• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Октябрь » 21 » ДДТТ дар китоби «Роҳнамои федералӣ..»
12:13
ДДТТ дар китоби «Роҳнамои федералӣ..»

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар китоби
«Роҳнамои федералӣ..»- и Россия
                                            
            Ахиран нашрияи «Маркази ҳамкориҳои стротегӣ»-и Федератсияи Россия маҷмуаи «Роҳнамои федералӣ. Омӯзишу парвариш дар Россия»-ро ба нашр расонд. Яке аз бахшҳои ин китоб, ки 8 қисматро дар бар мегирад, «Робитаҳои байналмилалӣ чун омили рушди илму маориф» унвон гирифта, аз ҳамкориҳои байналмилалии шабакавӣ дар заминаи омузишу парвариш, сатҳ ва мавқеи донишгоҳҳои кишварҳои Муштаракулманофеъ, Балтика ва Грузия маълумот медиҳад.
       Таърихи таъсис ва фаъолияти босамари ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба унвони муассисоти бособиқа ва пешқадами таълимӣ дар Тоҷикистон низ дар ин китоб ҷой дода шудааст. Бояд гуфт, раванди ташаккули маълумоти олии касбӣ дар Тоҷикистон дар симои Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон ва якчанд муассисоти таълимии кишвар инъикос карда шудааст. Дар ин сатҳ ҷой гирифтани ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино далели фаъолияти ибратбахши донишгоҳ аст, ки  75 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассисон тайёр карда, базаи асосии илмӣ – методии ВТ ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.  Бештари дастовардҳои соҳаи нигоҳдории тандурустии ҷумҳурӣ бевосита ба фаъолияти  ҳайати профессорону устодони донишгоҳ робита доранд.
       Зимнан, маҷмуаи «Роҳнамои федералӣ. Омӯзишу парвариш дар Россия» аз интишороти маъруфи иттилоотиву таҳлилӣ дар заминаи илму маориф ба ҳисоб рафта, 10-умин ҷилди он ки соли ҷорӣ ба табъ расидааст,  дар ҳамкории бевоситаи Вазорати илму ва маорифи Россия, кумитаҳои бонуфузи илмӣ, Академия улуми  ва коршиносони соҳаи илму маорифи Федератсися Россия омодаву нашр шудааст .
       Китоби мазкур, ки ҷанбаи илмӣ дорад, метавонад алоқамандонро аз мавзуоти илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Наздибалтик огоҳ созад. Ҷой  гирифтани ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ин китоби байналмилалӣ воқеан боиси ифтихору сарбаландии ҳар яки мо ва беҳтарин туҳфа дар 75-умин ҷашни солгарди донишгоҳ аст.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

 

Категория: Новости | Просмотров: 574 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия