• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Февраль » 14 » изхорот
10:23
изхорот
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Оре, ИНСОН бидуни таҷрибаи рӯзгор наметавонад зиндагии осудаву ором ва пурнишот дошта бошад. Инсони комил дар ҳар рӯзу соати умри худ мекӯшад, то чизе аз таҷрибаи зиндагӣ ба худ бигирад. Аммо афсӯс, ҳамаи инсонҳо ба гузаштаву имрӯза ва фардои худу оилаи худ, Ватану миллати худ мутаваҷҷеҳ намешаванд, дар акасари мавридҳо ё кӯр-кӯрона ва ё бо қасде ин чизҳои муқаддасро нодида мегиранд. Аз он рӯзгори пурфоҷиа ва харобиовару марговари миллати тоҷик чандон муддати тӯлонӣ нагузаштааст, мо ҳанӯз садои тиру тӯп, гиряву зории модарону кӯдакон, хонаҳои оташгирифта, ҷавонони сарсону саргардон ва паст шудани эътибори кишвару миллати хешро дар ёд дорем. Ин ҷанги хонумонсӯз гарчанде бо нерӯи ақлонии фарзандони ин миллат ба зудӣ хомӯш гашт, вале таъсири он то ҳанӯз зиндагии моро тираву тор месозад. Он молу сарвати миллӣ, ки тараву тороҷ гашт, он ҷавонмардон, ки ѓуррамарг шуданд … талафоте ҳастанд, ки ҳаргиз ҷуброн намешаванд. Бо кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, сиёсати созандаи Ҳукумат ва роҳнамоии хирадмандонаи Президенти кишварамон ду даҳсола аст, ки захмҳои он рӯзҳоро илтиём мебахшем ва шукр мегӯем, ки имрӯз ҳам аз ҷиҳати иқтисодиву маишӣ, сиёсиву фарҳангӣ дар кишварамон дастовардҳои муассире падид омадааст. Имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои бообрӯ ва аз тарафи ҷомеаи башарӣ эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Шояд дар бисёре аз кишварҳои мутараққии дунё сулҳу суботи сиёсиву иқтисодӣ чун дар Тоҷикистони мо пойдор набошад. Мардуми мо табиатан сулдӯсту слҳхоҳ аст, вайро ба оташи ҷангу вайронкорӣ кашидан кори осон нест. Имрӯзҳо мардуми тоҷик озодона ва бо сари баланд намоянгдагони худро барои иштирок дар парламенти Ҳукумат интихоб мекунад. Дар ҳамин давраи нозуку тақдирсоз, ки роҳи минбаъдаи рушду инкишофи Ватанамонро муайян мекунад, шахсоне низ пайдо мешаванд, ки бо ҳар роҳу восита манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худро аз манфиатҳои миллӣ боло мегузоранд. Мехоҳанд бо ҳар роҳ – зӯриву зар бар сари қудрат биёянд ва ин сарзамини кӯчакро боз ҳам кӯчактар созанд. Ҳодисаи пинҳон кардани аслиҳаи оташфишон, ки дар ноҳияи Ҳисор аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шуд, нишондиҳандаи он аст, ки ҳанӯз он таҷрибаи рӯзгор, яъне хатари аз байн рафтани Тоҷикистон дар соли 1992 барои баъзе ба ном сиёсатмадорон дарс нашудааст. Боз мехоҳанд, ки мардумро ба сангарҳо бикашанд, хун рехта шавад. То ба мақсади нопоки худ бирасанд. Агар ин кор аз ҷониби ягон нафар ё шаҳрванди оддӣ сурат мегирифт, дигар буд, вале як нафар узви раёсати ҲНИ, шахсе, ки чандин ҳазор нафар ба ӯ бовар доранд ва пайравиаш мекунанд, чӣ тавр метавонад «барои рӯзи мабодо» яроқу аслиҳа ҷамъ кунаду нигоҳ дорад. Оё ин гурӯҳ қудратро танҳо дар аслиҳаву тарсонидан ва ба зӯр тобеъ кардани дигарон мебинанд, куҷост он суханони бузурги мардуми мусалмон, ки «якеро гар тавонӣ дил ба даст ор». Бояд гуфт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ба истиснои як қисми ночиз, мусалмонанд ва дар зери парчами Ислом зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳукуматдорӣ дигар аст. Ҳеҷ гоҳ набояд дини мубини Исломро ба ҳайси воситаи расидан ба қудрат истифода кард. Мо аз ҷаноби Кабирӣ талаб мекунем, ки ҳангоми интихоб кардани аъзои ҳизб ҷиддӣ бошанд, зеро «дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор» ва манфиати миллиро аз тамоми манфиатҳои дигар болотар ва муқаддастару арзишмандтар донанд, ана адар ҳамин ҳолат мардуми Тоҷикистон онҳоро дӯст хоҳад дошт. Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита бо ҷомеа
Категория: Новости | Просмотров: 735 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Февраль 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия