• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Сентябрь » 5 » Холова Дилбар Пардаевна
17:11
Холова Дилбар Пардаевна

Холова Дилбар Пардаевна
(1965-2014)

       5 сентябри соли 2014 риштаи умри яке аз устодони кордону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ, ассистенти кафедраи акушерӣ-гинекологии рақами 1 Холова Дилбар Пардаевна ба таври ногаҳонӣ канда шуд.
      Холова Д.П. 27 апрели соли 1965 таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби миёна соли 1982 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд. Соли 1988 баъди хатми донишгоҳ риштаи интернатураро дар Таваллудхонаи рақами 2 гузашта, баробари ба итмом расонидани он даҳ сол ба ҳайси табиби ҳамин беморхона фаъолият намудааст. Фаъолияти педагогии Холова Д.П. дар Донишгоҳи тиббӣ аз соли 1998 оғоз ёфта, то соли 2000 дар кафедраи акушерӣ –гинекологии рақами 2 ва аз соли 2000 инҷониб дар кафедраи акушерӣ-гинекологии рақами 1 ба ҳайси ассистенти кафедра пурмаҳсул кор кардааст. Ҳамкасбону шогирдон дар шахси Холова Д.П. инсони хоксору бофарҳанг, некбину дурандеш ва муаллимаи ғамхору масъулиятшиносро дарёфта, аз ӯ ҳамеша чун яке аз беҳтарин устодони кафедра ёдовар мешуданд.  Шодравон бештар вақти холии худро бо шогирдон гузаронида, баҳри ҳарчи бештар баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавон пайваста заҳмат мекашид.
         Номбурда дар баробари фаъолияти педагогию муолиҷавӣ ҳамвора ба корҳои корҳои илмӣ машғул гашта, оид ба паҳлуҳои гуногуни амрози занона якчанд таълифоти арзишманд ба чоп расонидааст.
      Хотираи неки инсони некдилу хайрхоҳ, устоди қадрдону донишманд ва ҳамкасби кордону масъулиятшинос дар қалби ҳамкасбону шогирдон ва дӯстону пайвандон ба таври абадӣ боқӣ хоҳад монд.


          Раёсат ва созмонҳои чамъиятии донишгоҳ

Категория: События | Просмотров: 672 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 3.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Сентябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия