• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Май » 24 » Масъалаҳои ҷарроҳии кӯдакон – мавзӯи баҳси олимони соҳа
15:58
Масъалаҳои ҷарроҳии кӯдакон – мавзӯи баҳси олимони соҳа
Масъалаҳои ҷарроҳии кӯдакон – мавзӯи баҳси олимони соҳа








  Конфронси илмӣ - амалии ҷарроҳии кӯдакон дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди ҷарроҳии кӯдакон», ки  бо иштироки беш аз 30 нафар намояндагони кишварҳои хориҷӣ, баргузор гашт, ба 85- солагии узви вобастаи академияи улуми Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор шодравон Пулодов Аъзам Тоирович бахшида шуд.
  Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишгоҳ профессор У.А.Қурбонов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки  талошу кӯшишҳои ҷарроҳони бемориҳои кӯдакона ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ дар донишгоҳ ва берун  аз он сол то  сол вусъати тоза пайдо мекунад. Конфренсияи имрӯза низ далели он аст, ки масъалаҳои мубрам дар ин соҳаи тибби муосир диққати муҳаққиконро беш аз пеш ба худ ҷалб менамояд. Таи солҳои охир дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакона пешравиҳои зиёде дар самтҳои таълим ва тарбияи донишҷӯён, инчунин табобати беморон ба назар мерасанд. Дар кафедра курсҳои такмили ихтисоси баъдидипломӣ дар шохаҳои гуногуни ин соҳаи мураккаби илми ҷарроҳӣ ба монанди: масъалаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон; ҷарроҳиҳои узвҳои қафаси сина; масъалаҳои актуалии ҷарроҳии навзодон; масъалаҳои актуалии урологияи кӯдакона ва инчунин, курси такмили ихтисоси анестезиология ва реаниматологияи кӯдакона ба роҳ монда шуд, ки дар ин курсҳои номбаршуда алакай мутахасисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳсил намуда донишу малакаҳои худро баланд бардошта истодаанд. Дар хотима, У.А.Қурбонов меҳмонони конфронсро  «хайрамақдам» гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки дар ҳамоиши илмӣ дар робита  бо иштироки ҳамкорони хориҷӣ ба ҳалли бисёр проблемаҳои муҳими соҳаи ҷарроҳии кӯдакон роҳи роҳи васеъ кушода, ҷиҳати рушду равнақи ин риштаи муҳими илми тибби муосир шароиту имкониятҳои тоза муҳайё мегардонад.
  Дар ҷаласаи пленарии конфронс ҳамчунин, С.Б.Ҷобирова- муовини Вазири Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н.Ф. Файзуллоев - Президенти академияи илмҳои тибби ВТ ҶТ, А.Ю.Разумовский – мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТР,  А.Е. Машков– роҳбари шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишкадаи илмӣ-татқиқотию-клиникии вилоятии Москав , В.И.Петлах - роҳбари шӯъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдаконаи Донишкадаи илмӣ-татқиқотии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳри  Москав, В.Г.Багаев- ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷарроҳии фаврӣ ва шикастабандии кӯдаконаи шаҳри Москав, А.Т.Ҷумаев-ҷонишини директори шӯъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи Маркази миллии ҳифзи модару кӯдаки Қирғизистон ба сухан баромада, оид ба рушду нумӯи ояндаи ҷарроҳии кӯдакона фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
   Дар рафти конференсия 30 маърӯзаи илмӣ муҳокима шуда, дар рӯзи дуюми он мутахассисони бемориҳои кӯдакона дар ҳамдастӣ бо шарикони хориҷӣ якчанд амалиёти мушкили ҷарроҳии кӯдаконаро муваффақона анҷом доданд.
Категория: Новости | Просмотров: 650 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия