• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Апрель » 28 » Конфронси солонаи илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён
13:57
Конфронси солонаи илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён

    Рӯзи  25.04.2014  Конфронси солонаи илмӣ - амалии олимони  ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ҳузури аъзои Раёсат, мудирони кафедраҳо, олимони ҷавону донишҷӯёни ДДТТ ва намояндагони байналмилалӣ  баргузор гардид. Конфронс, ки ба мавзӯи «ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИЛМИ ТИБ» бахшида шуда буд, бо тадоруки  муовинати илм ва созмонҳои ҷамъиятӣ, дар толори Синои донишгоҳ баргузор шуд.
     Конфронси илмӣ бо пахши суруди табибон оғоз ёфт, ки он паёме аз  қавлу вафодорӣ ба касби табибӣ ва эҳсоси масъулият дар баробари он аст.
   Профессор Қурбонов У.А.-ректори донишгоҳ, бо бахшидани ҳусни оғоз ба конфронси илмӣ, ҳузури олимони ҷавону донишҷӯён ва меҳмононро ба ин конфронс, ки бахшида ба 20 солагии Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки соли 2006 бори аввал конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён мустақилона ва дар алоҳидагӣ гузаронида шуд ва имрӯз ин нӯҳумин конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён аст, ки муфассал ва дар пояи баланд мегузарад. Ректори донишгоҳ бо ишора ба ин ки баргузории конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи тиббӣ  кайҳо боз ба ҳукми анъана даромадааст, таъкид кард, ки  он ҳамасола бо дарбаргирии доираи васеи масоили ҳалталаби соҳа  мазмуну моҳияти бештареро ба худ касб менамояд. ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳамоиши мазкур бешубҳа дар амалӣ намудани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2013- 2015» пешбинӣ гардидааст, солҳои охир нақши босазои худро гузошта, барои ҷустучӯ, дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдоду лаёқатманд имкониятҳои фарохеро фароҳам овард. Профессор Қурбонов У.А. ба нақши боризи ҷавонон дар пешбурди корҳои илмӣ дар донишгоҳ ва берун  аз он ишора карда, гуфт ки шумораи маърӯзаҳои илмии конференсия аз 49 адади  соли 2010 ба 187 маърӯза  дар соли 2014  расидааст. Доираи дарбаргирии мавзӯъҳои конфронс  ва    самти кори он низ васеътар гардида, ҷаласаҳои сексионӣ аз 3 то ба 11 расидааст, ки дар онҳо доир ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз қабили кардиология, ҷарроҳӣ, тибби назариявӣ, стоматология, физиология, педиатрия ва ғайраҳо маърузаҳои илмии олимони ҷавон ва донишҷӯён баррасӣ ва муҳокима мегарданд. Ҳамасола шумораи таълифоти илмии олимон  аз хориҷи кишвар афзуда, дар  давоми се соли охир дар  маҷмуаи маводҳои конференсия 120 фишурда аз муассисаҳои олии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ба нашр расонида шудааст.
   Дар рафти конфронс меҳмонони ҳузурдошта  Исупов Саломуддин Ҷабборович-Сардори Раёсати  таҳсилоти тибию фармасевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми Вазорати тандурурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ,  Мавсумахон  Муинҷоновна муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии  назди   Ҳукумати ҶТ, Абдусаттор Раззоқович намояндаи  Вазорати  маориф ва илми ҶТ бо суханони табрикотӣ баромад намуданд. Чанде аз донишҷӯёни муваффақи донишгоҳ бо ироаи маърузаҳои илмӣ, шаммае аз дастоварду пажӯҳиши касбии хешро ба ихтиёри ҳозирин гузоштанд. Чунончӣ: Зарипов Нуралӣ, донишҷӯи курси 3, факултети  тиббӣ дар мавзӯи «Қонуни илми тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино ва фармакотерапияи муосир»,  Муродов Амиршер Алишерович донишҷӯи курси 6, факултети  тиббӣ,  роҳбари маҳфили «Инноватсия»  дар мавзӯи Инновация дар илм: дурнамо ва тамоюл.
    Дар ҷаласаи пленарӣ аз ҷониби олимони ҷавони донишгоҳ ҳамаи маърузаҳо, ки дорои мазмуни баланд доштанд   шунида шуда, ҷаласаҳои сексионӣ дар толорҳои бинои нави лексионӣ ва толорҳои бинои асосӣ идома намуданд.

 

Категория: Новости | Просмотров: 576 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 1.7/3
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Апрель 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия