• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 31 » «Хониши синоӣ»
12:33
«Хониши синоӣ»
«Хониши синоӣ»
   Маҳфили «Хониши Синоӣ»-и  имсоларо, ки рӯзи 31 январ дар толори Сино баргузор гашт,  муовини аввали ректори донишгоҳ, профессор С.С.Қурбонов ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки   ҳамоиши мазкур  маҳфили таълимӣ-тарбиявӣ ва илмиест, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соли 1977 инҷониб баргузор карда  мешавад.           
   Ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ, бузургдошти  хотири  мутафаккир ва табиби бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва омӯзиши афкори илмию бадеӣ ва ахлоқию фалсафии ин нобиғаи оламшумул мебошад. Дар маҳфил мушовири ректори донишгоҳ Р.Ғ.Ғозиев, дотсенти кафедраи забони русӣ Л.А.Бозорова, директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ Ҷ.Н.Усмонов, директори Маркази антропологии АИ ҶТ, профессор Муҳаммадалӣ Музаффар, мудири шуъбаи таълими донишгоҳ,  дотсент Қ.Н, Носиров ва мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ, дотсент А.С.Саидов  оид ба ҷанбаҳои гуногуни осори илмии Абӯалӣ ибни Сино ва нақши онҳо дар рушду нумӯи илми тибби имрӯза бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ баромад намуданд.
                       
                       
   Маърӯзачиён аз ҷумла қайд намуданд, ки  «Хониши Синоӣ» барои такмил додани фаъолияти методию илмии ҳайати профессорону омӯзгорон аҳамияти босазое  дошта, аз  тарафи дигар ба дарёфти усулҳои нави таълим ва ба ин васила баланд шудани сифати дарсомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки «Хониши Синоӣ» ҳамасола  ба  нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ дароварда шуда, тибқи ин нақша дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор карда мешавад.
“Ворисони Сино”
Категория: Новости | Просмотров: 348 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия