањсилоти ғоибона ва соли 2006 муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии Кӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав будед. Аз соли 2011 то имрӯз вазифаи пурмасъули мудири шуъбаи тайёрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба уҳда доред.   
     Ба Шумо муяссар шуд, ки дар њамаи самтҳои фаъолият, алалхусус дуруст ташкил кардани раванди кори шуъба ва ҷалби довталабон ҳамчун ташкилотчии раванди таълим  сабку услуби махсуси худро эҷод намоед.
Бобомурод Абдуқаҳоровичи азиз!
    Имрӯз ба синни мубораки 50-солагӣ расидаед ва бигузор чун ҳамеша ғайрату кӯшиш, ҷидду ҷаҳди такмили дониш ва  ҳисси баланди масъулиятшиносиатон заррае  кам нашавад.
          Лутфан ичозат диҳед, бори дигар Шуморо ба ин љашни саид табрику таҳният гуфта, бароятон умри дароз, саломатии бардавом, дастовардҳои беназири касбӣ, хотириҷамъ ва рўйи сурху табъи болида орзу намоем ва аз забони шоир бароятон бигӯем, ки:                         
                              
      Аҳли камолро лаби изҳор хомӯшист,
      Миннатпазир моҳи тамом аз ҳилол нест.

Бо эҳтиром, 
Ректор,
доктори илмхои тиб, профессор                              У.А.Курбонов

Категория: Поздравления | Просмотров: 471 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Август 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия