• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июль » 29 » Ҳисобот оид ба фаъолият дар шаш моҳи соли 2013
10:21
Ҳисобот оид ба фаъолият дар шаш моҳи соли 2013
Ҳисобот
оид ба фаъолияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино  дар
шаш моҳи соли 2013

  Маълумоти омории Донишгоҳ
Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ дар худ теъдоди 643 нафар устодони доимиро (322 нафар мард ва 321 нафар занҳо, аз ҷумлаи занҳо 25 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд, ки 18 нафари онҳо ба ҳайси мудири кафедра фаъолият мекунанд) муттаҳид сохтааст. Теъдоди омӯзгорони ҳамкори беруна  153  нафар мебошанд.  Синну соли миёнаи ҲПО 48 солро ташкил намуда, синни миёнаи кормандон дар донишгоҳ бошад,  ба  45 сол баробар аст. Дараҷаи унвонокии ҲПО аз  47,1% иборат буда, аз шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорон 80 нафарро (13,8%) ҷавонони то синни 35-соларо ташкил медиҳанд. 
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар   донишгоҳ 6782 нафар донишҷӯ  ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд:
Факултети тиббӣ  -  5667 (83,5%) нафар
Факултети стоматологӣ   - 544(8,) нафар
Факултети фарматсевтӣ  - 305 (4,5 %) нафар
Факултети НТҶ   - 266 (3,9%) нафар таҳсил менамоянд.
Аз  шумораи умумии донишҷӯён – 441 (7,8%) нафар донишҷӯёни хориҷӣ  ва 616 (8,9%)   нафар тибқи  квотаи Президентӣ таҳсилкунандаро ташкил медод.
Инчунин  24 нафар магистр,    112 нафар аспирант, 122 нафар унвонҷӯ( номзадӣ ва докторӣ), 220 нафар ординатори клиникӣ, 389 нафар  интернаҳо ва 1115    нафар  шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ ба таҳсил   фаро гирифта шуда буданд, ки дар маҷмӯъ муҳассилини донишгоҳ  дар ин давра 8764  нафарро ташкил медод.
Тарзу усулҳои қабули санҷишу имтиҳонот мукаммал мегардад ғ
Фаъолияти асосии  таълимиро дар 6 моҳи гузашта,  гузаронидани сессияи имтиҳонии зимистона, фаъолияти Шӯрои илмӣ-методӣ, фаро гирифтани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ, имтиҳонҳои хатми давлатӣ ва сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2012-2013 ташкил намуд.
Натиҷаи   сессияи имтиҳонии зимистона   маълум намуд, ки дарсазхудкунии донишҷӯён дар давраи фаъол нисбат ба миқдори донишҷӯён  82% ва сифати таълим бошад 37,3% - ро ташкил дод.
 Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2012-2013 ҳамагӣ 116 нафар (2,%) донишҷӯён аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (29 нафар, 0,5%)  1,5% зиёд аст.
Сабаби асосии зиёд шудани шумораи хориҷшудагон пеш аз ҳама  дар мукаммал ва васеъ гаштани  тарзу усули  қабули санҷишу имтиҳонҳои сессияи имсола  вобастагӣ дорад.
Барои супоридани имтиҳонҳои хатмкунии давлатӣ дар маҷмӯъ ба 1016 нафар донишҷӯён иҷозат дода шуд.
Таҳлили натиҷаҳои аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагон нишон дод, ки имсол 99,4%-и хатмкунандагон донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд, ки нисбати соли таҳсили 2011-2012 – 0,4% кам аст.  Сифати дарсазхудкунии хатмкунандагон 65,6% - ро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 9,2% зиёд аст. Баҳои "қаноатбахш” 348 нафар ва ё 33,8%-ро ташкил намуд, ки аз соли гузашта 9,6% камтар аст. 4 нафар баҳои "2” гирифтанд ва аз сафи хатмкунандагон  хориҷ карда шуданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта (2 нафар, 0,2%) 2 нафар ё 0,2% зиёд шудааст.
Имсол шумораи нафароне, ки донишгоҳро бо «Дипломи аъло» хатм намуданд 81 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта (37 нафар) 44 нафар зиёд мебошад.
 Баланд бардоштани сифати таълим яке аз ҳадафҳои асосии раёсати донишгоҳ ба ҳисоб меравад.   Сифати таълим дар давраи фаъоли  сессияи тобистонаи имсола 21,7%– ро ташкил дод, дарсазхудкунии донишҷӯён нисбат ба миқдори донишҷӯён дар ин сессия 77,1% мебошад.
Аз рӯи натиҷаҳои давраи фаъоли сессияи тобистонаи имсола 20 нафар (0,4%) донишҷӯён аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд, ки нисбати соли гузашта 0,1% кам шудааст.
ДДТТ сазовори 14 ҷойи ифтихорӣ ва мақоми дуюм дар байни макотиби олӣ
Имсол дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки дар ду давра дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппа   доир гардид, аз донишгоҳ  аз рӯи 12 фанни таълимӣ 21 нафар иштирок намуданд.
Дар натиҷа донишҷӯёни мо дар маҷмӯъ 14 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла,  2 ҷойи 1- ум, 7 ҷойи 2-юм ва  5 ҷойи 3-юм гашта, дар ҷамъбасти даставӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино байни мактабҳои олии кишвар мақоми 2-юмро соҳиб шуд.  Инчунин донишҷӯёни донишгоҳ,   5  ҷойҳои аввалро  дар Интернет - Олимпиадаи  байналмилалӣ  байни  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди   Давлатҳои Муштаракулманофеъ  ишғол намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ  беҳтарин дастоварди донишгоҳ маҳсуб меёбад. 
Таҷрибаомӯзии донишҷуён дар ин давра тибқи нақша амалӣ гашта, яке  аз  хусусиятҳои хоси ин раванд  барои донишҷӯёни курси 3 ва 5-уми  факултаи тиббӣ дар давоми сол  ташкил  карда шуд.  Вобаста ба ин 386 нафар аз  курси 3-юм ва 58 нафар аз  курси 5-уми факултаи тиббӣ    ба таври ихтиёрӣ  таҷрибаомӯзиро   гузаштанд.    Дар маҷмӯъ дар 6 моҳи соли ҷорӣ  2631 донишҷӯ таҷрибаомӯзиро тибқи нақша ба пуррагӣ гузаштанд. 
Фонди умумии китобхона дар моҳи июни соли 2013 668 284  нусха ва фонди китобҳои электронӣ бошад 144 400 нусхаро  ташкил медиҳад. Дар ин давра ба китобхона 661 номгӯи адабиёт бо теъдоди 3418  нусха ба маблағи умумии  99506  сомонӣ ворид гардидааст, ки аз  он  1696  нусха (42770 сомонӣ) аз ҳисоби  маблағҳои хусусии донишгоҳ ва  1722  нусха  (56736 сомонӣ) ба таври туҳфа мебошад.   
Фаъолияти Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар давраи ҳисоботӣ самарабахш буда,   ҳамагӣ 492 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз  курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ,  ихтисосгирии аввалия ва такмили ихтисоси педагогӣ гузаштанд. Аз онҳо 156 нафар курсҳои такмили ихтисоси тахассусиро хатм намуданд. Бояд қайд кард, ки дар 6 моҳи аввали соли 2013   аз рӯи барномаи таълимии ихтисосгирии аввалия 78 нафар шунавандагон қабул карда шуданд.
Довталаби донишгоҳи тиббӣ бояд мутобиқи  талаботҳои рейтингии донишгоҳ омодагӣ дошта бошад.  
Фаъолияти Комиссияи қабули довталабони Донишгоҳ ба баргузорӣ ва танзими яке аз маъракаҳои ҷиддӣ ва муҳим, яъне қабули довталабон ба донишгоҳ нигаронида шудааст. Новобаста аз он, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ва имтиҳонҳои қабул дар моҳҳои июн-август баргузор мегардад, дар донишгоҳ тайёрӣ ба ин маърака дар давоми сол амалӣ мегардад.
Дар ин раванд  шуруъ аз   20. 05. то 28.05.с.2012  дар Бинои асосӣ ва Маҷмааи нави таълимии  Донишгоҳ «Рӯзҳои дарҳои кушода» гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз ҳазор  нафар шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ,   хатмкунандагони макотиби миёнаи пойтахт ва ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав, ш. Ваҳдат ва ш. Турсунзода  иштирок намуда, маълумоти заруриро  гирифтанд.
Пеш аз оғози қабули ҳуҷҷатҳои довталабон тибқи талабот дар 6 рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соли таҳсили 2013-2014», инчунин дар сомонаи  Донишгоҳ интишор гардид.
Мувофиқи «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соли таҳсили 2013-2014» қабули довталабон ба таври  буҷавӣ ва шарномавӣ ба Донишгоҳ амалӣ мегардад.
Соли равон мувофиқи нақшаи қабул 1410 донишҷӯ қабул карда мешавад, ки аз ин миқдор 580 ҷойи буҷавӣ ва 830 ҷойи шартномавӣ мебошад. Ба ҷойҳои муқарраршуда то 05.07.с.2013 ба Комиссияи қабули донишгоҳ 000 нафар ҳуҷҷат супориданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 000 нафар зиёд мебошад.
Мувофиқи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҷумлаи омӯзгорони пуртаҷрибаи донишгоҳ, ки дар ҳайати Комиссияи қабули довталабони тибқи квотаи Президентӣ шомил буданд, аз 11 июн то 22 июни соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар гаштанд. Озмун чун солҳои қаблӣ хаттӣ ва аз рӯи системаи рейтингӣ гузаронида шуд.
 Тибқи нақшаи қабули донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соли таҳсили 2013-2014, ки аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдо тасдиқ шудааст, ҳамагӣ барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар факултети тиббӣ 128 ҷой ва дар факултети нигаҳдории тандурусти ҷамъиятӣ  5 ҷой муқаррар шуда буд. Аз ҷумлаи ҷойҳои ҷудошуда 68 ҷой барои духтурон ва 65 ҷой барои писарони лаёқатманд мебошад.  Дар ҷадвали зерин таносуби ҷойҳо нисбат ба вилоятҳо ва духтарону писарон оварда шудааст.
Дар натиҷаи озмуни қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ    аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 128 нафар дар натиҷаи озмун ва 6 нафар (Тавилдара, Роғун, Балҷувон,Тоҷикобод, Нуробод) тибқи мактуби расимии Вазири маорифи ҶТ    ба донишгоҳ қабул шуданд.   
Қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ барои соли таҳсили 2013 – 2014    дар  Донишгоҳи тиббӣ  ба пуррагӣ  иҷро шудааст.
Мувофиқи талаботи Қоидаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар санаи  25.07.с.2013 озмуни қабули довталабони имтиёзнок баргузор гардид. Соли равон ба Комиссияи қабули донишгоҳ 37 нафар довталабони имтиёзнок бо роҳхати Вазорати маориф ва 1 довталаб бо тавсияи Вазорати тандурустӣ дар суҳбат  иштирок намуданд. Аз ҷумла  21 нафар ҷоизадорони (ҷойҳои 1 ва 2-ум)  олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни биология, 16 нафар  ҷоизадорони (ҷойҳои 1 ва 2-ум)  аз фанни химия,  1 нафар ғолиби мутлақи озмуни байни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ. Дар натиҷаи суҳбат 4 нафар муваффақ нагаштанд.
 Инчунин 5 нафар фарзанди иштирокчии бартарафкунии фоҷеаи Чернобил ҳуҷҷатҳои худро ба факултети тиббии донишгоҳ супориданд, ки озмун барои муайян намудани 1 довталаби беҳтарин баргузор гардид. Дар натиҷаи    озмун 1 нафар довталаб, ки   холи нисбатан зиёдро соҳиб шуд  ба сафи донишҷӯёни факултети тиббӣ ба таври буҷавӣ қабул карда шуданд.
Иштироки олимони хориҷӣ дар чорабиниҳои илмӣ зиёд мегардад
 Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ буда, дар ин самт дар ҳамаи кафедраҳо ва Марказҳои илмии Донишгоҳ лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқоти амалӣ карда мешаванд.  Дар давраи ҳисоботӣ  14 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии кормандони Донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар баробари ин, дар Донишгоҳ аз рӯи 25 лоиҳаи ташаббусӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар 7 комиссияи байникафедравии донишгоҳ 30  апробатсияи рисолаи номзадӣ, 1 апропатсияи рисолаи докторӣ  гузаронида шуда, 51  мавзӯи рисолаи илмӣ ва  2 мавзӯи рисолаи докторӣ тасдиқ шуданд.   Дар давраи ҳисоботӣ кормандони шӯъбаи илм маводҳои аввалияи рисолаҳои илмии    21  нафарро баррасӣ намуда, пас аз мукаммалкунӣ  ба  онҳо  барои аппробатсия роҳхат дода шуд.  2  - Шӯроҳои дисстатсионӣ, ки  аз рӯи 3 ихтисос  дар ин давра фаъолият мекард,  17 ҷаласа баргузор намудааст,  инчунин 9 рисолаи номзадӣ дар марҳилаи дифоъ қарор дорад.    
Дар ин давра 2 шумораи Паёми Сино ва 1 шумораи  маҷаллаи илмӣ-амалии Авҷи Зуҳал ба табъ расонида шуд.      
Моҳи апрели соли равон Конфроси олимони ҷавон ва донишҷӯён дар мавлӯи  "Масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти илми тиб” бо иштроки намояндагои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар конфронс  беш аз 130 нафар олимони ҷавон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳалталабе, ки ба рушди нумӯи тибби муосир дар ҷумҳурӣ  мусоидат менамоянд, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар маводҳои   конфренсия  466 фишурда пешниҳод гардида буд, ки    аз ин миқдор 99 ададашро  маърӯзаҳои илмии олимони ҷавон аз 6 давлати  хориҷа; Федератсияи Руссия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Украина, Белоруссия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ташкил медод.  Дар маҷмӯъ дар шаш моҳ 91 мақола, 846 фишурда, 5 монография, 3 китоби дарсӣ ва  14 пешниҳоди навоварона ба қайд гирифта шудааст.
Дар шашмоҳаи  аввали соли 2013  дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадиқиқотӣ 2156 таҳлилу  озмоиш  гузаронида шудааст. Аз тарафи кормандони  ОМИТ дар якҷоягӣ  бо  ҷарроҳон  дар  2 ҳайвони озмоишӣ трансплантатсияи дил ва дар 1 ҳайвон  сактаи дили озмоишӣ  гузаронида шуд. Дар баробари ин  дар давраи  ҳисоботӣ дар ОМИТ, аввалин маротиба 342  таҳлилҳои морфологӣ  гузаронида шуданд.  Кормандони ОМИТ тавонистанд, ки  дар якҷоягӣ   бо муассисаҳои табобатии Вазорати тандурустӣ  дар 22 нафар беморон усули табобати ҳуҷайрадармониро бо муваффақият   анҷом диҳанд.  
Мутахассисони Маркази захираҳои исботшудаи тиб дар давоми фаъолияти худ ҳамагӣ  19 чорабиниҳои илмӣ -  маърифатӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 461 нафар омӯзгорон, донишҷӯёну магистрҳо, ходимони илмӣ ва духтурони касбӣ иштирок карданд.  Инчунин 2 рақам бюллетени МЗИТ бо шумораи умумии 200 нусха омода ва ба чоп дода шуд. Барои пайдо намудани маълумот ба беш аз 120 нафар ниёзманд кумакҳои методӣ расонида шудааст.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ  ҳамагӣ 36 чорабиниҳои гуногун  гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 970 нафар иштирок намудаанд. Аз тарафи Марказ 1345 адад варақаҳои иттилоотӣ, 1027 адад бюллетенҳо, 95 адад буклетҳо ва 363  адад дигар маводҳои чопӣ оид ба фаъолияти Марказ ва мавзӯҳои гуногуни истифодаи самараноки маводҳои доруворӣ паҳн карда шудаанд.   Илова ба, ин 8 маротиба  тренингҳо барои ординаторҳои клиникии соли аввал дар мавзӯъҳои устувории антибиотикҳо ва роҳҳои бартарафсозии он дар муолиҷаи бемориҳои сироятӣ гузаонида шудааст, ки дар он зиёда аз 100 нафар ширкат варзидаанд.  Ғайр аз ин,  дар ин давра кормандони Марказ дар якҷоягӣ бо кафедраи фармакология ба 725  нафар донишҷӯёни курси 3 машғулиятҳои амалиро  дар мавзуҳои гуногуни маводҳои доруворӣ   баргузор намудааст. Инчунин, тибқи нақша бо мақсади  маълумотнокии  намояндагони Васоити ахбори омма вобаста ба маводҳои зиддибактериявӣ аз ҷониби кормандони  Марказ  семинар гузаронида шуд.
Аз ҷониби кормандони Марказ бо намояндагони  соҳаи тандурустӣ дар Маркази тибби оилавии ш. Душанбе бо иштироки муовинони сардухтурони Марказҳои саломатӣ оид ба тибби оилавӣ  семинар машвартҳо гузаронида шудаааст.
Фаъолияти босамар  қадршиносӣ меёбад        
Лозим ба қайд аст, ки  дар арафаи идҳои Наврӯз  фаъолияти пурмаҳсули роҳбарият ва ҳайати кормандону устодони донишгоҳ аз ҷониби яке аз муассисаҳои бонуфузи  молиявии байналмилалӣ – Бонки Исломии Рушд қадршиносӣ шуд. Талаботи  асосии Озмуни мазкур    пеш аз ҳама ба таърих, сохтор, самтҳои фаъолият, вазъи молиявию  иқтисодӣ, сатҳу сифати корҳои илмӣ, шумораи кормандони унвонҳои илмидошта, дастовардҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра маҳсуб меёфт, ки дар натиҷа   миёни 17 муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии бонуфузи  хориҷӣ,  донишгоҳ ғолиб баромада, соҳиби ҷоиза гардид. Маросими ҷоизасупорӣ  дар  ҷаласаи 38 – уми Шӯрои бонкдорони давлатҳои исломӣ, ки рузҳои 21 – 22 – юми майи соли равон дар ш. Душанбе доир гардида, он  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври  тантанавӣ сурат гирифт.
Дар баробари дигар комёбиҳои назаррас  дар ин давра 3 нафар олимони донишгоҳ барои ихтирооти худ соҳиби  ҷоизаҳои баланд гардиданд. Аз ҷумла, профессор Исупов С.Ҷ. бо медали тилло аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Боқиева Г – бо ду медали  тилло аз Намоишгоҳи байналимлалии бонувони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ ва Сафедов Ф.  бо медали тилло аз ҷониби Маркази миллии патенту ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Корҳои тарбиявӣ – фарҳангӣ дар мадди назар
Ҷихати дар сатҳи баланд таҷлил намудани идҳои баҳорӣ  аз тарафи раёсати донишгоҳ Нақшаи чорабиниҳои идона тартиб дода шуда, ҳамаи чорабиниҳо аз рӯи  нақша амалӣ гаштанд. Бо мақсади эҳё  намудани урфу анъанаи миллӣ  ва  таърихи ниёгон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ  дар мавзӯъҳои «Модар», «Артиши Миллӣ – такягоҳи давлат» ва «Наврӯзи аҷам» бо иштироки васеъи донишҷӯён ва меҳмонон     мизҳои мудаввар, озмунҳои наврузӣ дар доираи кафедраҳо ва сатҳи донишгоҳӣ  доир карда шуд. Аз ҷумла, 19- уми марти соли 2013 ҷашни Наврӯзи Донишгоҳи баргузор гардид, ки дар он 62 кафедраи донишгоҳ бахшида ба Наврӯз дастархони ҳафсину ҳафтшин ва дастовардҳои кафедраҳои худро ба маърази тамошо бароварданд. 
 Бо қарори Раёсати  донишгоҳ чун анъана,  аз ҳисоби  маблағҳои  хусусии донишгоҳ   дар арафаи идҳои "Артиши миллӣ”, ”Рӯзи модар” ва "Наврузи Аҷам”  бо мақсади қадрдонӣ, ҳавасмандӣ ва кӯмакҳои як вақта,     дар ҳаҷми 350 ҳазор  сомонӣ маводҳои ғизоӣ аз қабили орду равған, шакар, биринҷ ба омӯзгорону донишҷӯён, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат, пиронсолон, маъюбон ва ятимон   кумакҳои  моддию молиявӣ расонида шуд.
Ба хона-интернати №4-и шаҳри Душанбе 105 бех ниҳолҳои сояафкан ба тариқи ройгон ҳадя карда шуд. Бахшида ба ҷашни «Байналмилалии Наврӯз» ба хона-интернати мазкур ба маблағи 3600 сомонӣ маводҳои хӯрока аз қабили (10 халта орд, 50 литр равғани растанӣ, 50кг шакар ва 50кг биринҷ) тақдим карда шуд ва инчунин ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳри Кӯлоб низ ба маблағи 3600 сомонӣ маводҳои хӯрока кумак расонида шуд.   Ба 30 нафар донишҷӯёни ятими кулли  донишгоҳ низ  ба маблағи 3000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта расонида  шуд. 
Яке аз бонуфузтарин маҳфил ин маҳфили умумидонишгоҳии "Мубоҳисон” мебошад, ки дар назди шӯъбаи кор бо ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни аълохону фаъол таъсис дода шуда, тӯли 4 сол мешавад, ки фаъолияти самарабахш пеш бурда истодааст. Илова бар ин, фаъолияти маҳфилҳои   «Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тиб» ва «Ҷавонони асри XXI»  дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда буд.
Дар назди Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҶТ барои солҳои 2011-2020» маҳфили «Бонувон ва ҷавондухтарони соҳибистеъдод» фаъолият менамояд. Мақсади таъсис додани маҳфил ҷалб намудани ҷавондухтарон ба ҷодаи илм, рушди қобилиятнокии онҳо, тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи миллӣ, густариши решаҳои дӯстӣ миёни духтарони дигар донишгоҳҳо ва татбиқи самарабахши барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва ҷавондухтарон мебошад.  Тибқи нақша  маҳфил  дар давраи ҳисоботӣ    2 маротиба чорабиниҳои худро  дар мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти занон ва духтарон   дар сатҳи баланд баргузор  намудааст.
Таҷлили ҳамасолаи  Ҳафтаи  ҷавонон дар Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ аз фаъолияти онҳо дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст.
 Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин давра  10 нафар донишҷӯёну  олимони ҷавони донишгоҳ бо диплом ва ифтихорномаҳои байналмилалӣ соҳиб шуда, 2 нафар аз олимони ҷавон дар «Озмуни ихтироъкорони ҷавон» ғолиб омаданд. 7 нафар аз донишҷӯёни фаъол дар озмунҳои маърифатӣ ва варзишӣ байни донишҷӯёни таҳсилоти олии касбии ҶТ  ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил шуданд. Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои донишгоҳии кишвар низ  қобили таҳсин  аст.
Аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дар доираи баргузории  ин ҷашн  67 нафар   ҷавонони боистеъдоди ДДТТ ба номи Абӯали  ибни Сино   барои  дастовардҳои  назаррас ва  саҳми арзандаашон дар бардоштани нуфузи донишгоҳ,      бо Ифтихорномаи Донишгоҳ  ва мукофотпулиҳо ба маблағи умумии  40 ҳазор сомонӣ  қадрдонӣ карда шуданд. 
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии ятимон аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар ин давра 29 нафар ятимони кулл ба маблағи зиёда аз 13 ҳазор сомонӣ бо сару либоси мавсимӣ, хӯроки яквақтаи  ҳамарӯза ва инчунин дигар кӯмакҳои моддию маънавӣ таъмин карда шуданд.
Донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ ва ҳамзамон  аъзои дастаи ҳунарии «Шифо» дар Ҳафтаи ҷавонон ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ  бо барномаҳои адабию фарҳангии шавқовар баромад  намуданд.     
Бахши тарбияи донишгоҳ дар давоми 6 моҳи сипаригашта,    дар толорҳои  донишгоҳ  2  маротиба бо ишироки шахсиятҳои маъруфи соҳаи тандурустӣ,  17 чорабиниҳои иттилоотию  маърифатӣ ва фарҳангиро бо намояндагони Вазорату  Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ  доир намудааст.           
Аз ҷониби кормандону устодони донишгоҳ дар ин давра  дар   рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ  16  очерку мақолаҳо  ва   59 хабару гузориш оид ба баргузории   ҷамъомаду вохӯриҳо ва конфронсу ҳамоишҳо ба табъ расидааст. Илова бар ин  Раёсати донишгоҳ ҷиҳати таъмини иҷрои  Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 7 феврали соли 2009, таҳти № 622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма”, қарори дахлдор қабул намуда, масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ  қарор додааст. Дар давоми шаш моҳи давраи ҳисоботӣ фаъолияти донишгоҳ   2  маротиба мавриди  танқиди расонаҳои иттилоотии кишвар қарор гирифтааст, ки аз ҷониби  Раёсати донишгоҳ вобаста ба мақолаҳои танқидӣ сари вақт вокуниш нишон дода шуд. 
 Ба замми ин дар давраи ҳисоботӣ таввасути шабакаҳои телевизионии кишвар  23 барнома,  аз ҷумла 7  барномаи Шабакаи 1, 14 барномаи ТВ «Сафина»,  3  барномаи ТВ «Ҷаҳоннамо»  ва зиёда аз 50 хабарҳои иттилоотӣ  таҳия ва намоиш дода шудааст.  Инчунин   тавассути 4 барномаҳои  Радиои тоҷик   кормандон ва донишҷӯён баромад намудаанд.
Устодони варзида барои муоинаи вазъи солимии мардум ба минтақаҳо сафар мекунанд
Кормандони кафедраҳои клиникӣ ва Марказҳои таълимию  клиникии донишгоҳ дар давоми шаш моҳаи аввали соли 2013 дар қатори самтҳои дигари фаъолияти донишгоҳ  дар кори  муолиҷавӣ низ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
Дар ин давра аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 29345 беморони кӯмаки табобатию машваратӣ расонида шудааст.  Аз тарафи устодони варзидаи донишгоҳ тариқи авиатсияи санитарӣ ба 267 ниёзманд дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ кӯмакҳои машваратию муолиҷавӣ  расонида шуд.
Дар ин давра аз тарафи Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ ба 7141 ниёзмандон  кӯмак расонида шуд, ки  нисбати соли гузашта 1137 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 3091 нафар донишҷӯ, 1051 нафар корманди донишгоҳ ва 2999 нафар ниёзмандон буданд. Дар  статсионари Маркази ташхисию табобатӣ 250 нафар беморон табобат гирифтанд ва 185 амалиётҳои гуногунҳаҷми ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.
Дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и донишгоҳ дар қатори тадрис ба донишҷӯён, инчунин кӯмаки баландихтисоси стоматологӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Дар ин давра аз тарафи кормандони Маркази мазкур ба 569 беморон кӯмаки тахассусии стоматологӣ расонида шудааст. Аз ҷумла табобати стоматологии ортопедӣ ба 117 нафар, муолиҷавӣ ба 210 нафар ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба 242 нафар ниёзмандон амалӣ гардидааст.
Аз ҷониби кормандони Маркази таълимию клиникии «Эндоҷарроҳӣ» дар ин мӯҳлат дар маҷмӯъ ба 753 нафар беморон кӯмаки ташхисию табобатии амбулаторӣ расонида шудааст. Дар маркази мазкур 195  амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки аз ин миқдор 94  тоаш амалиётҳои эндоҷарроҳӣ мебошанд. 
Ҳамасола бахшида ба 7-уми апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар донишгоҳ чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад. Соли равон Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустиро «Бемории фишорбаландӣ» интихоб намуд. Дар доираи мавзӯи мазкур рӯзи 6-уми апрели соли равон бо ташаббуси муовинати муолиҷавӣ форум гузаронида шуд. Дар форум дар қатори устодону донишҷӯёни донишгоҳ инчунин сардори намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Павел Урсу, сардори шуъбаи кадрҳои Вазорати тандурустӣ Ашурова Ш.С. иштирок ва баромад намуданд. Дар форуми зикршуда 286 нафар аз ҷумлаи мудирони кафедраҳо, аъзои раёсат, омӯзгорон, аспирантҳо, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ ширкат варзиданд.
Чорабинии дигаре, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ин гузаронидани аксия барои расонидани кӯмаки ройгони ташхисию табобатии устодони донишгоҳ ба аҳолии шаҳри Душанбе мебошад, ки дар шароити Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ баргузор гардид. Ба зиёда аз 60 нафар ашхоси ниёзманд, ки аксарияти онҳо камбизоат буданд, кумаки баландихтисоси машваратӣ ва ташхисию табобатӣ расонида шуд. Ниёзмандон ба ҷузъ аз ёрии машваратӣ, инчунин бо маводи доруворӣ низ таъмин карда шуданд.
Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар таърихи 13 апрели соли 2013 дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф зери шиори «Фарди солим – миллати солим» баргузор гардид, ки дар ин чорабиниҳо кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино саҳми арзандаи худро гузоштанд. Чунончӣ дар маъракаи асосие, ки дар назди бинои Театри опера ва балетаи ба номи С. Айнӣ гузаронида шуд, роҳбарияти донишгоҳ, мудирони кафедраҳои клиникӣ, собиқадорони меҳнат, устодони пуртаҷрибаи донишгоҳ, ординаторони клиникӣ, табиб-интернҳо ва донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ иштирок намуданд. Зиёда аз 30 нафар дотсенту профессорони пуртаҷриба якҷоя бо дигар табибони муассисаҳои табобатию профилактикии пойтахт ба аҳолии ниёзманди пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ кӯмаки машваратии худро расониданд, ки қисми бештари ниёзмандонро беморони гирифтори фишорбаландӣ, амрози қалб, асаб, гӯшу гулӯю бинӣ ташкил медоданд. Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои зикршуда ба Марказҳои саломатии шаҳрии №№2,3,4, 5,6,7,10 ва 12    ба мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба аҳолӣ панҷ нафарӣ устодони донишгоҳ, дар маҷмӯъ 40 нафар сафарбар карда шуданд.
Устодони кафедраҳои  клиникии донишгоҳ дар ҳайати «Корвони саломатӣ», тайи се соли охир ба мақсади расонидани ёрии табобатию машваратӣ ба минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамари хайриявӣ мебаранд.
Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар ҶТ барои солҳои 2013-2023 мувофиқи фармони Вазорати тандурустӣ аз 2 майи соли  2013, №250 дотсенту профессорони кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар ҳайати «Корвони саломатӣ» рӯзи 3 майи соли 2013 ба шаҳри Кӯлоб сафар намуданд, ки аз ҷониби онҳо кӯмаки ройгони ташхисӣ ва машаваратӣ ба аҳолии ниёзманд расонида шуд.
Ҳамчунин, тибқи фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони ректори донишгоҳ аз 23.05.с.2013, №64/1 санаҳои 24-25 майи соли ҷорӣ 11 нафар профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар ҳайати «Корвони саломатӣ» ба ноҳияҳои Рашт ва Ҷиргатол сафарбар карда шуданд. Дар давоми 2 рӯз аз ҷониби кормандони донишгоҳ зиёда аз 750 нафар беморон муоина карда шуда, маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Ҳамкориҳои  байналмилалӣ густариш меёбанд
Раёсати донишгоҳ  робитаҳои байналмилалии худро  дар самти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ дар кишвари мо бомуваффақият пеш бурда, барои рушди ин робитаҳо ҳаматарафа  кӯшиш менамояд.
 Дар давраи ҳисоботӣ   20   вохӯриҳои расмии ректори донишгоҳ  бо ҳайати намояндагони хориҷӣ, роҳбарияти сафоратхонаҳои муқимии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда, ташкилоту муассисаҳои илмӣ-таълимии хориҷи кишвар ба қайд гирифта шудааст. 
 Дар доираи   ин вохӯриҳо бештар  масъалаҳои  лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар корҳои илмӣ –тадқиқотӣ ва инчунин  ташкил ва гузаронидани семинару симпозиумҳо, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос ва  маблағгузории сафарҳои хизматии кормандону донишҷӯёни донишгоҳ матраҳ гардидаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ доир ба татбиқи  Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти олии тиббӣ аз тарафи ҳайати намояндагони Донишгоҳи Калгари семинарҳо доир ба баланд бардоштан ва такмил додани маҳорати педагогию касбии омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ гузаронида шудаанд. Дар рафти ташрифи 2 ҳайати намояндаҳои Донишгоҳи Швейтсария бошад, ҳамкориҳои муайян дар самти беҳтар намудани сатҳи фаъолияти бахши иттилоотиву компютерӣ бо гузаронидани семинари омӯзшӣ барои кормандони донишгоҳ, ва инчунин корҳои омодагӣ барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои тибби оилавӣ  амалӣ карда шудаанд. Ҳамаи дигар корҳои барномарезишуда низ мувофиқи нақша мавриди иҷроиш қарор доранд.
    Татбиқи  лоиҳаи ҳамкорӣ бо Клиникаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва пластикии Донишгоҳи ба номи Гётеи Олмон дар сатҳи хуб бо роҳ монда шудааст. Д ар ин давра  тавассути гуфтушунидҳо байни раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва раёсати Клиникаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва пластикии донишгоҳи тиббии ба номи Гёте барои давом додани фаъолияти ҳамкорӣ лоиҳаи нав барои солҳои 2013-2016 таҳия гардид, ки   аз тарафи Ҳукумати Олмон дастгирӣ ёфтааст. Лоиҳаи мазкур аз соли ҷорӣ мавриди амалишавӣ қарор гирифта, бо назардошти васеъ намудани самтҳои ҳамкорӣ байни муассисаҳои мо тартиб дода шудааст.
 Яке аз самтҳои  дигари фаъолияти  робитаҳои байналмилалии донишгоҳ  таҳким бахшидани корҳои  тарбиявӣ ва фарҳангӣ дар байни донишҷуёни хориҷӣ мебошад.    Дар давраи ҳисоботӣ  чорабиниҳои тарбиявӣ тибқи  нақша ба роҳ монда  шуда,  донишҷӯён  дар баргузории чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он фаъолона  саҳм  мегиранд.   Дар давраи ҳисоботӣ    Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон  дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.  Инчунин,  рӯзи 25 феврали соли 2013 бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ «Шоми Мусиқии Покистон» бо иштироки Сафири Покистон Амҷад Ҳусайн Б.Сиал, муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Зоҳидов Н.Ш., Сафирони Мухтори сафоратҳои хориҷӣ, роҳбарият ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ   баргузор  карда шуд. Чорабинии мазкур, ки бо иштироки фаъоли ҳунармандони покистониву тоҷик ва инчунин донишҷуёни донишгоҳи тиббӣ сурат гирифт, барои мубодилаи фарҳангӣ, рушди ҳамкориҳо ва дӯстии байни халқҳо мусоидат хоҳад намуд.
 Умуман дар давраи ҳисоботӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 8 лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ гардида истодаанд, ки онҳо бештар аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ба монандӣ:  Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Бонки Рушди Осиё, DAAD, МНТЦ, Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», Лоиҳаи Темпус ва ғайраҳо маблағгузорӣ  шуда истодаанд.
Фаъолияти  байналмилалии донишгоҳ   бо ташкилоту созмонҳои ҳориҷӣ    сол аз густариш  ёфта,   дар айни замон раёсати Донишгоҳ бо зиёда аз 62 муассисаҳои бузурги илмию  таълимӣ ва марказҳои муолиҷавии кишварҳои хориҷӣ  шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.   Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бошад 1 меморандум бо донишгоҳҳои УШОС ба имзо расонида ва 5 шартномаи ҳамкорӣ   дар арафаи мувофиқа бо донишгоҳҳои тиббии  кишварҳои хориҷӣ   қарор дорад.
Ҳам таълим ҳам фароғат
Мактаби байналмилалии тобистона барои соли 2013  моҳи июн кори худро оғоз намуд. Бо мақсади  таъмин намудани иштироки донишҷӯёни ДДТТ дар барномаҳои мактаби тобистона дар Хитой ва Украина корҳои иттилоотиро  дар байни  донишҷӯён  ба итмом расонида, ҳуҷҷатҳои зарурии номзадҳо гирд оварда шудаанд. Мувофиқи нақша соли ҷорӣ 10 нафар донишҷӯён аз 1 то 10 август ба Донишгоҳи тиббии Синзяни Хитой барои иштирок дар барномаи Мактаби тобистона равона карда мешаванд. Ҳамзамон  мактаби тобистонаи донишгоҳ чун солҳои қаблӣ бо иштироки донишҷӯёни  Ҷумҳурии Қазоқистон  аз ниммаи дуюми моҳи июли соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ менамояд. 
Дар баробари ин тибқи қарори раёсати донишгоҳ соли ҷорӣ барномаи байналмилалии мактаби тобистона дар донишгоҳи мо низ идома хоҳад ёфт. Аз 15 то 25 июли соли ҷорӣ мактаби тобистонаи байналимлалии донишгоҳ бо иштироки  намояндагони Донишгоҳи тиббии Карагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон  оғоз ёфт. Мактабҳои тобистона ба донишҷӯёни таҷрибаомӯз имконият медиҳанд, ки дар баробари истироҳат инчунин вақти қимати худро зоеъ накарда, дар давоми таътил ба мустаҳкам намудани донишҳои амалии худ машғул шаванд.
Имконияҳои таълимӣ васеъ мешаванд
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ раёсати донишгоҳ дар корҳои хоҷагидорӣ як қатор корҳои назаррас ва муфидро аз қабили корҳои сохтмонӣ, муҷаҳҳазгардонии кафедраҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, гузаронидани шанбегиҳо,  бо гулу майса оро додани гирду атрофи донишгоҳ, шинонидани дарахтони ородиҳанда ва  сояафкан ба анҷом расонид.  Аз ҷумла, толори варзишии кафедраи валеология ва тарбияи ҷисмонӣ, ба маблағи 794 ҳазор сомонӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.
Толорҳои лексионӣ  дар бинои асосӣ, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, масоҳати умумии он 765,6 м2 – ро ташкил медиҳад ба маблағи 1 млн 700 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд. Бино дорои 5 толори барҳаво буда, барои дар як вақт ба  беш аз 500 нафар машғулиятҳои лексионӣ гузаронидан мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ  дар    давраи ҳисоботӣ ба маблағи 2190288 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ  ба анҷом расонида шуд. 
Дар ин давра  мувофиқи  нақша ва сметаи хароҷотӣ барои харидории маводҳои таълимӣ, таҷҳизоти озмоишӣ - тиббӣ ва таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо (200  миз ва 724  курсӣ),  утоқҳои бинои  маъмурӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ  442628,28 сомонӣ сарф карда шудааст.
Бо мақсади корҳои ободонӣ, ороиши  гирду атрофи  биноҳо дар донишгоҳ  4200 бех гулҳои  мавсимӣ,  470 адад дарахтони сояафкан, 1304 – адад дарахтони мевадиҳанда, 12030 бех гулҳои мавсимӣ, 6200 бех гулҳои буттагӣ ва 6000 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуд. Инчунин бахшида ба ҷашнҳои баҳорӣ бо ташаббуси донишҷӯёну кормандон  372 адад гулҳои ороишӣ ба донишгоҳ ворид карда шуд.
Ҳамин тариқ, Раёсати Донишгоҳ дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар тамоми самтҳои фаъолияти хеш натиҷаҳои назаррасрро ноил гашта, барои дар минбаъда боз ҳам беҳтар намудани шароити мӯътадили  кору таҳсили устодону донишҷӯён заминаи боэътимодӣ воқеӣ фароҳам овард.

Отчёт о деятельности ТГМУ имени Абуали ибни Сино за шест месяцев 2013 года
Категория: Новости | Просмотров: 996 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июль 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия