• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Май » 22 » ДДТТ сазовори ҷоизаи Бонки Исломии Рушд
11:06
ДДТТ сазовори ҷоизаи Бонки Исломии Рушд
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҷоизаи   
Бонки Исломии Рушд мушарраф гардид

  Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон, ки барандаи яке аз ҷоизаҳои Бонки Исломии Рушд дар арсаи илму техника гардидааст, санаи 21 майи соли ҷорӣ дар 38-умин вохӯрии Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд дар шаҳри Душанбе, бо ҷоизаи 100 ҳазор доллар тақдим карда шуд.
  Ҷоизаи мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба ректори донишгоҳ Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич супурда шуд.
  Бояд гуфт, барои ширкат  дар ин ҳамоиш беш аз 740 меҳмони воломақоми хориҷӣ қариб аз  80 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
  Тавре ки масъулини Бонки Исломии  Рушд мегӯянд, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо таҳқиқоту мақолаҳои зиёд сазовори ҷоиза дар бахши пажӯҳишгоҳҳо шудааст.Бояд гуфт, барои  дарёфти ин ҷоиза номзадии 17 муассиса аз кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд пешниҳод гардид,ки баҳои баландро Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар заминаи истинод  ба даст овард.
  Зимнан, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки аз бузургтарин муассисаҳои таълимиву илмӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, танҳо давоми 5 соли охир беш аз 145 ихтирову навоварӣ намуда, шумори зиёди мақолоти илмӣ ва китобҳо нашр намудааст. Ҳамкориҳои устувори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни  Сино бо ниҳодҳои дохиливу минтқавӣ  ва байналмиллалӣ дигар аз самтҳои фаъолияти босамари ин донишгоҳ маҳсуб мешавад, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд қадрдонӣ гардидааст.
  Тамоми устодону донишҷӯёни донишгоҳро бо ин муваффақият ва дастоварди воқеан шоиста табрик менамоем.

Категория: Новости | Просмотров: 660 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия