• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Февраль » 25 » Ифротгароӣ ба ҷудоӣ мебарад…
09:09
Ифротгароӣ ба ҷудоӣ мебарад…
Нуқтаи назар
Ифротгароӣ ба ҷудоӣ мебарад…
   Имрӯз сайёраи мо ҷангалзореро мемонад, ки дар бештари гӯшаҳои он оташи хонумонсӯз ниҳолу дарахтон ва тамоми ҷонзоди маскунашро ҳукми ба коми худ фурӯ бурдан дорад ва дуди ғализ ва сиёҳи он мехоҳад боз ҳам фазои бештареро фаро гирад.  
    Хушбахтона барои пешгирӣ аз ин хатари глобалӣ имрӯз садҳо нафар шахсиятҳои сарсупурда сина сипар кардаанду барои таъмини оромии ҷомеа талошу ҷонбозиҳо доранд, вале афсӯс  ашхосе низ ҳастанд, ки аз паҳншавӣ ва оқибатҳои ҷонсӯзи ин фоҷиа лаззат мебаранд ва ба ҳар роҳу восита ин оташро паҳн карданӣ мешаванду аз харобазор шудани ободиҳо, аз мотамсаро гаштани тӯю сур ва аз бепадар гаштани фарзандону бефарзанд мондани модарон лаззат мебаранд.
   Оре, имрӯз дар дунё вазъият назар ба солҳои қаблӣ хеле печида, хеле хатарнок ва хеле нозук аст. Ҷанги бародаркушу бемаънӣ Украинаро фаро гирифта, як кишвари ободу зебо ва муқтадирро ба чӣ ҳоле овардааст, дар мамолики араб ҳар рӯзу ҳар соат қатлу ғорат ва таркишҳои ҷонрабо, дар Афғонистону Покистон авҷ гирифтани террор, афзудани миқдори ҷавонони маргталаб, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароӣ - ҳамаи ин ҳолатҳо нигаронкунанда буда, аҳли ҷомеаро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст ва  мутаассифона кишвари тозаистиқлолу озоду биҳиштосои мо низ  аз ин хатар эмин нест. Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, яъне интихоботи намояндагон ба зинаҳои гуногуни Ҳокимияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон бояд ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯстӣ ва муқаддас донистани арзишҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва мазҳабӣ боло гузоранд.
    Воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, гувоҳи онанд, ки ҳанӯз ҳам дар кишварамон шахсони бадхоҳи ин миллати аз ҷаври таърих ба додомада боз ҳам қасди осеб расонидан ба озодиву истиқлолияти давлатии моро доранд, мехоҳанд, ки раванди сулҳи кишварро халалдор созанд, ба истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва энергетикии давлати мо зарбаи ҷонкоҳ зананд.
    Аз тарафи машваратчии сиёсии ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов, яке аз шахсиятҳои маъруфи ҳизбӣ барои рӯзи «мабодо» нигоҳ доштани яроқу аслиҳа нишондиҳандаи он аст, ки дар сурати ба мақсад ноил нашудан, аз ин аслиҳаҳо истифода мекунанд ва шояд чандин чунин аслиҳаҳо барои рӯзи «мабодо» пинҳон карда шуда бошанд. Он рӯзи «мабодо» кадом рӯз аст? Он шояд ҳамон рӯзе бошад, ки дигар онҳо бо роҳи одилонаву осоишта ба ҳадаф намерасанд, дигар эътимод ҳосил мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон фиреби найрангу дасисаҳои онҳо намешавад, дигар бо «кофир» эълон кардани онҳо ҳеҷ мусулмоне кофир намешавад ва ғайра.
    Ба бахти баландамон мазҳаби суннатии мардуми тоҷик – мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафритҳо ва тундгароиҳо дур аст ва зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро гувоҳ аз бегона будани онҳо ба халқу миллати мо мебошанд. Бо пайдо намудани ҳавохоҳон ва тарафдорон ин гуна гурӯҳу ҳаракатҳо пеш аз ҳама ба ваҳдати мазҳабии мардуми мо рахна ворид месозанд. Сониян, ин зуҳурот ба даст кашидан аз бисёре урфу одот ва маросиму анъанаҳои хоси миллати мо таҳдид хоҳад дошт ва ба ин тариқ таҳдид ба ҳуввияти миллии моро низ доро мебошад.
     Чун ин падида, яъне зуҳури ҳаракату гурӯҳҳои тундгаро ва ифротии динӣ бо мусоидат, дастгирии маънавӣ ва моддии доираҳои муайяни манфиатдори хориҷӣ алоқамандӣ дорад, албатта барои оромии сиёсии кишвар низ хатароти ҷиддие дорад. Он як навъ фишанге аз ҷониби баъзе кишварҳои пурқудрати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ метавонад бошад.
   Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо - ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
…  Насли мо ҳанӯз садои даҳштовари тиру тӯп, оҳу нолаи модарону тифлон, сарсониву саргардонии пиру ҷавон, гуруснагиву қаҳтиро фаромӯш накардааст. Имрӯз ба чеҳраи шукуфони фарзандон менигараму диламро эҳсосоти фараҳу шодӣ фаро мегирад, макотибу масоҷид бо оғӯши боз онҳоро интизор аст. Шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба таври ношинохтанӣ обод гаштаву роҳҳои мумфарш тамоми гӯшаҳои кишварро ба ҳам васл кардааст.
   Пас, фурсати он расидааст, ки бегонапарастиро як сӯ гузорему фирефтаи хоҷагони дохиливу хориҷӣ нашавем, даст аз куштору валангорсозӣ боз дорем, фарзандонамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, босаводу оқил ва бо касбу бофарҳанг созем, аз пайи ободии Ватан бошем, манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва азҳобӣ бояд ҳеҷ гоҳ аз манфиатҳои миллӣ боло наистанд.
   Бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ «ғаразҳоро ҳама аз дил барорем» ва Тоҷикистонро ба як кишвари воқеан муқтадиру озод ва обод табдил диҳем. Ин ҷо байти машҳури мавлавии Румӣ ба хотир мерасад, ки гӯё ишора ба чунин бадхоҳону кинагирон  фармудаанд:
Ғаразҳо тира доранд дӯстиро,
  Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
 
Гуруҳи иттилоотӣ – таҳлилии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

 
Категория: Новости | Просмотров: 635 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 4.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Февраль 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия