• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 27 » Изҳороти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
14:28
Изҳороти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Изҳороти Раёсат ва  донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
 
     Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун муассисаи масъул ба нигаҳдории саломатӣ, беҳдошт ва тандурустии ҷомеа ва ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳ озор ва қатли Фархунда - як духтари ҷавони афғониро башиддат маҳкум намуда, онро болотарин амали ваҳшоният  унвон мекунад. Боиси нигаронӣ аст, ки чунин амали нангинро иддае аз тангназарон аз номи ислому китоби муқаддаси мусалмонон Қуръони Карим анҷом дода, ин дини мӯбинро доғдор менамоянд.
     Мутаассифона, масъалаи хушунат алайҳи занону кӯдакон ҳанӯз ҳам чун як масъалаи доғ дар ҷомеаи инсонӣ боқӣ мемонад, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар гирифтори  озору ранҷи ҷисмиву равонӣ мегарданд. Афзоиши ҳодисаҳои даҳшатбори терроризм ва ифротгароӣ низ имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳукумати Тоҷикистон чун узви ҷомеаи байналмилалӣ аз оқибати ин ҳодисаҳо ва афзоиши тамоюли  гаравиши ҷавонони гумроҳу аз маърифати сиёсӣ дур ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ менамояд. Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ ба зиёдшавии чунин омилҳо таъкид намуда, қайд кард, ки  «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Вазъияти имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».  Усулҳои қатли ваҳшиёна, махсусан зинда оташ задану сар буридани одамон  ва дигар кирдорҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби чунин гурӯҳҳои террористӣ пайваста истифода мегардад, ки мавриди ташвиши ҷомеаи мутамаддин қарор гирифтааст. Тавре ки аз таҳлилҳои коршиносони масоили сиёсӣ бармеояд, феълан дар ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ шаҳрвандони беш аз 100 кишвари олам ширкати фаъолона доранд. Мутаассифона, тибқи иттилооти мавҷуда имрӯз беш аз 200 нафар ҷавонони гумроҳи тоҷик низ ба ин ҳаракатҳо ҳамроҳ гардида, ҳаёти осоиштаи худро қурбони дасисаю фиреби чанд нафар манфиатҷӯ намудаанд. Коршиносон сабабгори асосии сар даровардани ин тамоили манфиро дар сатҳи пасти дониши сиёсӣ, ноогоҳии  гурӯҳе аз ҷавонони мо аз ҳадафу мақсадҳои ниҳоии давлатҳои қудратталаб унвон мекунанд, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз ҳеҷ амали нопок, ҳатто ноором сохтани минтақаҳои осебпазир ва ба ин васила бардоштани суду манфиатҳои бештари иқтисодӣ рӯ намегардонанд. Мутаассифона, касони камсаводу аз маърифат дур зудбовар буда, хеле осон фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини манфиатҷӯён мешаванд. Илова бар ин дар ҷомеа боз ҳастанд ҳизбу ҳаракатҳое, ки мардумро аз ҳам ҷудо сохта ҷавонони навроҳаро, ки аз асли кор огаҳӣ надоранд, қурбони амалу мақсадҳои сиёсии худ мегардонанд.
      Сарнавишти Фархунда, низ натиҷаи ҷаҳолати чунин инсонҳои ноогоҳу гумроҳ аст, ки бо марги фоҷиабори ӯ анҷом ёфтааст. Шаҳодати Фархундаи ҷавон бори дигар ҷомеаи инсониро ҳушдор медиҳад, ки дар муқобили ҳамагуна амалҳои ифротгароиву ситезаҷӯйӣ устувор бошанд. Ин амали мудҳиш набояд ягон нафар инсони соҳибақлро бетараф гузорад.
     Ҷамъи кормандону донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  бо маҳкуми ин амали авбошӣ дар муқобили як духтари ҷавон, ки ба куштори  ваҳшиёнаи ӯ боис шуд, ба хонаводаи марҳум ва тамоми модарону хоҳарони ин кишвар, ки имрӯзҳо худро ғамшарики онҳо медонанд, тасаллият мегӯянд. Раёсат, кормандон ва ҷамъи донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ  дар баробари тамоми мардуми ҷаҳон, ки аз ин ҳодисаи ваҳшатбор изҳори нигаронӣ намудаанд, чунин амалҳои  ифротгароиву ҷаҳолатро маҳкум менамояд.
Категория: Новости | Просмотров: 1207 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия