• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Сентябрь » 30 » Идомаи ҳамкориҳои донишгоҳ бо ВАО
09:01
Идомаи ҳамкориҳои донишгоҳ бо ВАО
Идомаи ҳамкориҳои донишгоҳ бо ВАО
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар таърихи 25-26-уми сентябри соли 2013 аз тарафи кормандони Маркази иттилоотӣ оид ба маводи дорувории Донишгоҳ барои рӯзноманигорон дар вилояти Суғд семинар–машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Чиро оиди антибиотикҳо бояд донист?, Антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он» баргузор намуд. Семинар–машварати мазкур бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳ ва Намояндагии Лоиҳаи ЮСАИД дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони ҳамаи ВАО ва шабакаҳои иттилоотии вилояти Суғд ширкат намуданд.



Мақсади асосии гузаронидани чунин даври омӯзишӣ пеш аз ҳама боло бурдани маърифати тиббии мардум оид ба истифодаи самараноки маводҳои доругии зиддибактериявӣ  ва расонидани маълумоти саҳеҳу эътимоднок ба аҳолӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма мебошад.
Дар ин семинар–тренинги омӯзишӣ 15 нафар рӯзноманигорони нашрияҳои давлатӣ ва мустақил, радио ва телевизиони вилоятӣ иштирок намуданд.
Дар рафти семинар мутахассисони МИМД оид ба усулҳои дурусти таъиноти антибиотикҳо аз тарафи духтур, тарзи дуруст ҷавоб додани ин гурӯҳи маводҳои доругӣ аз дорухона ва истифодаи дурусти он аз тарафи бемор, антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф намудани он, риоя намудани шароити нигоҳдории маводҳои доруворӣ дар шароити хона ва инчунин дигар масъалаҳои муосир оид ба антибиотикҳо ба рӯзноманигорон маълумотҳои дақиқ, эътимоднок ва илман истботшуда пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин дар байни ҳозирин оид ба дастрас намудани доруҳои бе дорухат аз дорухона ҷавоб додашаванда, оқибатҳои номатлуби маводҳои зиддибактериявӣ ҳангоми муолиҷаи бемориҳои вирусӣ, таъсири мутақобилаи байниҳамдигарии доруҳо, хатогиҳои эҳтимолии аҳолӣ ҳангоми худмуолиҷакунӣ ва худтавсиякунии антибиотикҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, баҳсҳои ҷолиб доир гардид ва рӯзноманигорон  оид ба ин масъала донишҳои  худро мукаммал намуданд.
Дар ҷараёни семинар–тренинг бо рӯзноманигорон саҳначаҳои хурд гузаронида шуда иштирокчиён дар нақшҳои «бемор» бозӣ намуданд. Дар ин саҳначаҳо мутахассисони МИМД нақши «духтур» ва «фармасевт» - ро иҷро намуда, ба иштирокчиён аҳамияти системаи «духтур – фармасевт – бемор» - ро шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин баъди саҳначаҳо фикру ақидаи иштирокчиён оиди ҳолатҳои дар саҳначаҳо иҷрошуда фаҳмида шуда, аз нуқтаи назари рӯзноманигорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми кор рӯзноманигорон минбаъд фикру андешаҳои худро оиди чорабинии мазкур баён намуда зикр карданд, ки чунин давраҳои омӯзишӣ бештар ташкил ва гузаронида шавад, то ки онҳо бо мардум ба таври соддатар ин масъалаҳоро фаҳмонида тавонанд. Ҳамчунин аз ташкил ва гузаронидани чунин семинарҳо рӯзноманигорон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Роҳбари МИМД   Аҳророва М.О.
27 сентябри 2013
Категория: Новости | Просмотров: 570 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Сентябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия