• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Октябрь » 23 » ДДТТ дар қатори беҳтарин донишгоҳҳои давлатҳои мусулмонӣ муаррифӣ гашт
13:59
ДДТТ дар қатори беҳтарин донишгоҳҳои давлатҳои мусулмонӣ муаррифӣ гашт
Б.Ш. Гадоев: «ДДТТ дар қатори беҳтарин донишгоҳҳои давлатҳои мусулмонӣ  муаррифӣ гашт»

    Рӯзҳои 23-24 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии исломии Покистон  Форуми ректорон ва ноибони ректорони донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои мусулмонӣ баргузор гашт, ки дар кори он ноиби ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба корҳои муолиҷавӣ Б.Ш. Гадоев низ иштирок варзид. Баъди бозгашт мо оид ба муҳтавои ин ҳамоиши байналмилалии илмӣ ва ҳадафу мақсадҳои он бо Бахшибек Шифоевич Гадоев сӯҳбате оростем, ки онро манзури Шумо хонандагони азиз мегардонем.
-Бахшибек Шифоевич, қаблан мехостем, ҳадафҳои асосии форуми мазкурро ба таври мухтасар шарҳ медодед.
- Форуми мазкур ҳамасола дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гашта, ба кори он ректорон ва ноибони ректорони донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои мусулмонӣ ҷалб карда мешаванд.  Ҳамоиш характери илмӣ дошта, мустаҳкам намудани алоқаҳои байниҳамдигарӣ ва рушди ҳамкориҳои самарабахши мактабҳои олии давлатҳои мусулмонӣ моҳияти асосии онро ташкил медиҳанд. Имсол дар форуми мазкур аз 45 давлати дунё беш аз 250 нафар намояндагон иштирок намуданд, ки банда низ ба намояндагӣ аз ҳисоби роҳбарияти донишгоҳамон дар кори он ширкат варзидам. Қобили зикр аст, ки барои иштирок дар форум аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ танҳо ба донишгоҳи мо даъватнома ирсол гардида буду халос.
- Чаро?
- Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва хоса мо устодону толибилмон аст, ки донишгоҳи тиббиамон ҳанӯз аз замонҳои Шӯравӣ ҳамчун яке аз марказҳои бонуфӯзи омодасозии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намуда буд ва баъди дарёфти истиқлолият тавассути ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила мақому манзалати таълимгоҳ боз ҳам баландтар шуд. Махсусан, дар давоми 7-8 соли охир доираи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ хеле васеъ гашт. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо овардани ҳамин далел кофист, ки дар китоби махсуси калонҳаҷме, ки масъулони Форуми Исломобод бо сифати хеле олӣ омода намудаанду дар он оид ба имконияту воситаҳои мактабҳои пешқадамтарини олии давлатҳои мусулмонӣ маълумотҳо дарҷ гаштаанд,  аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ танҳо шиносномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷо дода шудаасту халос. Маълумотномаи мазкур бо забонҳои англисӣ ва арабӣ нашр шуда, дар он аз хусуси таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурии мо ва имкониятҳои воқеии илмию таълимии он маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст.
- Хуш, форум чӣ навъ сурат гирифт ва аз он чӣ таассуроте бардоштед?
- Ҳамоиши мазкур тайи ду рӯз дар меҳмонхонаи машҳури Сирена сурат гирифт, ки он тамоми шароитҳои баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалиро доро мебошад. Дар расми кушодашавии форум намояндагони воломақоми давлати Покистон ширкат варзида, ба кори он Вазири федералии рушди технологии Ҷумҳурии исломии Покистон ҷаноби Зоҳид Ҳомид бевосита роҳбарӣ намуданд. Форуми ректорон ва ноибони ректорони мактабҳои олии давлатҳои мусулмонӣ ҳар сол як маротиба маҳз дар ҳамин кишвар барпо гашта, сол аз сол таваҷҷуҳи бештари мутахассисону олимони мамлакатҳои исломиро ба худ ҷалб менамояд. Дар ҳамоиши илмӣ бо забонҳои дилхоҳи байналмилалӣ имконияти баромад намудан муҳайё карда шуда буд. Барои ман мояи ифтихор буд, ки ҷиҳати истиқбол ва роҳбаладиам собиқ шогирди донишгоҳамон шаҳрванди Покистон Аҳмад Билол, ки соли гузашта ДДТТ – ро хатм карда, алҳол дар яке аз клиникаҳои хусусӣ бомуваффақият фаъолият мекунад, омада буд. Зимнан, Аҳмад Билол ба Тоҷикистону мардуми он мехру муҳаббати беандозае дорад ва имрӯз барои тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмии тоҷикон ва зебоиҳои табиати афсонавии он кӯшиши зиёде мекунад. Давоми ду рӯзи кори ҳамоиш  ӯ вазифаи тарҷумонии бандаро  бо камоли майл ба ҷо овард.
- Дар форум Шумо имконияти муаррифии донишгоҳро пайдо карда тавонистед?
- Бале, ман давоми 10 дақиқа аз минбари форум иштирокчиёнро бо дастовардҳои илмии олимони донишгоҳ ва имкониятхои таълиму тадрис дар таълимгоҳамон шинос намудам. Ба ғайр аз ин тариқи слайд лаҳзаҳои кору фаъолияти 10 маркази илмӣ, биноҳои таълимӣ, лаҳзаҳои машғулиятҳои дарсӣ , таҷрибаомӯзии донишҷӯён, манзараҳои зебои шаҳри Душанберо ба ҳамтоёни хориҷиам пешкаш намудам, ки гумонам таваҷҷуҳи иштирокчиён ба тамошои манзараҳои Тоҷикистон ва дастовардҳои ДДТТ бештар буд.
- Чӣ тавр?
- Баъди баромад якбора  намояндагони 21 донишгоҳҳои хориҷӣ дархости сӯҳбату муколама бо бандаро намуданд, ки ман ҳам бо камоли майл ба ҷо овардам ва ба ҳар кадоми онҳо сӯҳбати алоҳида анҷом додам. Аз ҷумла, бо се донишгоҳи Покистон -  Донишгоҳи тиббии ба номи Беназир Бҳутто, Донишгоҳи Малаканд ва Донишгоҳи СВАТ аз номи роҳбарияти донишгоҳ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидам. Ҳамчунин, дар рафти кори форум аз номи роҳбарияти донишгоҳ бо директори илму фановарии Покистон ҷаноби Мухтор Аҳмад ва директори генералии ISESCO ҷаноби Абдулазиз Аҳтам бо хоҳиши шахсиашон музокироти алоҳида анҷом додам. Қобили зикр аст, ки ҳардуи номбурдагон ба Тоҷикистон ва дараҷаи рушди илму таҳсилоти он таваҷҷуҳи хоса доранд ва иброз доштанд, ки дар фурсати дилхоҳ агар ба ягон ҳамоиши илмии ДДТТ даъват шаванд, бо хоҳиши том аз Тоҷикистон дидан ба амал меоранд. Зимнан, ҷаноби Абдулазиз Аҳтам масъули бахши маблағгузории донишгоҳҳои тиббии мамлакаҳои мусулмонӣ буда,  дар сӯҳбат омодагии хешро ҷиҳати дастгирии молиявии Донишгоҳи тиббии тоҷик иброз намуд. Баъди бозгашт дархосту хоҳиши эшон ба ректори донишгоҳ, профессор У. А. Қурбонов расонида шуд. Воқеан, шӯъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ аллакай барои дар конфронси солонаи илмии ДДТТ, ки имсол охирҳои моҳи ноябр барпо мегардад, иштирок намудани ҷаноби Абдулазиз Аҳтам ва ҷаноби Мухтор Аҳмад даъватнома ирсол намудааст ва боварӣ аст, ки бо ташрифи онҳо дар самти ҳамкориҳои хориҷии таълимгоҳамон боз саҳифаи наве кушода мешавад. Ҳамчунин, тибқи  музокироти дар Исломобод анҷомдодашуда чандин рӯз пеш аз номи роҳбарияти донишгоҳи Сирнаки Ҷумҳурии Туркия ба номи роҳбарияти донишгоҳ номаи расмӣ расид, ки дар он омодагии хешро дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ иброз доштаанд.
- Бахшибек Шифоевич, ба фикри Шумо мо дар кадом самтҳо бо мутахассисони Покистон имкониятҳои бештари ҳамкориҳои мутақобиларо дорем?
- Ҳам дар соҳаи тиб ва ҳам дар самти фарматсия, яъне дорушиносӣ. Илми тибби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳоли пешравию такомули чашмрас қарор дорад ва донишгоҳҳои ин кишвар аз имкониятҳои фаровони илмиву таълимӣ бархурдоранд. Фақат Донишгоҳи ба номи аллома Иқбол 3 миллион нафар толибилмонро ба таҳсил фаро гирифта, ҳамасола 360 ҳазор нафар довталабонро қабул менамояд ва яке аз бахшҳои асосии донишгоҳ ин тибби амалӣ мебошад. Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ин донишгоҳи бонуфуз албатта аз ҳар ҷиҳат ба манфиати кор мебошад. Мутахассисони покистонӣ дар самти корҳои илмӣ низ ниҳоят пеш рафта, бисёр кашфиётҳояшон дар миқёси байналмилалӣ эътироф гаштаанд. Аз ҷумла, табибони ин кишвар аввалин шуда, аз хусуси дарёфти роҳҳои муолиҷаи бемории лейкоз (саратони хун) маълумот паҳн карданд.
- Барои ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондан кадом монеаҳо алҳол сади роҳ мешаванд?
Аслан, гирем монеаҳои ҷиддӣ вуҷуд надоранд ва тӯли ду соли охир бо ташаббуси ректори донишгоҳамон профессор Қурбонов аллакай роҳ ба сӯи ин ҳамкориҳо кушода шудаанд. Далели ин дар давоми соли гузашта ду маротиба ба донишгоҳамон ташриф овардани сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Хусейн Б. Сиял ва бо иштироки кормандони сафоратхонаи ин давлат баргузории чорабиниҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ мебошад. Сафири Тоҷикистон дар Ҷ.И. Покистон Шералӣ Ҷононов низ барои дар оянда мустаҳкам гаштани ҳамкориҳои мутақобилаи байни мактабҳои олии Тоҷикистону Покистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Боварӣ аст, ки дар ояндаи наздик ин ҳамкориҳо самараи нек хоҳанд овард.
Мусоҳиб: М.Мазиёев

Категория: Новости | Просмотров: 598 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 4.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия