• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июнь » 4 » Машъале дар дасти замон
12:07
Машъале дар дасти замон
Машъале  дар дасти замон
Хушқадам Қурбонович Қамариддинов- д.и.т., профессор 80 сола  шуд.




  Профессор Қамариддинов чун омӯзгор ва олими варзида, бо тозакориҳои  хеш дар соҳаи тибби тоҷик шӯҳрати хоса пайдо кардааст.  Ӯ солҳои панҷоҳуми асри гузашта, пас аз хатми донишгоҳи тиббӣ фаъолияти пизишкии худро оғоз намуда ва бо назарҳои  тоза ба майдони илми тиб қадам ниҳода ва ба шӯҳратёр шудани тибби тоҷик саҳм гузоштааст.
  Таҷлил аз 80-умин солрӯзи ин духтури хизматнишондодаи Тоҷикистон, аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ,дорандаи ҷоизаи ба номи У.Н.Павловский, д.и.т., профессор Х.Қ.Қамариддинов 31 майи соли ҷорӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибини Сино доир гардид.  Дар баргузории ҷашни зодрӯз, ки дар толори Синои донишгоҳ мегузашт, Салимов Нусратулло Файзуллоевич- вазири тандурустии Тоҷикистон, Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич- ректори донишгоҳи тиббӣ, Илолов Маҳмадшо Илолович-президенти  АИ ҶТ,  Файзуллоев  Нусратулло  Файзуллоевич- президенти АИТ ВТ, Темуров  Абумуслим Амирович- сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳузур намуданд.
  Профессор  Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич, ректори ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино  бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз  намуда, соҳибҷашнро бо солгарди валодаташ табрик намуд.  Профессор Қурбонов дар баромади табрикотии хеш бо ишора ба фаъолятҳои пурсамари ин олими маъруфи тоҷик,  гуфт ки Хушқадам Қурбонович ҳамчун дастпарвари сазовори Донишгоҳи тиббии ҷумҳурӣ , муаллифи беш аз 250 асару мақолаҳои илмӣ, 18 тавсиянома ва 9 пешниҳоди навоварона мебошад. Ӯ саҳми мавсуфро, чун мураббии меҳрубон,  дар тарбияи як  катор олимони ҷавон хеле босазо арзёби намуд. Ба таъкиди ректори донишгоҳ,  Хушқадам Қурбонович, бахусус дар бартараф намудани манбаъҳои сироят аз бемориҳои сироятӣ,  чун лептоспироз ва вабо,ки ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта дар як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хуруҷ намуда буданд,  маҳорат  ва тавонмандии хоса нишон дода, дар роҳи пешгирӣ аз ин бемориҳо саҳм гузоштааст.
  Дар маҳфили бузургдошт аз зодрӯзи устод Қамариддинов  Салимов Нусратулло Файзуллоевич, вазири тандурусти  Тоҷикистон, Талбов Саидолим Зарипович, сармутахассиси бемориҳои сироятии Раёсати тандурустии Ҳукумати ш.Душанбе ва дигар аз меҳмонони ҳузурдошта бо суханони табрикӣ ва  баёни зиндагиву фаъолиятҳои илмӣ- тадқиқотии корманди ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Х.Қ.Қамариддинов  баромад намуданд.
  Қамариддинов Хушқадам Қурбонович солҳои зиёд раиси ҷамъияти илмии духтурони бемориҳои сироятии Тоҷикистон ва аз соли 1985 то соли 2008  сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ маҳсуб мешуд. Устод Қамариддинов бо унвонҳои «Духтури хизматнишондодаи Тоҷикистон», Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловский, медали «Ветерани меҳнат» ва дигар мукофоту ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Категория: Новости | Просмотров: 875 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия