• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Февраль » 27 » Маҳфили 5-солагии ҷаҳонишавии Наврӯз
13:31
Маҳфили 5-солагии ҷаҳонишавии Наврӯз
Маҳфили 5-солагии ҷаҳонишавии Наврӯз
     Рӯзи 26-уми феврали соли 20015 бо ташаббуси раёсати донишгоҳ, бахши фарҳанг ва тарбия, ҳамчунин кафедраи забони тоҷикӣ  ба пешгоҳи  5-умин солгарди ҷаҳонишавии Наврӯзи Аҷам дар толори филиали китобхонаи донишгоҳ (маҳаллаи Қаряи Боло) дидори судманде бо корманди шуъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ, донишманди шаҳир, номзади илми филология  Рӯзӣ Аҳмадов баргузор гардид, ки дар ҷараёни кори он ҷамъе аз ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯён ҳузур ёфтанд.
    Кушоиши маҳфил бо эҳтимоми муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Одинаев С.П.  сурат гирифт.
   Лозим ба ёдоварист, ки дар оғоз Г. Турдиалиева-донишҷуйи гурӯҳи 25 тиббӣ, курси l  перомуни роҳи тайкардаи  олими пуркор Р. Аҳмадов  гузориши ҷолиберо манзури хотири ҳозирон гардонид.
   Сипас олими шинохта аз таъриху ҷанбаҳои пайдоиши ҷашни Наврӯз, заҳмату кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар амри мақоми байналмилалӣ касб кардани ҷашни мазкур, корҳои судманде, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ба ин иртибот сурат гирифтаанд, ҳамчунин арзиши фарҳангии ҷашни мазбур дар заминаи боло бурдани сатҳи худшиносии ҷавонон матолиби ҷолиберо ба забон овард.
  Профессори кафедраи забони тоҷикӣ Аслонова Н.Н. перомуни гузориши меҳмони маҳфил андешаҳои хешро иброз намуда, дар охир чанд намуна аз ашъори наврӯзии мардумиро ба қироат гирифт. Афзун бар ин муаллимони калони кафедра М.М. Олимова ва Г.А.   Суфиева чанд пораи дилангези наврӯзиро аз хазинаи адабиёти шифоҳӣ самимона адо намуданд. Иҷрои як оҳанги лирикӣ  аз ҷониби М. Саидова- донишҷӯйи гурӯҳи 25, курси l сурат гирифта, Б. Сафарзода-донишҷӯйи гурӯҳи 24, курси l дикламатсияи як пора шеъри наврӯзиро моҳирона ба ҷой овард.
   Байтбарак ҷузъи дилнишину самимии  нишасти мазкур ба ҳисоб мерафт.
  Дар поёни кори маҳфил муҳаққиқ Р. Аҳмадов ба пурсиши ҳозирон посухи ҷиддӣ гардонд.
Бояд гуфт, ки маҳфил муфиду самарбахш воқеъ гашта, қисман масъулият ва ҳамчунин гардонандагии кори он ба дӯши муаллими калони кафедра Н.Б. Зуҳуров вогузор шуда буд.
 
       Мудири кафедраи
      забони тоҷикӣ, дотсент                                                            Юсуфов А. И.
Категория: Новости | Просмотров: 343 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Февраль 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия