• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Ноябрь » 8 » чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 20-умин солгарди Рузи сарқонун
11:17
чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 20-умин солгарди Рузи сарқонун

4 ноябри соли 2014 соати 14:00 дар толори Синои донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 20-умин солгарди Рузи сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяи суди конститутсионӣ Каримов Карим Мазиёевич ва Ҳошимзода Даврони Додоҷон роҳбари дастгоҳи суди конститутсионии ҶТ баргузор гардид, ки дар он сектори тартиботии шуъба фаъолона иштирок намуданд.

     Санаи 5.11.2014 соати 13:30дақ дар толори раёсати донишгоҳ бахшида ба 20-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Мубоҳисон»дар мавзӯи «Сарқонун-кафолати зиндагии осоишта»баргузор гардид.Ровии маҳфил Сафаралиев Бобоҷон маҳфилро кушода санаи фархундаи қабули Сарқонуни Кишварро табрик намуда иштирокчиёнро ба шунидани маърузаи омоданамудаи донишҷуи фаъоли шуъба Чориева Дилором дар мавзӯи баррасишаванда ҷалб намуд Маърӯза ҷамбаҳои гуногунро дар бар мегирифт ва қисмате аз он дар бораи тиб бахшида шуда буд.Баъди хонда шудани маъруза саволу ҷавоб дар гушаи мавзӯи зикршуда дар муддати 15 дақиқа ба амал ба саолҳои иштирокчиён мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Саидов Искандар ва раиси КИКД Холов Шарафҷон ҷавобҳои қаноатбахш баргардониданд.Баъд аз ин ровии маҳфил суханро ба раиси КИКД Холов Шарафҷон дод эшон ,ки худи ҳамин рӯз соати 8:00дар вохурии Президенти Кишвар бахшида ба 20-умин солгарди Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд муҳтавои суханронии муҳтарам Президенти ҷумҳуриро барраси намуданд Сухани навбати ба Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Саидов Искандар дода шуд мудиришуъба дар суханрониаш таҳкидҳои Президенти Кишвар муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба ҷавонон барраси намуда минадори барои фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои дохили ва берун аз донишгоҳ изҳор намуд.Дар охир ровии маҳфил Сафаралиев Бобоҷон бо ғазали Саъдии Шерозӣ

  Бани одам аъзои якдигаран,

  Ки дар офариниш зи як гаҳваранд.

  Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

  Дигар узвҳоро намонад қарор.

  •     усни хотима бахшид…

 

    Санаи 5.11.2014 соати 15:00 дар Муасисаи Давлатии  Телевизиони сафина дар барномаи «Ҳаёти донишҷӯ» дар бобати «Заминаи моддию техникӣ»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар даврони Истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Саидов Искандар Раиси КИКД-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 10 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат варзиданд.

     Санаи 7.11.2014 соати 18:00 дар Муассисаи давлатии Кохи Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Губернатори шаҳри Санк Петербург ба муносибати  рӯзҳои фарҳангии шаҳри Санкпетербург чорабинии фарҳангӣ  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи роҳбари донишгоҳ 28-нафар аъзои фаъоли Шуъбаи кор бо ҷавонон, устодони кафедраҳои донишгоҳ, ректори донишгоҳ ва проректорон ширкат варзиданд.

    тибқи барқияи телефонии Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октиябри соли 2014 барои иштирок дар Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалии олимони ҷавон таҳти унвони «Бузургдошти мутафаккирони илму адаби тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори Бостонӣ» 8 октиябри соли 2014 соати  8:00 дар толори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси олимони ҷавон баргузор гардид. Конфронс бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам,муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмурзода Адҳам Маъмур, намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуллозода Шукрулло, намояндагони  васоити ахбори омма ва олимони ҷавон аз тамоми  муасисаҳои Ҷумҳурӣ баргузор гардид.Дар конфронс ду нафар олимони ҷавон ,Зайнудинов Б.-номзади илмҳои тиб,ассистенти кафедраи ҷароҳӣ,беҳисгардонӣ ва эҳёгардонии кудаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи:Усули ҷароҳии экстофияи масона дар кудакон,Уроқов К.- номзади илмҳои тиб,ассистенти кафедраи бемориҳои даруни №3-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи:Муомилаи духтур бо бемор ва се нафар аъзоёни фаъоли Шуъбаи кор бо чавонони донишгоҳ ,Раҷабзода Дориюш донишҷӯи курси 6-и факултаи тиббӣ,Ҳасанов Наврӯз донишҷӯи курси 5-и факултаи тиббӣ ва Сафаралиев Бобоҷон донишҷӯи курси 3-и ҳамин факулта ширкат варзиданд.Кори конфронс то соати 17:00 давом кард.Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар суханронии хеш иброз дошт,ки бо мақсади муттаҳид сохтани олимони ҷавон вобаста ба ташаккули заминаҳои илмӣ ва пешбурди масъалаҳои марбут ба имконоти илмию эҷодии кишвар,фароҳам овардани шароит ва омода сохтани мутахассисони варзидаи ояндаи Ҷумҳурӣ  аз ҳисоби ҷавонон дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ваАкадемияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон таъсисдода мешавад.

      Санаи 8.11.2014 соати 18:00 дар бинои Театри Опера ва Балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзхои фарҳангии Шаҳри Санкпетербург дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бо иштироки муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Руқия Аттоевна баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур Муовинати тарбия Лангариева Ҷамила Салмонова, мудири муввақатии Шуъбаи кор бо ҷавонон Сафаралиев Бобоҷон ва аъзоёни фаъоли шуъбаи кор бо ҷавонон ширкат варзиданд.

Категория: События | Просмотров: 465 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Ноябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия