• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Сентябрь » 25 » Маҳфили Рӯдакихонӣ
08:36
Маҳфили Рӯдакихонӣ

Маҳфили рӯдакихонӣ

    Рӯзи 22-юми сентябри соли 20014 бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ  ба пешгоҳи  рӯҳи ҷовидонии падарсолори шеъри оламгири форсӣ-устод Рӯдакӣ дар толори филиали китобхонаи донишгоҳ (маҳаллаи Қаряи Боло) конфронси илмию адабие баргузор гардид, ки дар ҷараёни кори он ҷамъе аз ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯён ҳузур ёфтанд. 
   Кушоиши маҳфил бо эҳтимоми профессори  кафедраи забони тоҷикӣ Аслонова Н.Н. сурат гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки мавсуф ҳамчунин перомуни мавзӯи «Ҷойгоҳи ишқ дар осори устод Рӯдакӣ» гузориши ҷолиберо манзури хотири ҳозирон гардонид.
    Донишҷӯён Х. Бобоева, М Абдумӯъмин (курси I, гурӯҳи 2 НТҶ); М.Шарифов, З. Сангзода (курси I, 4 НТҶ); Д. Баротов (курси I, гурӯҳи 1 фармасевтӣ); М. Амирӣ (курси I, гурӯҳи 1 тиббӣ); С. Раҳимова (курси I, гурӯҳи 3  тиббӣ), Ш.Воҳидова (курси I, гурӯҳи 4 тиббӣ);М. Азимова, Ф.Мирзораҳимова,  Ф. Муродов (курси I, гурӯҳи 7 тиббӣ); М. Шаропова (курси I, гурӯҳи 30 тиббӣ); С. Каримова (курси I, гурӯҳи 38); З. Каримова (курси I, гурӯҳи 39 тиббӣ) зимни ин нишаст бо шӯру шавқи беандоза вориди майдони сабқат дар заминаи қироати ашъори ноби Одамушшуаро гаштанд. Илова бар ин, донишҷӯён С. Каримова ва Ш. Воҳидова оҳангҳоеро бар пояи ашъори устод Рӯдакӣ моҳирона адо намуданд. Қобили зикр аст, ки донишҷӯён Ф. Олимӣ, З. Намозова, М. Сатторова (ҳамагӣ аз курси дуюм, гурӯҳи 46 тиббӣ) ва Д. Чориева (аз курси сеюм, гурӯҳи 28 тиббӣ) ҳамчун меҳмони маҳфил порчаҳои марѓуберо аз ашъори рангини пири шоирон ба қироат гирифта, дар айни ҳол Ф. Олимӣ ва М. Шоева оҳангеро дар шакли дуэт бо маҳорати тамом замзама намуданд.
  Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ С.П. Одинаев саранҷом аз ин маҳфили пурфайз натиҷагирӣ намуда, ровиёну сарояндагони пурҳунар М.Азимова, Ш. Воҳидова ва М. Шарифовро, ки мутаносибан се ҷойи аввалро соҳиб гашта буданд,  бо туҳфаҳои  муносиб сарфароз намуд. 
   Қобили қайд аст, ки устодон Одинаев С.П., Саидова Б.М., Раҳимов Т.Ф. ва Аслонова Н.Н. дар амри роҳандозии чорабинии мазкур саъю талоши бештаре аз худ нишон доданд. Сатҳи баргузории нишасти мазкур тақрибан бо рӯҳи пурфутӯҳи  силсилаҷунбони шеъри ноби форсӣ тавъам афтода, гардонандагии он ба зиммаи муаллими калони кафедра Н.Б. Зуҳуров вогузор шуда буд. 

Мудири кафедраи
забони тоҷикӣ,
дотсент                                                                                       Юсуфов А. И.

Категория: Новости | Просмотров: 450 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 3.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Сентябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия