• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Март » 19 » Дастаи «Сино» ба ҷои якум баромад
12:49
Дастаи «Сино» ба ҷои якум баромад

Дастаи «Сино» ба ҷои якум баромад

   Навакак ба мо хушхабар расид. Футболбозони дастаи «Сино»-и Донишгоҳи тиббӣ  дар даври панҷуми мусобиқаҳои баҳории футболбозон барои соҳиб шудан ба Ҷоми рӯзномаи «Вечерный Душанбе», ки ҳар сол бо ташаббуси Федератсияи футболи пойтахт баргузор карда мешаванд, дастаи «Шоҳрух»-и Душанберо бо ҳисоби 3-1 мағлуб намуда, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои якум баромаданд.
  Ин қувваозмоиҳо аз 17 феврал оғоз ёфта, дар он 22 дастаи футболи ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он иштирок мекунанд. Зимнан, ба ҳунарнамоии хуби дастаи «Сино» мутахассисони соҳа баҳои баланд доданд. Дастаи мазкур, ки онро мураббии варзида, устоди кафедраи валеология ва тарбияи ҷисмонии донишгоҳ Н.Ҳ.Ҳасанбоев тамрин медиҳад, давоми солҳои охир дар мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои шоёни таҳсин ба даст меорад. Дар қувваозмоиҳои имсола бозингари бомаҳорат Парвиз Бойматов (курси 4) ба дарвозаи ҳарифон аз ҳама беш -8 туб ворид намуда,дар сафи пеши тирандозони мусобиқа қарор дорад. Бозингарон Умед Щодиев, Далер Фозилов (курси 4), Анвар Ҷалилов (курси 3) ва Идрис Мамадов (курси 2) бо бозиии олиҷанобашон дар пешсафии даста саҳми босазо доранд.
 -Умуман, ҳамаи 22 нафар бозингароне, ки ҳайати дастаи моро ташкил медиҳанд, дар мавсими имсола ба вохӯриҳо бо масъулияти баланд омодагӣ дида, имрӯз дар ҳолати хуби варзишӣ қарор доранд ва мо имсол дар назди худ мақсад гузоштаем, ки ба шарафи 75 солагии таъсисёбии донишгоҳи тиббӣ ба гирифтани ҷоми мазкур ноил гардем, -мегӯяд мураббии даста Н.Ҳ.Ҳасанбоев.
  Мусобиқаҳо то 17 апрел идома ёфта,  футболбозони дастаи «Сино» вохӯрии навбатиашонро рӯзи 22 март барпо менамоянд.
                                                                                                               «Ворисони Сино»

Категория: Новости | Просмотров: 503 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия