• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Август » 30 » Мактаби тобистонаи стоматологҳо
07:20
Мактаби тобистонаи стоматологҳо

Мактаби тобистонаи стоматологҳо

   Мактаби тобистонаи стоматологҳо, ки дар доираи он чорабиниҳои гуногуни фаннию маърифатӣ  баргузор карда мешаванд, аллакай анъанаи неке табдил ёфтааст. 
    Дар доираи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, ки 1 август барпо гашт, мактаби тобистонаи стоматологҳои донишгоҳи мо ба фаъолият шуруъ намуд, ки аз 2 то 7 август дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд давом кард. 
Мақсад ва ҳадафи мактаби стоматологҳои мо ба донишҷӯён омӯзондани асосҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, бо азхудкунии малакаҳои назариявию амалӣ, кушодани потенсиали эҷодии донишҷӯён ва корҳои тарбиявии беруназдарсии донишҷӯён ҳисоб меёфт. 
Дар кори мактаб 21 нафар иштирок намуд, ки аз онҳо 14 нафараш донишҷӯёни факултети стоматологӣ, 2 нафар духтур-интерн, 1 нафар аспиранти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ ва 4 нафар омӯзгорон аз кафедраҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо стоматологияи кӯдакон ва стоматологияи муолиҷавӣ буданд. 
Дар соли  2012 дар лоиҳаи мактаби тобистона муолиҷаи 1000 нафар кӯдаконе роҳандозӣ шуда буд, ки дар лагерҳои «Чайка», «Обшорон», «Зимчуруд», «Шарора», «Гулхан», «Орзу»-и воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб истироҳат менамуданд.
    Имсол 500 нафар кӯдакону наврасон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд, ки дар истироҳатгоҳҳои «Шоҳин» ва «20-солагии Истиклолият», воқеъ дар ҳудуди шаҳрҳои Қайроққум ва Хуҷанди вилояти Суғд  истироҳат менамоянд. 
   Ҳар рӯз аз рӯи ҷадвали пешакӣ тартибдодашуда донишҷӯён муоинаи стоматологии кӯдаконро мегузарониданд. Қисмати асосии рӯз дар Мактаби тобистона ба аз худкунии малакаҳои амалӣ, лексияҳо ва семинарҳо бахшида мешуд.  
   Мактаби тобистона 5 самтро дар бар мегирифт: стоматологияи кӯдакон, стоматологияи муолиҷавӣ, норасогии пардаи луобдори даҳон ва пародонт, ортодонтия ва стоматологияи ортопедӣ. 
    Барои боз ҳам чуқуртар шиносо гаштан бо кори стоматологҳо мо аз дармонгоҳи вилоятии стоматологӣ дидан карда бо сарстоматологи вилоят суҳбат кардем. Дар беморхонаи хусусии «Садаф» бо хатмкардаҳои донишгоҳамон вохӯрдем. Донишҷуён бо технологияи компютерии лоиҳакшиӣ ва истеҳсолии  САД-САМ ва кори радиовизиограф шиносо гаштанд.    
   Ассистентони  кафедраҳо  3 лекцияҳо хонда, 2 мизи мудаввар ва семинар гузарониданд, инчунин 2 саёҳат ба беморхонаи стоматологии шаҳри Хуҷанд ташкил карда 2 шаби мавзӯъгӣ гузаронида шуд. Барои дар оянда боз ҳам беҳтар гаштани фаъолияти Мактаби тобистона дар шоми хайрбодӣ мо беҳтарин донишҷӯёнро бо мукофотҳо ҳавасманд гардонидем.  
   Донишҷӯён истеъдоди педагогии ояндаи худро сайқал дода, дар байни кӯдакон оид ба пешгирии бемориҳои стоматологӣ бо презентатсияҳо баромад намуда, шоми озмунҳо ва мусобиқаҳо аз рӯи оббозиро барпо намуданд. 
   Берун аз барномаи таълимӣ корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён ташкил карда, дар ин доира онҳо аз осорхона, ҷойҳои таърихии шаҳр дидан карда, аз истироҳати  фаъол дар баҳр, тамошои филмҳои гуногун баҳра бурданд.   

Махсусиятҳои лоиҳаи мо

•Ҳаракати волонтёрӣ – дар мактаби тобистона донишҷӯёне ширкат меварзанд, ки хоҳиши ба роҳ мондани ҳаракати волонтёриро доранд.  

•Ҷалб ба кор  – муоинаи оммавии стоматологии кӯдакон ва наврасон, корҳои профилактики байни онҳо гузаронида мешаванд. 

•Характери бисёрфаннӣ – мактаб якчанд самтро муттаҳид менамояд. Характери бисёрфаннӣ тавассути ҷалби омӯзгорони якчанд кафедраҳо, барномаҳои бисёрсамтаи лексионӣ, мизҳои мудаввар ва ғ. муяссар мегардад.

•Худидоракунӣ – қисмати асосии корҳои ташкилиро донишҷуён таҳти роҳбарии омӯзгорон анҷом медиҳанд. 

    Мактаби тобистонаи таъсисдодашуда ба донишҷӯён таассуроти амиқ бахшид. Мо ёрию дастгирии роҳбарияти донишгоҳро дар ин бобат ба хубӣ ҳис мекунем ва барои ин аз номи иштирокчиёни мактаби тобистона ба ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Абдуллоевич Қурбонов миннатдорӣ баён менамоем. 

Декани факултети стоматологӣ, д.и.т.                    Ҷураева  Ш.Ф.

Категория: Новости | Просмотров: 514 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Август 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия