• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 12 » Дастовардҳо дар ҳама самтҳо назаррасанд
12:33
Дастовардҳо дар ҳама самтҳо назаррасанд
Дастовардҳо дар ҳама самтҳо назаррасанд 
 
    НИШАСТИ МАТБУОТИ ТОЧИКИ.docx
    НИШАСТИ МАТБУОТИ РУСИ.doc
 
   Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ДИП ҶТ  Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи 12 январи  соли 2015 дар «Маркази иттилоот ва муошират»    нишасти матбуотӣ доир намуд.
   Нишасти матбуотиро  ректори донишгоҳ, д.и.т.,  профессор У.А.Қурбон ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки  яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи устодон ва кормандони донишгоҳ ин   беҳтар намудани  сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини пурраи шаффофияти маъракаи қабул маҳсуб ёфта, омили мазкурро метавон дар ин давра  сароғози кулли пешравиҳои таълимгоҳ арзёбӣ намуд.
           
    Боиси қаноатмандист, ки кӯшишҳои роҳбарияти донишгоҳ дар ин роҳ давоми солҳои охир натиҷаҳои мусбӣ дода ба як қатор дастовардҳои таълимию тарбиявӣ  ва  илмию тадқиқотӣ мусоидат намудааст.  Аз ҷумла, натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2013-2014 маълум менамояд, ки дар сессияи имсола, хусусан зиёдшавии миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои аъло ва хубу аъло  супоридаанд, ба назар мерасад, ки он 42,2% (2640нафар)- ро ташкил медиҳад, ин нишондод нисбат ба соли гузашта 5,2% зиёд мебошад.    Дараҷаи дарсазхудкунӣ дар давраи фаъоли сессия 87,9% -ро  ташкил дод, ки назар ба сессияи соли гузашта 5,9% зиёд гаштааст.
     Ҷамъбасти давраи фаъоли сессияи тобистонаи соли таҳсили 2013-2014 бошад, маълум сохт, ки миқдори донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло ва хубу аъло сессияро ҷамъбаст кардаанд 1501 (25%) нафар  мебошад ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 78% -ро ташкил медиҳад.
              
    Ҳамин тариқ, донишгоҳро дар соли 2014  1149 (99,7%) нафар хатм намуданд. Имсол шумораи нафароне, ки донишгоҳро бо “Дипломи аъло” хатм намуданд 73 нафарро ташкил дод.
   У.А.Қурбон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки имсол дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ аз донишгоҳ  14 нафар аз рӯи 11 фанни таълимӣ иштирок намуда, донишҷӯёни мо дар маҷмӯъ 6 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла,  соҳиби 3 ҷойи 1- ум, 1 ҷойи 2-юм ва 2- ҷойи 3-юм шуданд.  
Таҷрибаомӯзии донишҷуён тибқи нақша дар ин давра амалӣ гашта, яке  аз  хусусиятҳои хоси ин раванд  ташкил намудани таҷрибаомӯзӣ  барои донишҷӯёни курси 3 ва 5-уми  факултаи тиббӣ дар давоми сол    мебошад.  
    Имсол тибқи қоидаҳои Маркази миллии тестӣ довталабони кластери 5 – ум, ки ба ихтисосҳои  донишгоҳи тиббӣ мансуб буд, ҳамагӣ 42913 нафар  ихисосҳои донишгоҳро интихоб намуда, аз ин миқдор  интихоби 1 – умро 7301 нафар  қабул намуд, ки ин нишондиҳанда нисбати дигар лонишгоҳҳо  хеле зиёд мебошад.      Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2014-2015 пас аз имтиҳонҳои марказонидащудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ЧТ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1397  нафар донишҷӯ  ба курси якум қабул карда шуд.  
   Бахши тарбияи донишгоҳ дар давоми соли ҳисоботӣ  дар толорҳои  донишгоҳ  4 маротиба бо ишироки шахсиятҳои маъруфи соҳаи тандурустӣ,  27 чорабиниҳои иттилоотию  маърифатӣ ва фарҳангиро бо намояндагони Вазорату  Кумитаҳои боломақом доир намудааст.
    Дар маҷмуъ дар соли ҳисоботӣ 3 конфроси илмӣ – амалӣ доир карда шуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар олимон аз кишварҳои хориҷа иштирок намуданд, ҳамчунин дар 3  маҷмуи маводҳои конфронс 970 мақола ва фишурда чоп карда шудааст.
   Дар айни замон дар донишгоҳ 2 Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи 5 ихтисос фаъолият намуда, дар ин давра   16  рисолаҳои илмӣ ( 15 нафар кори номзади илм ва 1 нафар доктори илми тиб)  бомуваффақият ҳимоя карда  шудаанд.
  Яке аз самтҳои фаъолияти афзалиятноки Донишгоҳ ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ буда, дар ин самт дар ҳамаи кафедраҳо ва Марказҳои Донишгоҳ лоиҳаҳои илмӣ амалӣ мегардад. Айни замон, ба 13 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии кормандони Донишгоҳ аз тарафи буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар баробари ин, аз рӯи 34 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии ташаббусии кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.   
    Сарвари донишгоҳ афзуд, ки кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар қатори сарбории таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ сарбории муолиҷавию машваратии ба
Дар давоми соли 2014 аз тарафи кормандони донишгоҳ ба 54061 беморони гуногун ёрии ташхисию табобатӣ ва машваратӣ расонида шуда, 12874 амалиётҳои гуногунҳаҷми ҷарроҳӣ амалӣ гаштааст.       
    Қобили қайд аст, ки кормандони шӯъбаи равобити байналмилалӣ  барои ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун бо иштироки ҳайати вакилони хориҷӣ мунтазам фаъолият менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ    31 вохӯриҳои гуногун бо ҳайати намояндагони хориҷӣ, роҳбарияти сафоратхонаҳои муқимии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда  ташкилоту муассисаҳои илмӣ-таълимии хориҷи кишвар ташкил карда шуданд.
    Вобаста бо корҳои ободонию бунёдкорӣ дар таълимгоҳ У.А.Қурбон қайд намуд, ки дар соли 2014 бо мақсади беҳтар гардонидани сифати таълим бо бунёд кардани толору дарсхонаҳои нав масоҳати биноҳои таълимӣ низ васеъ гардид. Аз ҷумла, дар соли ҳисоботӣ сохтмони бинои сеошёна барои толорҳои лексионӣ, ки корҳои сохтмонии он аз соли 2013 оғоз гардида буд, ба анҷом расид.  Масоҳати умумии бино аз  1998 м2  иборат буда, дар 7 толори лексионӣ 920 ҷойи нишаст таъмин гардидааст.
   Дар анҷом  ректори донишгоҳ У. А. Қурбон ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти муассисаи таълимӣ  ҷавобҳои мушаххас  дод.
“Ворисони Сино”

 
Категория: Новости | Просмотров: 362 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия