• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Июнь » 12 » Cеминар-тренингҳои омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникӣ
15:32
Cеминар-тренингҳои омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникӣ

Гузориши
Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ дар бораи гузаронидани семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникии соли аввал

(соли тахсили 2013-2014)


  Дар давоми моҳҳои ноябр – июни соли таҳсили 2013 – 2014 Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ дар якҷоягӣ бо шӯъбаи муолиҷавӣ бо мувофиқаи муовинати илм ва инноватсия тибқи фармони ректор аз 19.11.2013 с. №152§1 як силсила семинар – тренингҳои омӯзишро барои ординаторҳои клиникии соли якуми Донишгоҳ дар мавзӯи «Принсипҳои асосии муолиҷаи самараноки зиддибактериявӣ. Антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он» ташкил ва баргузор намуд. Барномаи семинар – тренинги мазкур барои ду рӯз ва дар доираи 12 соати академӣ пешбинӣ шуда, тамоми присипҳои асосии муолиҷаи зиддибактериявиро дар бар мегирад.
  Дар ин семинар – тренинг ба иштирокчиён тарзи дуруст таъин намудани маводҳои доругии зиддибактериявӣ аз рӯи нишондодҳои клиникӣ ба таври муфассал шарҳ дода мешавад. Инчунин, дар ҷараёни семинар – тренинг ҳамчун кори амалӣ бозиҳои нақшӣ гузаронида мешуд, ки дар он аз байни иштирокчиён як нафар нақши «духтур» ва як нафари дигар нақши «бемор» ва як нафари дигар нақши «фармасевт» – ро иҷро мекаранд. Баъди иҷрои нақшҳо паҳлӯҳои мусбат ва манфии кори «духтур» ва «фармасевт» ҳангоми ба бемор таъин намудани маводҳои доругии зиддибактериявӣ ва ҷавоб додани он аз дорухона баррасӣ гардида, роҳҳои дурусти таъинот ва истифодаи ин гурӯҳи маводҳои доруворӣ фаҳмонида мешуд.
  Семинар – тренинг бо усулҳои муосири интерактивии таълимӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он ҳамаи иштирокчиён – ординаторҳо бевосита иштироки фаъолона доштанд.
Дар анҷоми семинар – тренинг ба ҳар як иштирокчӣ маводҳои иттилоотӣ ва барномавӣ тақдим карда шуд ва иштирокчиён бошад дар навбати худ фикру ақида ва мулоҳизаҳои худро барои боз ҳам беҳтар гузаронидани чунин тренингҳои омӯзишӣ ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам ба таври хаттӣ баён менамуданд.
  Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ минбаъд низ ташкил ва гузаронидани чунин семинар – тренингҳои омӯзиширо идома хоҳад дод.

Роҳбари МИМД                                    Аҳророва М.А.

 

Категория: Новости | Просмотров: 594 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия